Бо ташаббус ва талошҳои Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон соли 2015 чун Соли бузургдошти 700- солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба солномаи чорабиниҳои фарҳангии ЮНЕСКО дохил гардид. Рўзҳои 11- 12 ноябри соли 2015 дар шаҳри Ҳамадони Ҷумҳурии Исломии Эрон Анҷумани байналмилалӣ бахшида ба 700 — солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ баргузор гардид, ки дар он аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ректори Донишгоҳи давлатии Кўлоб ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ, профессор Абдулло Ҳабибулло, Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Ҳақназар Ғоиб, директори генералии Муҷтамаи ҷумҳуриявии осорхонаҳои Кўлоб Ҳотам Асозода, ходими калони илмии Осорхонаи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Раҷаб Асозода ва шоир Лутфи Хомўш ширкат доштанд.
Тайёраи мо роҳи ҳавоии Душанбе — Теҳронро дар дувуним соат паймуд. Парвоз дар баландии нуҳ километр сурат гирифт ва абрҳо поёнтар аз мо болои замин дар ҳаракат буданд. Ниҳоят, тайёра дар Фурудгоҳи байналмилалии ба номи Имом Ҳумайнии Теҳрон фуруд омад.
Дар фурудгоҳ моро кормандони масъули Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Зуҳуров ва Шокиров бо оқои Ҷалолӣ – яке аз кормандони масъули Донишгоҳи бузурги Ҳамадон — «Паёми нур» гарм истиқбол гирифтанд ва мо роҳи Теҳронро пеш гирифтем.
Мо баъди гардиши кўтоҳе дар шаҳри Теҳрон ва ба қавли маъмулӣ «як пиёла чой гирифтан» сўи Ҳамадон дар ҳаракат шудем. Роҳ то Ҳамадон 350 километр будааст, ки онро мусофирбари мо дар севуним соат паймуд. Азбаски роҳ ниҳоят ҳамвор буд, чандон хастагӣ ҳис накардем.
Ҳаммуаллифи ман дар ин мақола — устод Ҳақназар Ғоиб тўли роҳ гоҳ шеър мехонду гоҳ бо таронасароиаш хотири моро болида менамуд. Дар роҳи Ҳамадон мо аз канори шаҳри нисбатан тозабунёди Эрон — Сова гузаштем. Атрофи роҳ даштҳои беканор домани густурда доштанд. Ҳар куҷо деҳаҳои обод ва киштзору боғот низ ба назар намудор мешуданд. Дар даштҳои асосан беоб гандуми тирамоҳӣ кишт мешудааст. Анорзорҳои канори роҳ низ ҳар ҷо – ҳар ҷо ба чашм мерасид ва дар баъзе ҷойҳои мувофиқи сари роҳ мева, аз ҷумла анор ба фурўш гузошта шуда буд. Ба қавли оқои Ҷалолӣ, анор ва дигар меваҷот дар ин ҷо нархи арзон доштааст. Аз маҳсулоти кишоварзӣ себи заминӣ (картошка) низ арзон будааст. Ба қавли яке ҳамсуҳбатонамон, ки шояд тоҷир буд, агар роҳи оҳан то ин ҷо хобонида шавад, картошкаи арзонтаринро ба Тоҷикистон ворид кардан имкон дорад.
Ба шаҳри Ҳамадон расидем. Ҳамадон яке аз марказҳои маъмурии Ҷумҳурии Исломии Эрон буда, беш аз ду миллион нафар аҳолӣ дорад. Дар ин макон соҳаи кишоварзӣ, саноати сабук ва ҳунарҳои дастӣ ноил ба ривоҷи комил аст. Маҳсулоти заводи шишабарории он дар дохили кишвар ва берун аз он мизоҷи зиёд дорад.
Ҳайати моро дар Донишгоҳи «Паёми Нур», ки масъули ин чорабинӣ буд, ноиби ректори донишгоҳ оқои Зурофат бо дигар масъулони донишгоҳ истиқбол гирифтанд. Донишгоҳи «Паёми Нур» калонтарин донишгоҳ буда, беш аз 70 ҳазор толибилм дорад. Баъди суҳбат шабро дар меҳмонхонаи «Фарҳехтагон»-и донишгоҳ, ки шароити хуб дошт, гузаронидем. Ҳамадон ҳафт донишгоҳ дорад, ки дар ин миён донишгоҳҳои ба номи Фирдавсӣ, ба номи Сино ва «Паёми Нур» дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ва дигар мамлакатҳои ҷаҳон машҳуранд. Донишгоҳи ҳафтум Донишгоҳи «Озод» ном дорад, ки нисбатан навташкил аст ва мо дар он ҷо осорхонаи ниҳоят аҷибашро тамошо кардем. Аз ҷумла намунаи хонаҳои қадимии Ҳамадонро дидем, ки ба хонаҳои 80 сол пеши Кўлоби худамон монандӣ дорад. (Аз ҷумла дегдону дегдонча, намунаи сабад ва табақҳои бо шулаш бофташуда ва дигар ашёи рўзгор). Дар гўшаи дигар намунаи сангҳои гуногуни Ҳамадон, сангҳои ороишӣ ва қиматбаҳо ба намоиш гузошта шудааст. Тамошои гўшаи зинда ва ҳайвоноти осорхона низ ҷолиб буд.
Мо яке аз китобхонаҳои донишгоҳро тамошо кардем, ки беш аз 15 ҳазор нусха китоб дошт ва дар он ҷо ба мо Энсиклопедияи бузурги советиро (Большая Советская Энсиклопедия) низ нишон доданд. Ректори донишгоҳ оқои Ғуломӣ дар дафтари кориаш бо мо доир ба фаъолияти донишгоҳ суҳбати пурмуҳтаво кард. Мо ба эшон туҳфаҳои бо худ овардаамонро тақдим кардем. Нишони ҷашнии — 70- солагии Донишгоҳи давлатии Кўлоб ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ, «Донишномаи Донишгоҳи Кўлоб» ва китобҳои тадқиқӣ ва таҳиявии ба Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бахшидаи Ҳотам Асозода ва падараш Раҷаб Асозода, китобҳои шоиронамон Ҳақназар Ғоиб ва Лутфи Хомўшро, ки бо дастгирии узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Кўлоб Амонулло Хайрулло ба муносибати 700- солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба хати форсӣ ба нашр расидаанд, барои аҳли донишгоҳ ҷолиб буданд.
Вохўрӣ бо аҳли илму адаби Донишгоҳи «Паёми Нур» низ ниҳоят хотирмон гузашт. Ин нишасти дўстиро ректори донишгоҳ оқои Сафоӣ ифтитоҳ намуд. Ў ва оқои Ғуломӣ меҳмони кўлобиҳо шуда буданд. Ў моро ба роҳбарияти донишгоҳ ва олимони фарҳехтаи он шинос кард. Дар навбати худ мо аз фаъолияти бисёрсоҳаи донишгоҳ суҳбат карда, ба ректори Донишгоҳи «Паёми Нур» туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намудем. Хотирнишон гардид, ки аввалин ҷашнвораи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо ибтикори Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рўйхати чорабиниҳои фарҳангии ЮНЕСКО дохил карда шуд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон соли 2015 Соли бузургдошти Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ эълон шуд. Ба ин муносибат даҳҳо асарҳои тадқиқотӣ оид ба ҳаёт ва фаъолияти эҷодии орифи бузург ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ба чоп расид, ки бешубҳа, барои пешрафти илми ҳамадоншиносӣ ва филология саҳми бузург мебошад.
Бегоҳи рўзи 11 ноябр дар паҳлуи хиёбони Кўлоб — «Боғи Кўлоб» пайкараи барқади Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ифтитоҳ ёфт. Пайкара чунин сохта шудааст, ки гўё Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ аз роҳи дури таърихӣ баъди сафарҳои хеш ба Ҳамадон бозомадааст ва инро майли салом додан, даст пеши бар ниҳодан ва чеҳраи моил ба лабханддоштаи ў ифода мекунад.
Дар ҳамоиши ба ин муносибат баргузоргардида остондори Ҳамадон оқои Некбахт, шаҳрдори Ҳамадон ва дигар шахсони расмӣ сухан гуфтанд. «Боғи Кўлоб» ва пайкараи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар ҷои хушманзараи Ҳамадон, ҳампаҳлуи «Боғи Ирам» сохта шуда, атрофи онро гулҳавзи зебо ва гулҳои рангоранг оро додаанд. Дар соли ҷашнӣ боз ду мактаби дигар ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ номгузорӣ шудааст, ки мо аз онҳо низ дидан кардем.
Рўзҳои 11-12 ноябр дар Ҳамадон ҳамоиши илмии байналмилалӣ ба муносибати 700 — солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ баргузор гардид. Ҳамоиши мазкурро бо ҳидояти роҳбарияти Ҷумҳурии Исломии Эрон Донишгоҳи «Паёми Нур» баргузор кард. Яке аз донишмандони маъруфи эронӣ — оқои Шарифиён ин ҳамоишро оғоз бахшид. Дар ҳамоиш Имоми Фақеҳи Ҳамадон оқои Ғиёсиддин Тоҳо Муҳаммадӣ, узви Шўрои исломии Эрон аз Ҳамадон оқои Аҳмадӣ, остондори Ҳамадон Муҳаммадносир Некбахт, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Неъматулло Эмомзода, собиқ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оқои Шабистарӣ, ҳамадоншинос аз Ҷумҳурии Исломии Эрон Парвиз Азкойӣ ва дигар олимону донандагони осори Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ сухан карданд. Дар ҷамъомади дигари сернуфуз, ки беш аз ҳазор кас дар толори муҷтамаи Асадобод ҳузур доштанд, Ҳақназар Ғоиб ва Лутфи Хомўш шеърхонӣ карда, ба эҳтироми аҳли ҳамоиш ноил гардиданд.
Ҳамадон пойтахти таърихӣ ва тамаддуни қадимии Ҷумҳурии Исломии Эрон аст. Ҳамадон ин ҳамон Экботани қадим аст, ки дар он нишонаҳои шаҳри бостонии Модҳо бо осорхонаи он то ҳоло яке аз мавзеъҳои ҷолиби диданӣ мебошад. Экботан, ки калимаи паҳлавист, маънои «Ҳикматона»-ро дорад ва яке аз пойтахтҳои қадимии Эронзамин мебошад, ки бар асари носозгориҳои рўзгор ба харобазор мубаддал гаштааст. Ҳафриёти ин шаҳр таърихи қадимии Эронро бо тамаддуни ҷаҳониаш барои аҳли олам шиносонд. Харобазори шаҳри қадимӣ дар муҳофизати давлат буда, болои он пўшонида шудааст, то осори шаҳри гузашта эмин бошад.
Мо ба харобаҳои девор ва шаҳри зеризаминӣ назар карда, дар муқоиса Кўлоби 2700 — солаю харобаҳои Ҳулбукро пеши рў меовардем. Осорхонаи Экботан ва шаҳри қадимии модҳо макон ва манбаест, ки китобҳои таърихи бостони Эронро ҳикмати илмӣ ва сафойи бадеӣ бахшидааст.
Яке аз ҷойҳои дигари таърихии Ҳамадон «Ганҷнома» ном дорад. Ганҷнома, ки ба номи «Ҷангнома» низ шинохта шудааст, бо сабти ҳарфи мехии худ дар дунё машҳур аст ва дар он катиба — меросномаи шоҳаншоҳи даврони Ҳахоманишӣ Дороюш ва писараш Хишоёршоҳ навишта шудааст. Ин нишони он аст, ки ниёгони мо дар ин ҳавзаи маданӣ ва таърихӣ яке аз аввалинҳоанд, ки соҳиби хату савод будаанд. Дар катиба омадааст, ки «Аҳуромаздо маро шоҳаншоҳи тамоми кишвар кардааст ва сарзаминҳои зиёде дар ихтиёри ман аст…» (мазмуни мухтасар).
Мавзеи Ганҷномаро «Обшор» низ мегўянд ва ин ҷо яке аз зеботарин ҷойҳои хушманзара ва сабзу хуррами Ҳамадон аст. Аз баландии кўҳ обшор меояд ва баъд дар як маҷро ҷўйборчаеро ташкил медиҳад. Аз ин ҳамадониҳо манзараҳои зебое сохтанд, ки барои сайёҳону истироҳатгирандагон ҷоест диданӣ. Яке аз ҷойҳои дар дунё шуҳратдори Ҳамадон Ғори Алисадр аст. Ғори Алисадр кўли зеризаминиест, ки обаш ягон ҷонзод надорад ва аз 1 то 13 метр чуқурӣ дошта, сатҳи обаш на кам мешаваду на зиёд. Якчанд километри ин ғор барои саёҳат мувофиқ кунонида шудааст. Об ғорро ҳазору як намуд наққошӣ кардааст, ки онро бо даст ҳеҷ наметавон сохт. Ба тамошои ин ғор аз кунҷу канори дунё сайёҳон меоянд. Гирду атрофи ғори Алисадр бо усули навтарини меъморӣ барои истироҳат мувофиқ гардонида шудааст.
Дигар ҷойҳои таърихӣ — шаҳристони Асадобод ва муҷтамаҳои тафреҳи Асадобод, «Фоманин», «Санги варкона», Шаҳристони шаҳри Баҳори Лолачин, «Розон», муҷассамаи «Шери сангин», ки ёдгори замони ашкониён аст, Боғ-музейи «Дифойи муқаддас», масҷиди Эмомзода, Гумбади Алавиён, Оромгоҳи Абўалӣ ибни Сино, Оромгоҳи Бобо Тоҳири Урён, шаҳри қадимии модҳо ва ғайра мебошад. Ба мо муяссар гардид, ки ин мавзеъҳои таърихии шаҳри қадимии Модҳо ва Экботанро тамошо карда, ба зиёрати мақбараи Абўалӣ ибни Сино ва Бобо Тоҳири Урён мушарраф гардем.
Яке аз ҷойҳои зеботарину ободи Ҳамадон муҷтамаи тафреҳию саёҳатии Аббособод аст. Бегоҳи он ҳусну таровати хоса дорад, зеро аз ин мавзеи баландҷой, ки дар доманаи кўҳи Алванд қарор дорад, манзараи шаҳри ғарқи нур пурра намоён аст. Чароғҳои бари роҳе, ки сар то сари шаҳр шинонида шудаанд, ҳамчун ҳамели марҷонҳои нурин дар гардани арўс зебоянд.
Мо он чӣ гуфтем, ҳиссае аз қисса аст. Сафари Ҳамадон барои мо дар кўтоҳтарин фурсат даст дод. Дил мехост, ки дар кўчаҳои Ҳамадон бо ёди гузаштаю имрўзаи диёр боз чанде қадам занем, андеша кунем, андешаи дуру наздик. Қарор дода шуд, ки ҷиҳати густариши ҳамкориҳои илмию фарҳангӣ миёни Донишгоҳи давлатии Кўлоб ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ ва Донишгоҳи Бўалӣ Синои Ҳамадон лоиҳаи тафоҳумнома омода карда шавад. Ин имкон медиҳад, ки муносибатҳо миёни устодону донишҷўёни ин муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ вусъати бештар пайдо намоянд.
Субҳи 15 ноябр мо бо дўстони ҳамадонии худ хайрухуш карда, ба Фурудгоҳи байналмилалии ба номи Имом Ҳумайнии Теҳрон омадем. Дар фурудгоҳ моро намояндаи Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сангаҳмад Зуҳуров ва ёрони ҳамадонӣ- оқои Ҷалолӣ ва ронандаи хушзавқ гусел карданд.
Сафари мо ба диёри дўстон кўтоҳ буд. Вале он меҳре дар дили мо гузошта, ки зудуданӣ нест.
Абдулло ҲАБИБУЛЛО, ректори Донишгоҳи давлатии Кўлоб ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ, Ҳақназар ҒОИБ, Шоири халқии Тоҷикистон