Айёми ҷавонӣ ҳар кас дар дил орзуе мепарварад. Ба касе ё қаҳрамонони филму китобҳои дидаву хондааш мехоҳад монанд шавад. Ҷавонон бештар аз пайи тақлид мешаванд. Ин бадӣ надорад, агар он амали неку хайр бошад.
Аҳлиддини ҷавон ҳам ҳангоми мактабхонӣ ҳаваси касбе намуд, ки минбаъд ҳамқадами ҳаёташ гардид. Ӯ пайраҳаи ҳунареро интихоб намуд, ки барояш шинос набуд, аммо аз мушкилию душворӣ наҳаросид. Қатъӣ, устувор қадам гузошт ва ин пайраҳа ӯро ба ҷодаи ҳунар, қуллаи мурод расонид.
Аз ӯ мепурсам, ки нахустин расми гирифтаашро ба хотир дорад?
- Аввалин сурати гирифтаам шогирдона буд ва соли 1967 дар маҷаллаи «Машъал» бо номи «Бинокорони оянда» чоп шуд. Кӯдакон бо экскватору мошинчаҳои худ хоначаҳо месохтанд, чунин мазмун дошт матни сурат. Он баҳои баланд гирифт, — мегӯяд Аҳлиддин Исоев.
Дигар аксҳои ӯ роҷеъ ба рафти таълиму тарбия аз мактаби миёнаи №64 ба номи Садриддин Айнии ноҳияи Ленин (ҳоло Рӯдакӣ), ки он ҷо таҳсил мекард, дар рӯзномаи ноҳиявии «Ҳақиқат» чоп шуданд. Акнун Аҳлиддини ҷавонро дар мактаб ҳамчун мухбири суратгир мешинохтанд.
Ҳамин тариқ, соли 1970 баъди хатми Омӯзишгоҳи касбӣ-техникии рақами 49 ба ҳайси мухбири суратгир дар рӯзномаи «Ҳақиқат»-и ноҳияи Ленин (ҳоло Рӯдакӣ) шуруъ ба фаъолият намуд.
Баъди бозгашт аз хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ касби суратгириро идома дода, ба сифати суратгир дар Стансияи маркази натуралистони ҷавони шаҳри Душанбе, мухбири суратгири рӯзномаҳои «Комсомоли Тоҷикистон», «Тоҷикистони советӣ» (ҳоло «Ҷумҳурият») кор кардааст.
Ҳамкории Аҳлиддин Исоев бо рӯзномаи «Садои мардум» аз соли 2001 оғоз ёфт ва то имрӯз Аҳлиддин Исоев дар нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Садои мардум» фаъолият дорад.
Фаъолияти Аҳлиддин Исоев бахусус дар инъикоси кори ҷаласаҳои кумитаю иҷлосияҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон назаррас мебошад. Аксҳои гирифтаи ӯ аз ҷараёни фаъолияти Парлумони ҷумҳурӣ бо сифати баланди касбӣ ва дар муҳлати муайян бо дигар маводи зарурӣ дар саҳифаи рӯзнома чоп мешаванд. Қабул ва суҳбату вохӯриҳои Раиси Маҷлиси миллӣ ва Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони онҳо бо шахсони олирутба, сафирони мухтор ва фавқулоддаи давлатҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмиро низ Аҳлиддин Исоев аксбардорӣ менамояд. Метавон гуфт, ки ӯ аз уҳдаи ин кори пурмасъулият хеле хуб мебарояд.
Дар тӯли фаъолияташ маҳорати касбии худро сайқал дод. Чандин намоишгоҳҳои байналмилалиро аксҳои гирифтаи Аҳлиддин Исоев оро дода, сазовори баҳои баланд гардидаанд. Суратҳои ӯ дар фотовиставкаҳои байналмилалӣ «Объектив ва ҳаёт» (Москва, 1984), Испания, Ҳиндустон (соли 1989), шаҳри Душанбе (соли 2002) намоиш дода шудаанд. Соли 2007 дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ фотовиставкаи Аҳлиддин Исоев дар бинои СММ дар шаҳри Ню-Йорки ИМА ба намоиш гузошта шуд. Дар суратҳои ӯ дастовардҳои даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон дода шуда буданд. Дар фотоалбоми идонаи «Тоҷикистон», ки ба муносибати 15-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр шуда буд, 50 расми Аҳлиддин Исоевро ҷой доданд.
Аҳлиддин Исоев барои хизматҳояш бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотонида шудааст. Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, аълочии маориф, матбуот ва фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бо медали ҷашнии «100-солагии матбуоти тоҷик» қадрдонӣ шудааст.
Ба истиқболи 22-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Аҳлиддин Исоев унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон дода шуд.
Аҳли эҷоди рӯзномаи «Садои мардум» ҳамкори худ, корманди собиқадори матбуоти тоҷик Аҳлиддин Исоевро ба ин мукофоти давлатӣ табрик намуда, дар ҷодаи интихобнамудааш комёбиҳо орзу доранд.
Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»