Парчамбардори нусрати наврӯзӣ

№38 (4934) 20.03.2025

10Замин, Зан, зоиш ва зиндагӣ — чор мафҳуми азиме ҳастанд, ки Наврӯз аз онҳо оғоз мешавад. Пас боре аз худ пурсидаем, заминеро, ки дар он зиндагӣ мекунем, занро, ки модар, хоҳар, ҳамсар ва духтари мост, зоиш, ки таваллуд шудану рӯидан аст ва зиндагиро, ки Замин, Зан ва зоишро дар бар мегирад, то чӣ андоза мешиносем?

Мо ҳар сол мушоҳида мекунем, ки фаслҳо тағйир меёбанд, зимистон баҳор мешавад, тобистон ба тирамоҳ табдил меёбад. Магар мо ҳам фаслҳои зиндагии худро ташхис медиҳем? Аз ҳар фасли умрамон ба хубӣ баҳра мебардорем? Ҳар субҳе ба сӯи нав шудан, аз дигар эҳё гаштан, ба наврӯзи худ расидан иқдом менамоем?

Ниёкони мо ҳамеша талош меварзиданд, ки худро бишносанд, ҳақиқати зиндагиашонро дарёбанд. Онҳо ба табиат бо чашми мушоҳида менигаристанд, барои шинох­ти асрори он мекӯшиданд. Одамон ҳатто дар моқабли таърих барои худро эҳё сохтан, ба зиндагии шод расидан иқдомҳое менамуданд.

Дар устураҳо мехонем, ки ба бовари одамони қадим Одунес, эзади гиёҳон аст. Ин эзад модина аст, гулу гиёҳро мерӯёнад, дарахтону растаниҳоро месабзонад ва ба дунё хуррамӣ мебахшад, аммо дар фасли зимистон ин эзад мемирад ва сабаби аз байн рафтани гулу гиёҳон мегардад. Одамон ҷасади ӯро дар аввали Испандмоҳ ба дарё меандохтанд ва занон сиёҳ мепӯшиданду дар азои Одунес мешиштанд ва наҳвасароӣ мекарданд. Рӯзи дигар Одунес аз нав зинда мешуд ва ба борварӣ мепардохт. Мардум аз мотам мебаромаданд ва шодмонӣ менамуданд. Бо ҳамин эзади гиёҳон ҷаҳонро сабзу муаттар мекард.

Ин эзад, ки нафаси занона дорад ва рамзи зоишу рӯиш аст, зиндагиро нав месозад ва ба дилҳо фараҳ меорад. Одамони қадим дар симои ин худои борварӣ ба шинохти табиат расиданд ва аз шинохти табиат худро дарёфтанд. Онҳо ин пайғомро ба мо доданд, ки худро бишносем ва шод зистанро биёмӯзем.

Дар айёми Наврӯз намоиши бузурги гулу гиёҳ дар тамоми сайёраи Замин рух медиҳад. Эзади Замин, ки номаш Сипандормуз аст, нафас мекашад ва ишқро тавлид месозад. Аз ин ҷо маълум мегардад, ки Сипандормуз низ модина аст ва рамзи занонагӣ мебошад.

Абурайҳони Берунӣ дар «Осор-ул-боқия» менависад, ки Испанд панҷумин моҳи Сипандормуз (Замин) аст ва эрониёни қадим дар аввали ин моҳ рӯзи занро таҷлил месохтанд. Дӯшизагон аз падарону бародарон ва занҳо аз шавҳарони худ дар он рӯз туҳфаҳо мегирифтанд. Чун Испанд ба моҳи март рост меояд, басо бадеҳист, ки мо ҳам имрӯз Рӯзи Модар ва Наврӯзро дар ҳамин моҳ таҷлил мекунем.

Аз мисолҳои дар боло зикршуда маълум мегардад, ки Замин ва Наврӯз хосияти модинагӣ дошта, Модар ба ҳисоб мераванд. Яъне зоиш, рӯиш ва эҳё гаштан асли онҳост.

НАВРӮЗ ПАЙҒОМИ ХУДОГОҲӢ

Агар табиат ҳар сол худро нав месозад ва ин навсозиашро ба намоиш мегузораду он боиси борварияш мегардад, оё мо ҳам қадаме ба сӯи навсозии худ мебардорем, ки ба сӯи камоламон биравем? Мо чӣ боре бар дӯши худ дорем? Боре аз бадиҳо ё хубиҳо, сохтанҳо ё сӯхтанҳо?! Донистани ин чиз бароямон хеле муҳим аст, чунки дар огаҳӣ зистан моро аз ҷаҳолат наҷот медиҳад.

Хушбахтона, имрӯз дар ҷомеаи мо огоҳона дар худ фурӯ рафтан, худро шинохтан, нав сохтан, таваллуде дигар ёфтан ва ба Наврӯзи одамияту тараққии худ расидан қад алам кардааст. Парчамбардори ин шинохт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

Имрӯз андешаи он ки мо кӣ будем, аз куҷо омадаем, ба куҷо равонаем, дар зеҳнамон равшан мешавад ва аз мо посух мехоҳад. Мо то решаҳои худро нашиносем, таъриху тамаддуни худро ба дурустӣ наёмӯзем ва роҳи ояндаи худро муайян накунем, ба ҷое намерасем. Аз ин ҷост, ки бо дастури Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон китоби «Тоҷикон»-и академик Бобоҷон Ғафуров ва «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ нашр шуд, то ки мо бихонему бо худамон шинос шавем.

Вақте назаре ба рӯзгори ниёконамон меандозем, пай мебарем, ки Наврӯз сифати зотии онҳо будааст. Вақте Заҳҳоки мордӯш, ин неруи аҳриманӣ хост мағзи моро нобуд созад ва бо ҳамин васила тухми моро маҳв намояд, Коваи оҳангар қиём намуд, аҳриманро шикаст дод ва рӯзи сиёҳи мардумро ба рӯзи нав мубаддал сохт. Вақте арабҳо хостанд забони моро, ҳувияти моро ба нобудӣ расонанд, Яъқуби Лайс бархост, аз забону фарҳанги мо дифо кард. Дақиқиҳо, абуманусуриҳо, фирдавсиҳо бархостанд, таъриху забони моро эҳё намуданд. Сомониҳо барои мо дафтару девон сохтанд. Рӯдакиҳо омаданд бо шеър забони моро ба курсӣ нишонданд. Муғулҳои истилогар дар пеши тамаддуни мо сари таъзим фуруд оварданд. Ва дар асри бист:

Умри Айнӣ аз барои халқ сарфи хома шуд,

Халқи моро дафтари Айнӣ шаҳодатнома шуд.

Сарзамини мо худ аз осори ӯ сар мешавад,

Ин замин бо ӯ ба дунёе баробар мешавад.

Фарзандони бузурги халқи тоҷик ҳамеша ба пайкари миллат ҷон дамидаанд, онро ба рӯзи нав, яъне ба Наврӯз расонидаанд. Мо ҳамеша аз дили зимистонҳои сарду тираи таърих мисли рӯзи нав эҳё шудаем, мисли мурғи қақнус аз хокистари худ ҷон гирифтаем.

Имрӯз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ҳаракати  наврӯзиро сарварӣ мекунанд. Талош меварзанд, ки худро бишносем, дар ҷаҳли мураккаб гирифтор нашавем. Ӯ рӯдакивор ба мо ҳушдор медиҳанд:

Дар раҳгузари бод чароғе, ки турост,

Тарсам, ки бимирад аз фароғе, ки турост.

Агар Наврӯз таваллуде дар табиат аст, пас мо ҳам бояд ҳамеша ба таваллуде дигар фикр кунем. Дар айёми Наврӯз сардӣ аз байн меравад, сабзаҳо медаманд, гулҳо мешукуфанд, дунё беҳу хуб мешавад, яъне неҳзати зебоӣ ба вуҷуд меояд. Мо чӣ? Оё ба чанголи сардиҳою торикиҳо гирифтор намешавем? Бадиҳоро бо оташи наврӯзӣ месӯзем? Ба ҳамдигар дасти салом дароз мекунем? Ба сӯи доноию хубиҳо парвоз менамоем?

Муҳим аст, ки ин суолҳоро аз худ пурсем. Охир маънии ҳаёт хӯрдану хобидан нест, балки талош варзидан ва пила-пила ба сӯи камол рафтан аст. Ақл бузургтарин амонат аст, ки ба мо додаанд. Наврӯзи мо дар рушди мост. Манқурт будан баробар бо марг аст. Аз ин ҷост, ки ба ин ҳаракати наврӯзӣ бояд бипайвандем ва бо раҳнамоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сӯи фардои дурахшон биравем.

ВОРИС,

 «Садои мардум»