Асари публисистие, ки бо номи «Паланги қуллаҳои барфпӯш» дастраси хонандагон гардид, китоби шашуми шоир, журналист ва нависандаи тозабаён Ворис Калонов мебошад. Онро КВД КТН «Шарқи озод»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр намудааст.
Кам иттифоқ меафтад, ки адиб ба китоб номи муносиб пайдо кунад. Ин аз ҳунари нависандагӣ ва неруи зеҳнии муаллиф гувоҳӣ медиҳад. Муаллиф кӯшидааст то ҳадде қаҳрамонашро хилқати ҳирфаӣ пӯшонда, таваҷҷуҳи хонандаро ба кору пайкори ӯ ҷалб созад. Муҳтаво ва мавзӯи китоб тавоноии рӯҳ ва зиндагии табиб, аввалин куҳнаварди тоҷикро, ки қуллаи осмонбӯси Исмоили Сомониро фатҳ кардааст, фаро гирифтааст. Сухан аз инсоне меравад, ки тавоною ҷасур буда, бар хилофи онҳое, ки дар синаи кӯҳ мезиянду по аз доманакӯҳ баланд намондаанд, иқдом мекунад. Баъди мутолиаи китоб кас ба хулоса мерасад, ки муаллиф дар ин ҷода сабку услуби хоса пайдо карда ва қаҳрамон бо ӯ қаробат доштааст.
Вижагии асар, дар он аст, ки муаллиф тавонистааст воқеаҳоро дар душвортарин лаҳзаҳо ба риштаи тасвир кашида, хонандаро ба нозукиҳои куҳнавардию наҷотдиҳӣ ва кайфияти ин пеша ошно созад.
Интихоби мавзӯъ ва диди нависанда дар адабиёти даврони Истиқлолият падидаи нав аст, чунки кам иттифоқ афтода буд, ки сокинони маҳаллӣ ба куҳнавардӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда бошанд. Қаҳрамони асар, ки посбони тамрингоҳи куҳнавардон буда, домони андешаҳояш фарох аст, мегӯяд:
- Ту ягона тоҷике ҳастӣ, ки то ин дам дар ин тамрингоҳ мебинам. Маҳорати куҳнавардиро хуб аз худ кун. Ба бародарони рус нишон деҳ, ки тоҷик чӣ қудрату ҳунари модарзодӣ дорад.
Ҳодисаҳо асосан дар чор макон — кӯли афсонавии «Искандаркӯл», НБО-и «Норак», Сағирдашт ва қуллаи Боми Ҷаҳон иттифоқ афтодаанд.
Махсусияти асар он аст, ки ҳангоми инъикоси манзараҳо ва бозгӯйи ҳаводис аз масал таркибу ибораҳои рехта, ба монанди «ба ақли худ суҳбат кардан», «забони шикоят кушодан», «духтарро таги чашм кардан», «сайр ҳам сайр саргардонӣ ҳам сайр», «хокро аз хокҷойи баланд гирифтан»… васеъ истифода шудааст.
Махсусияти дигари асар ин аст, ки воқеаҳои гузаштаи на чандон дури таърихро пеши назар меоранд. Барои мисол, «Ҷилваи сиёҳи зимомдорони вақт», «фоҷеаҳои солҳои сиюм», «таъқибу истинтоқи диндорон», «дарду доғи солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ», «маъракаи оммавии пахтачинӣ», ки барои хонандаи имрӯз то андозае ҳайратангез аст.
Ишқи кӯҳ қаҳрамони асарро ором намегузорад. Забони барфу бӯрону сангро медонад. Худро дар фарози қуллаҳо озод, бардаму солим ҳис мекунад. Ҳафтаҳо дар хаймаҳои даруни барф хоб меравад. Ҳатто миҷозу хӯи палангӣ дорад, тавонорӯҳ аст. Аз ин сабаб муаллиф номи китобро «Паланги қуллаҳои барфпӯш» номгузорӣ кардааст.
Абдухолиқ МИРЗОЗОДА,
«Садои мардум»