Истиқлолият дар таърихи давлатдории навини тоҷикон ва сарнавишти миллати тоҷик оғози марҳилаи сифатан нав гардида, барои шинохт ва дарёфти арзишҳои тамаддуну фарҳанги миллӣ заминаи устуворро фароҳам овард. Марҳилаи навин зарурати омӯзиш ва таҳқиқи амиқу ҳамаҷонибаи арзишҳои таърихиву фарҳангии чандинҳазорсолаи миллатро дар пояи воқеияти таърих ба миён гузошт. Ҳар як халқу миллат бояд аз таърихи гузаштаи худ, бахусус аз арзишҳои миллии давлатдорӣ ва муқаддасоти давлатдории он, огоҳ бошад ва бо онҳо ифтихор намояд.
Наслҳои нав бояд таърихи гузаштаи худро, ҳамон тавре ки ҳаст, донанд, зеро ба маърифати таърихӣ, маънавиёти пурғановати гузашта ва анъанаву суннатҳои дар тӯли ҳазорсолаҳо ташаккулёфтаи халқ такя намудан асоси муваффақият мебошад. Истиқлолият беҳтарин неъматест, ки дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи халқи мо насиби наслҳои имрӯза гардидааст ва он имконияти озоди омӯзиши таърихи миллатро фароҳам овардааст.
Дар арафаи таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ оид ба таърихи пайдоиши Парчами давлатӣ бо мудири шуъбаи таърихи муосири Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии АМИТ, номзади илмҳои таърих Абдулло Ғафуров ҳамсуҳбат шудем.
-Аз адабиёти таърихии пурғановати халқи тоҷик маълум мегардад, ки Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи давлатдорӣ на танҳо барои барафрохтан, балки ҳамчун муқаддастарин сармояи давлат арзиш доштааст. Дар давраҳои гуногуни таърихӣ мақому манзалати парчам зиёд гардида, он ҳамчун нишонаи нангу номус, ифодагари ҳастию пояндагии давлат ва арзишмандтарин боигарии давлатдорӣ будааст. Дар ҳама давру замон ҷои парчам дар сафи пеш, дар боло буда, он аз матои зебою нафис сохта шуда, тартиби истифода, нигоҳдорӣ ва супориданро доштааст. Парчамбардор мансаб буда, ба он шахсе интихоб мешудааст, ки дорои ҷуссаи тавоно ва ғайрату матонати мардонагӣ дошта бошад. Ҳангоми набардҳо парчамбардор аз ҳар ду тараф дорои статуси махсус дошта, аз натиҷаи набардҳо, аз ҷумла пурра ғолиб ё мағлуб шудан аз ишораи онҳо тавассути боло ва поён намудани Парчам муайян карда мешудааст,- гуфт А. Ғафуров.
Парчам дар таъриху тамаддуни миллати куҳанбунёди тоҷик мақоми арзандаро доро буда, як ҷузъи муҳими таъриху фарҳанги миллати тамаддунсози тоҷик ба шумор рафта, ҳамчун ливои озодӣ ҳанӯз то ҳуҷуми арабҳо ва густариши ислом дар байни аҷдодони тоҷикон маълуму машҳур буд.
Ҳанӯз дар асрҳои III-II пеш аз милод қабилаҳои ориёинажод соҳиби рамзи худ, ки онро «Меҳроб» ё «Фарри ориёӣ» меномиданд ва он рамзи хуршед, офтоб, покизагию нишонаи абадият буда, ишораест ба чаҳор унсур-хок, об, оташ ва ҳаво.
Эҳтироми волои парчам аз замонҳои қадим дар ёддоштҳо ва сарчашмаҳои таърихӣ дида мешавад. Аз ҷумла, доимо боло ва рост будани парчам, дар дасти шахси муътабару ғаюр будани он, ҷои махсуси нигоҳдорӣ доштан, аз беҳтарин матоъ тайёр шудан, дар сафи пеш будан, дар болои мизи аҳли ҳунару давлатдорон будан ва дар васфаш шеъру суруд хондану доимо ситоиш намудани он эҳтироми хоса арзёбӣ мегардад.
Эҳтироми хоса ба Парчами давлатӣ дар замони истиқлолияти Тоҷикистон имкон дод, ки дар баробари дигар рӯзҳои таърихӣ Рӯзи Парчами давлатӣ ҷашн гирифта шавад. Парчами давлатӣ имрӯз, пеш аз ҳама, боарзиштарин муқаддасоте мебошад, ки боло аз ҳама дастовардҳо ва боигарии миллӣ дар баландии 165 метр қад афрохтааст. Дар ҳақиқат боло бардоштани Парчами давлатӣ ва намудор шудани он аз ҳамаи гӯшаи пойтахти давлати тоҷикон ба боло рафтани ҳисси миллӣ ва худшиносии миллӣ мусоидат менамояд.
Тибқи талаботи қонунгузории амалкунанда муқаррароте оварда шудааст, ки он низ сарчашма ва асоси таърихӣ дошта, мероси гузаштагони мо дар самти эҳтиром ба Парчами давлатиро ифода мекунад, ки муҳтавои он чунин аст: «Эҳтироми волои парчам ифтихори миллии ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар ҳама ҳолат ба Парчами давлатӣ бояд тавре муносибат намоем, ки нисбат ба он беҳурматӣ зоҳир нагардад».
Вобаста ба парчамбардории давлатҳои абарқудрати ниёгони мо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд кардаанд[1]: «Ҳанӯз дар ливои Куруши Кабир тасвири уқоб, ки нишонаи қудрату тавоноист, нақш гардида буд, ки он парчам рамзи як давлати неруманди замона ба ҳисоб мерафт. Ҳамчунин метавон аз ливои Коваи оҳангар ёдовар шуд, ки нишонаи равшани меросияти муборизаву ҷоннисориҳои ниёгони мо мебошад».
Шоҳномаи безаволи Фирдавсӣ, ки намунаи осори барҷастаи ватандӯстию тарғибгари некию мардонагист, аз муборизаи ин қаҳрамони миллии халқи тоҷик ёдовар мегардад. Коваи оҳангар, ки дар қатори мардуми осоишта ба меҳнати ҳалолу покиза сарукор дошт, ба зулми тоқатнофарсои замона тоб наоварда, пешдомани чармини худро дирафш кард ва халқи ситамдидаро ба мубориза даъват намуд. Маҳз ҷолибият ва бузургии парчами халқи тоҷик аз ин давра намудор мегардад. Замоне ки парчами кова боло шуд, онро ҳамагон «дирафши ковиёни» номиданд ва муборизаи онҳо танҳо муборизаи озодихоҳӣ буд. Аз он айём сар карда, Парчам чун рамзи озодӣ, давлатдорӣ миёни аҷдоди мо қабул ва шоистаи парастиш қарор дорад. Дирафши ковиёни аз чарм буда, аз се ранг, сурх, зард ва бунафш иборат буд.
Муқаддас будани парчам дар он зоҳир мегардад, ки инсоният онро ҳамчун ливои озодӣ барои амалӣ намудани мақсаду ормонҳои худ дар ҳар давру замон барои мубориза баҳри ҳаёти осоишта, баробарию баробарҳуқуқӣ ва таъмини адолат баланд мебардошт.
Дар зери парчам мардуми ориёитабор на танҳо империяҳои абарқудратро, ба монанди Ҳахоманишиёну Ашкониён ва Сосониёну Сомониён ба вуҷуд оварда, низоми тавонманди идоракунии давлатиро созмон доданд, ҳамчунин аввалин ҳуҷҷати ҳуқуқии аҳли башар, ки дар таърих бо номи «Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир» маълум аст, ба оламиён муаррифӣ намуданд.
Ҳангоми ковишҳои бостоншиносон дар Панҷакенти қадим ва Бунҷикат, маркази Истаравшан, деворнигораҳое ёфта шудаанд, ки дар он парчами Суғдиён дида мешавад. Он аз чарм буда, ранги сурх ва дар интиҳояш ду забонаи зардранг дорад. Парчами Бохтариён бошад, ранги сурх дошта се забонаи зардранг ва тасма дорад.
Абдулло Ғафуров дар идомаи суханонаш гуфт, ки дар давраи Сомониён низ мирони Хуросон дирафш ва парчами худро барафрӯхтанд. Баъди аз даст рафтани ҳокимияти сиёсӣ парчами ягонаи миллии тоҷикон то соли 1924 ба назар намерасад. Ҳангоми шӯришҳои халқӣ Маҳмуди Торобӣ ва Сарбадорон парчамҳои худро партавфишон карда буданд Баъди аз байн рафтани Аморати Бухоро (1920) дар ҳудуди Бухорои шарқӣ Ҷумҳурии Халқии Советии Бухоро (1920-1923),баъдан Ҷумҳурии Советии Сотсиалистии Бухоро ташкил ёфт, ки парчами худро дошт.
Соли 1924 баъд аз ташкил ёфтани Ҷумҳурии Автономии Советии Сотсиалистии Точикистон Парчами миллӣ аз нав эҳё карда шуд. Соли 1929 пас аз ташкил шудани Ҷумҳурии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон парчами нав қабул гардид, ки соли 1953 аз нав таҳрир карда шуд.
Пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва соҳибистиқлол гардидани ҷумҳуриҳои он боис шуд, ки ҳар давлати мустақил парчами худро қабул кунад. Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол аввалин маротиба дар Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 -уми ноябри соли 1992 қабул карда шуд. Он яке аз рамзҳои муҳими истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад.
29 -уми октябри соли 2009 дар конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ бахшида ба таҷлили 15-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми наҷибе пешниҳод гардид, ки 24 -уми ноябр Рӯзи Парчам эълон карда шавад ва ҳар сол он ҷашн гирифта шавад. Бо мақсади амалӣ намудану асоси ҳуқуқӣ бахшидан 3-юми ноябри соли 2009 ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳури Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид ва 19 -уми ноябри ҳамон сол Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон онро тасдиқ кард. Ин иқдоми наҷибу нек идомаи сиёсати созандагиву бунёдкоронаи Ҳукумат ва давлати Тоҷикистон буда, аз ҳар як сокини кишвар, ҳисси баланди ватандӯстӣ ва дарки масъулиятро тақозо намуда, насли ҷавони имрӯзаро дар рӯҳияи баланди хештаншиносиву меҳанпарастӣ ва арҷгузорӣ ба суннатҳои волои давлату давлатдорӣ ва эҳтирому қадршиносӣ ба рамзҳои давлатӣ тарбия менамояд. Зеро Парчами давлатӣ, Нишон, Суруди Миллӣ рамзҳои асосии давлат ва муҳимтарин идеалҳои сиёсӣ ба шумор рафта, воситаи тарғибу ташвиқи мақсад ва нишонаи соҳибистиқлолии ҳар як давлату миллат мебошанд.
Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо асоси давлатдории навинро гузошт, балки рамзҳои асосии давлати куҳанбунёду тозаистиқлоли тоҷиконро 24 -уми ноябри соли 1992 қабул намуд.
Ранги сурх дар Парчам ҳамчун рамзи мубориза ва ҷоннисориҳои халқ баҳри озодӣ ва истиқлолият ифода ёфтааст. Зеро дар тасаввуроти аҷдодони мо ранги сурхро ҳамчун рамзи шуои офтоб, ки оламро мунаввар месозад, рамзи равшанию рӯсурхӣ парастиш меёфт ва парчами моро ба дирафши Коваёнӣ мепайвандад, ки он ҳам ранги сурх дошт. Ранги сафед рамзи бахту иқболи сафед, покизагӣ ифода ёфтааст, ки дар гузашта ҳамчун рамзи тозагӣ, рамзи ҳаёт ва абадият ва заволи зулматро ифода мекард. Ранги сабз нишонаи саъю кӯшиш ва заҳмату меҳнати сокинон баҳри сарсабзу хуррам гардонидани Ватан ифода ёфтааст, ки дар гузашта маънои рамзи зиндагӣ ва сарсабзиро дошт.
Вобаста ба акси тоҷ ва ҳафт ситораи Парчами давлатӣ бояд қайд намуд, ки он низ дар фарҳанг ва тамаддуни мо решаи тӯлонии таърихиро дорост. Акси тоҷ дар Парчами миллӣ маънои соҳибдавлатӣ ва анъанаҳои бузурги давлатдории куҳанро ифода мекунад, зеро тоҷикон аз қабили он миллатҳои тамаддунофаре мебошанд, ки давлатҳои шукӯҳмандро ба майдони таърих овардаанд ва ҳақ доранд, ки имрӯз худро як халқи ифтихорманду тоҷдор бидонанд. Аз ин лиҳоз, акси тоҷ дар Парчами миллӣ аломати ифтихори миллӣ буда, азму ирода дар роҳи устуворӣ бахшидан ба давлати миллист.
-Дар масъалаи ҳафт ситораи Парчами давлатӣ бояд зикр намуд, ки шумораи ҳафт дар ҷаҳонфаҳмии мардуми мо шумораи бахосият ҳисобида шуда, маънии он моҳияти олами ҳастиро ифода мекунад. Чунончи, ҳафт иқлим, ҳафт сайёра, ҳафт қабати ҳаво, ҳафтсин, ҳафтшин, ҳафт рӯзи ҳафта, ҳафтпайкар, ҳафтдодарон, ҳафтахтар, ҳафтрӯд, ҳафтавранг ва ғайра. Аз ин рӯ, зинатбахшии Парчами давлатӣ гардидани тоҷ ва ҳафт ситораи пурасрор боиси ифтихори миллӣ мебошад, — гуфт дар охир Абдулло Ғафуров.
Суҳбаторо Муҳаммад ЗОКИР,
«Садои мардум»