Нақши шахсиятҳои барҷаста дар таърихи миллатҳову кишварҳо ҳамеша муассиру муфид будааст. Дар миёни онҳо касоне ҳастанд, ки мисли мунҷие боиси наҷоти миллате, сарзамине аз вартаи ҳалокату нобудӣ гаштаанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамин гуна шахсият аст. Ӯ дар замони мушкил ва барои миллати тоҷик хатарзо, ки имкони пароканда гаштанаш вуҷуд дошт, ба майдон омад, донишу хирад ва зиндагиро сарфи бақои он кард.
Дар бораи корнамоиҳои ин шахсияти барҷаста асарҳои илмиву публитсистии фаровон навиштаанд. Яке аз онҳо китоби «Эмомалӣ Раҳмон – пайвандгари гузашта, имрӯза ва ояндаи тоҷикон» — и профессор Равшан Раҳмонӣ аст. Ин китоб аз чордаҳ гуфтор иборат аст, ки ҳар кадоме дорои муҳтавои алоҳида аст. Дар муаррифиномаи китоб доир ба мазмуну муҳтавои он омада: «Дар китоб мақолаҳое гирд омадааст, ки оид ба сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба забон, таърих, фарҳанг, ки аз соли 1993 аз ҷониби сардабири маҷаллаи «Пайванд», профессор Р. Раҳмонӣ таълиф гардидааст. Муаллиф роҷеъ ба Паёмҳо ва гуфтаҳои Пешвои миллат сухан ронда, нақши Ҷаноби Олиро аз Иҷлосияи ХVI — соли 1992 то имрӯз ҳамчун сулҳпарвар, ваҳдатовар, пайвандгари тоҷикону форсизабонони ҷаҳон, ситоишгари забону таъриху фарҳанги ниёгон, васлгари гузаштаву имрӯзу ояндаи миллат ва кишвар нишон додааст».
Равшан Раҳмонӣ дар ҳар гуфтори китоб аз суханрониҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба мавзӯъ иқтибос оварда, ба шарҳу тафсири он пардохтааст. Масалан, дар гуфтори дуюми китоб, ки «Забон пайвандгари дирӯз, имрӯз ва оянда» ном дораду муруре ба китоби Сарвари давлат «Забони миллат-ҳастии миллат» мебошад, фармудаи зерини Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди арзёбӣ қарор мегирад: «Барои ман забони тоҷикӣ на танҳо воситаи гуфтугӯю муошират ба шумор меравад, балки болотар аз он, шиносномаи миллати азизам, рӯҳи поки гузаштагонам ва оинаи осори ниёконам мебошад. Аз ин рӯ, ман ба ин забони шевои шоирона сидқан арҷ мегузорам, бо ҳисси баланди ватандӯстӣ аз минбарҳои баланд бо ин забон сухан мегӯям, аз лаҳни шакарину дилнишинаш лаззати маънавӣ мебарам ва ҳастиамро бо ҳастии забонам пайванд дониста, ин гавҳари хушоб ва дурри ҷаҳонтобро пайваста ситоиш ва тарғиб менамоям».
Аз ин сатрҳо муҳаббати беандозаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба забони модариаш ҳувайдо мегардад.
Доктори илми филология Равшан Раҳмонӣ кӯшидааст китоби Сарвари давлат «Забони миллат – ҳастии миллат» — ро ҳамаҷониба арзёбӣ кунад ва аҳамияти бузурги маънавӣ доштани онро дар роҳи миллатсозӣ собит намояд. Ҳамин тавр решаи бунёдии забони тоҷикӣ, таърихи аз ҳамдигар ҷудо шудани забонҳои хонаводаи ҳиндуаврупоӣ, ба ҳам наздик будани забонҳои гурӯҳи эронӣ, хулоса сарнавишти забони тоҷикӣ мавриди арзёбӣ қарор мегирад.
Муаллиф дар гуфторҳои «Осоиш ва дониш беҳтарин неъмати дунёст», «Инқилоби маънавӣ аз хонишу дониш аст», «Паёми омӯзанда» оид ба Паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои 2015, 2019 ва 2021 фикру андешаҳои таҳлилиро дарҷ намудааст.
Зимни мутолиаи китоб хонанда бо шахсият, афкору андеша ва ҳастии пур аз фурӯғи Пешвои миллат ошно мегардад. Масалан, дар гуфтори «Пешвои миллат ва эҳёи суннатҳои наврӯзӣ» муаллиф кӯшидааст, нақши эҳёгарии Сарвари давлатро вобаста ба тамаддуни бостонӣ ва ҷашну маросимҳои миллӣ бо таҳлилҳои амиқ ба хонанда пешкаш намояд. Равшан Раҳмонӣ кӯшидааст ҳар сухане, ки мегӯяд бо далел собит созад. Вай ширкати бевоситаи Сарвари давлатро дар ҷашну маросим ва илҳомбахши баргузор кардани ҷашнҳои миллӣ будани Пешвои миллатро бо ҳарорат нақл мекунад.
Ҳамин тавр, муаллифи китоби «Эмомалӣ Раҳмон – пайвандгари гузашта, имрӯза ва ояндаи тоҷикон» роҳи тайкардаи Пешвои миллатро аз Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз бозгӯ намуда, мубориза ва қаҳрамониҳои ӯро баҳри эъмори давлати дунявию демократӣ баён месозад.
ВОРИС,
«Садои мардум»