Парчам

№144-145 (4727-4728) 24.11.2023

 Дар домани бирешумии парчами Ватан,

Рози ба ҳам танидани нахҳои ҷони мост.

Он рангҳо — салосаи сурху сафеду сабз,

Таърихи мо, ҳамосаи мо, достони мост.

Бо пояи баланд,

Ойинадори қомати насли ҷавони мост.

Дар рӯзгор — сабқати манзумаофарин,

Ин мисраи баланд,

Сар барзада зи сафҳаи табъи равони мост! 

Дар вожае асолати мо гар муҷассам аст,

Он вожа парчам аст! 

Боғи муаллақе,

К- аз ранги сабз об хӯрад навбаҳори ӯ,

Хандад шукуфаҳои сафед аз канори ӯ,

Чун лаъли сурх ҷилва кунад лолазори ӯ,

Паҳнои парчам аст.

Тоҷаш ба мисли гул буваду ҳафт ахтараш

Монанди ҳафт қатраи зебои шабнам аст. 

Сайри қадаш зи мард шуҷоат кунад талаб,

Авсофи ӯ зи фард фасоҳат кунад талаб.

Ҳуснаш зи чашм дарси назокат кунад талаб,

Меҳраш даруни сина масоҳат кунад талаб.

Ин рамзи бас шариф шарофат кунад талаб,

Озодагию фазлу наҷобат кунад талаб. 

Мо қадди худ ба парчами худ поя мекунем,

Бар офтоб бурдаву ҳамсоя мекунем! 

Боз ой, эй рафиқ,

К- аз ҳиммати баланд ба худ болу пар кунем,

Бар кибриёи бахту саодат сафар кунем.

Ҷуз ҳафт хон нест раҳи ҳафт осмон,

Бархез, то ҳамосаи парвоз сар кунем! 

Парчам сутуни боми тавонмандии кас аст,

Ӯ ифтихорзост, ҳамин як сухан бас аст!

Озар САЛИМ,

Шоири халқии Тоҷикистон