Парчам — намоди ғурур ва амнияти миллӣ

№148 (4568) 29.11.2022

DSC_896Парчамҳои кишварҳои дунё нишона аз он ҳастанд, ки одамон ба ин ё он ҷомеа, сарзамин ё миллат тааллуқ доранд ва соҳиби ақоид, аҳдоф, қавонин ва муқаррароти муштарак мебошанд. Парчам ва парчамдорӣ яке аз суннатҳои қадимии давлатдорӣ буда, таърихи хеле ғанӣ ва беш аз даҳҳазорсола дорад. Парчам намоди ғурур ва амнияти миллӣ аст. Илми мутолиаи парчамҳоро Ваксиллология (Vexillology) ном мебаранд.

Тибқи омӯзиши илми мазкур, оид ба парчамдории миллати мо далелҳои таърихии зиёд мавҷуданд, зеро нахустин парчамҳо дар Эрони бостонӣ, Хитой ва Мисри қадим ба вуҷуд омадаанд. Парчамро мардуми форснажод «дирафш» меномиданд ва аввалин дирафше, ки мо ба василаи асари безаволи Абулқосим Фирдавсӣ «Шоҳнома» аз таърихи он огаҳем, Дирафши ковиён ё Дирафши Кова аст.

Дар таърихи фарҳанги парчамдорӣ дирафш ё парчами Куруши Кабир низ мақоми хос дорад. Қабл аз ба подшоҳӣ расидани Куруш рӯи парчами мардуми ориёинажод гови болдор акс ёфта буд, бо зуҳури ҳукумати Куруш он нақш ба тасвири парандаи шикорӣ бо номи шаҳбоз тағйир ёфт, ки тибқи ривояте, он паранда ноҷии ориёиҳо мешавад.

Баъд аз ҳамлаи аъроб ба Хуросону Мовароуннаҳр 200 сол ҳеҷ нишонае аз дирафш ё парчами хос бо нақшҳои заррин боқӣ намонд, то он замоне ки сулолаи Ғазнавиён сари қудрат омаданд.

Аз сарчашмаҳои таърихӣ бармеояд, ки сулолаи Сомониён ҳам дорои парчами хос набуданд, зеро дар он давра тас­виргароӣ ва нигоргароиро қабул надоштанд, яъне тас­вири ­шаклу сурат дар китоб, деворҳо ва дар парчам қобили қабул набуд.

Ба истиноди таърих миллати тоҷик парчами Хонигарии Бухоро ва баъдан Аморати Бухоро то соли 1920, Ҷумҳурии Шӯравии Халқии Бухоро аз соли 1921 то соли 1924, Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон аз соли 1924 то соли 1929, Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикис­тонро аз соли 1929 то 9-уми сентяб­ри соли 1991 афрохтааст, ки ҳар яке намоде вобаста аз таърих, сохти давлатдорӣ ва идеологияи онро дошт.

Даврони парчамдории миллати тоҷик аз Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ то ба ҳол идома дорад ва он маҳз бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз ёфтааст. Парчами давлатии Тоҷикистон рамзи давлат буда, намоду рангҳои он аз фарҳанги қадимиву ғанӣ, орзуву ниятҳои миллати мо ҳикоят мекунад.

Сафедӣ бахту иқболи туву ман,

Бувад сурхӣ ҷилои хуни меҳан.

Ба ранги сабз рӯяд нахли ҳастӣ,

Самар ёбад ҳам аз мазмуни меҳан.

Дар Паёми шодбошиашон ба шарафи Рӯзи Парчами давлатӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд: «Парчами давлатӣ муаррифгари тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ ва мояи ифтихори мо ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳон мебошад. Парчами давлати соҳибихтиёри мо нишонаи таъриху фарҳанги бостониву пурғановати миллати тоҷик буда, ҳар як фарди ҷомеаро вазифадор менамояд, ки нисбат ба ин рамзи муқаддаси миллӣ эҳтиром ва арҷ гузорад. Воқеан, Парчами давлатӣ омили муайянкунандаи ҳувияти миллӣ ва тақвият пайдо кардани ҳисси милливу ифтихори ватандорӣ дар шуури ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа мебошад. Парчам рисолат ва неруи муттаҳидкунанда дорад, зеро он дарбаргиранда ва таҷассуми арзишҳои сиёсиву фарҳангӣ ва ғояву ҳадафҳои миллӣ мебошад».

Дар робита ба ин, вазифадорем, ки фарҳанги парчамдориро риоя намоем ва муқаддасот­ро воқеан ва комилан дӯст дошта, ба қадри он дар ҳама лаҳза бирасем. Бигузор ҷилваи Парчами давлатӣ дар фазои соҳиб­истиқлолии кишвар ҷовидона эҳсоси ватандории моро ба туғён биёварад, ифтихорамонро афзун ва садоқату эҳтиромамонро нисбат ба Тоҷикис­тон, Пешвои миллат ва муқаддасоти Ватан бардавом гардонад.

Муҷибахон ҶАВҲАРӢ,

вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон