Парчам дар радифи Нишон ва Суруди миллӣ барои ҳар як кишвари соҳибистиқлол чун рамзи давлатӣ ва муқаддасоти миллӣ эътироф шудааст. Рамзҳои давлатӣ таҷассумгари мазмуну моҳияти давлат, таъриху фарҳанги халқ, арзишҳои миллию ҷуғрофии кишвар мебошанд. Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчам ҳамчун рамзи давлатӣ ва рукни асосии муқаддасоти миллӣ шинохта шудааст (моддаи 3).
Баъди қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (12 майи соли 2007) Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (аз 24 ноябри соли 1992) аз эътибор соқит дониста шуд. Қонуни нав моҳият ва истифодаи расмии Парчамро ҳамчун рамзи давлати мустақилу соҳибихтиёри Тоҷикистон муайян кардааст.
Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тартиби афрохтан (моддаи 5), ҷойгиркунии тасвири Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 6) ва ҷавобгарӣ барои таҳқири Парчам (моддаи 11) пешбинӣ шудааст. Ба таври дигар гӯем, Парчами давлатӣ таҳти ҳимояи қонун қарор дорад.
Парчам дар таърихи ҳар халқу давлат мояи ифтихору ғурур будааст, ки баҳри ҳимояи марзу бум, номусу озодӣ, забону фарҳанг, ватану миллат фарзандони баору номусро зери сояи худ сарҷамъ месозад. Парафшонии Парчами давлатӣ дар ҳар гӯшаи сайёра аз мавҷудияти ин ё он миллату давлат дарак медиҳад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2009 бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ лоиҳаи қонунро оид ба муқаррар намудани Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба парламенти кишвар пешниҳод намуданд, ки тибқи он баъди ворид кардани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» (аз 19 ноябри соли 2009) ҳар сол 24 ноябр дар кишвар Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил мегардад.
Соли 2010 бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди манораи бузурги Парчами давлатӣ дар яке аз мавзеъҳои зеботарини пойтахти кишвар оғоз ва дар арафаи 20 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ ёфта, мавзеи ҷойгиршавии он «Майдони Парчам» номгузорӣ шуд. Парчами давлатӣ, ки дар баландии 165 метр қомат афрохтааст, 30 метр паҳноӣ ва 60 метр дарозӣ дошта, ба китоби рекордҳои Гиннес шомил гардидааст.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои риоя накардани талаботи қонунгузорӣ дар бораи рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ду намуди ҷавобгарӣ – маъмурӣ дар ҳолати набудани аломатҳои ҷиноят ва ҷиноятӣ дар ҳолати таҳқир пешбинӣ шудааст. Чунончӣ, Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 483 (1) ) барои риоя накардани талаботи қонунгузорӣ дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳангоми набудани аломатҳои ҷиноят, ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ намудааст, ки мутобиқи он барои шахсони воқеӣ ҷарима ба андозаи аз ду то панҷ, ба шахсони мансабдор аз даҳ то бист ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо муқаррар гардидааст.
Моддаи 342 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, ҷавобгарии ҷиноятиро барои таҳқир кардани рамзҳои давлатӣ пешбинӣ мекунад, ки ҷазои он ҷарима ба андозаи то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳдуд кардани озодӣ ба муҳлати ду солро ташкил медиҳад.
Парафшонии Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пештоқи бинои Созмони Милали Муттаҳид ва биноҳои созмонҳои байналмилалию минтақавӣ ифодагари амалан пайвастани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ аст.
Шералӣ ШЕРОВ,
корманди Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон