«Парасту — 2021» «Бол» кушод

№68-69 (4330-4331) 22.05.2021

чмммчБо ибтикори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 80-солагии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ато Муҳаммадҷонов, моҳи равон дар шаҳри Душанбе Фестивал — озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту — 2021» баргузор мегардад. Зимни маросими ифтитоҳи он, ки 19 май дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор гардид, муовини якуми вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Обид Назариён меҳмонон ва иштирокчиёнро бо оғози ҳамоиши зебои фарҳангӣ табрик гуфта, ба довталабон муваффақият таманно намуд. 

Таъкид гардид, ки ҳадаф аз баргузории чорабинӣ рушди драматургияи миллӣ ва санъати театрии мамлакат, таҳияи асарҳои баланд­ғояи ватанӣ, баланд бардош­тани сатҳи маҳорати касбии коргардонҳо, ҳунармандон, рассомон, бастакорон, ҳисси ифтихори ватандӯс­тию ватанпарастӣ, анъанаҳои хуби таърихию фарҳангист.

Дар фестивал-озмун 11 театри касбии ҷумҳурӣ ширкат варзида, беҳтарин асарҳоро, ки тайи солҳои 2019-2021 рӯи саҳна овардаанд, намоиш медиҳанд.

Қобили зикр аст, ки дар доираи баргузории фестивал-озмун доир намудани ду суҳбати гирди миз дар мавзӯъҳои «Ато Муҳаммадҷонов — арбоби барҷастаи санъати касбии тоҷик» ва «Вазъи кунунии театрҳои Тоҷикистон» низ дар назар аст.

Тавре маълум аст, Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту-2021» анъанавӣ буда, дар ду сол як маротиба баргузор мегардад. Имсол ба он намоишномаҳои «Булбули Хуҷанд»-и Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи К. Хуҷандии шаҳри Хуҷанд (муаллиф Т. Озарахш, таҳиягар С. Шехов), «Макбет»-и Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон ба номи М. Қосимов (аз рӯи асари В.Шекспир ва А.Фирдавсӣ, таҳиягар Ф. Қосимов), «Гунҷишкакон ҳам механданд»-и Театри давлатии ҷавонон ба номи М. Воҳидов (таҳиягар К. Мирзоев), «Лаъли Бадахшон»-и Театри мусиқӣ — мазҳакавии ба номи М. Назарови шаҳри Хоруғ (муаллиф Ҷ. Қуддус, коргардон У. Хусравов) ва «Фариштаи наҷот»-и Театри давлатии ӯзбекии драмавӣ-мусиқии ба номи Ш. Бурҳонови ноҳияи Спитамен (муаллиф У. Усмонов, таҳиягар Т. Тоҷибоев) пешниҳод гардидаанд.

Намоишномаи нахустин – «Булбули Хуҷанд» пас аз анҷоми маросими ифтитоҳи фестивал-озмун пешкаши ҳаводорони санъати театрӣ гардонида шуд. Намоишномаҳои дигар дар толорҳои Театри таҷрибавии тамошобини ҷавони ба номи М. Қосимов, Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи А. Лоҳутӣ, Театри давлатии ҷавонон ба номи М. Воҳидов ва Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ намоиш дода мешаванд.

Суҳбати гирди миз таҳти унвони «Ато Муҳаммадҷонов – арбоби барҷастаи санъати касбии тоҷик» 22 майи соли равон, дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад.

Ҳамоиши фарҳангӣ то 25 майи соли равон идома меёбад.

Н. НИЗОМӢ,

«Садои мардум»