Парчами давлатӣ — рамзи истиқлолияти миллӣ

№ 23.11.2022

Дар рӯзҳои ҷашни 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ тақдирсози миллат бо муҳаббат ва самимият таҷлил шудани Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин, пеш аз ҳама, арҷ гузоштан ба анъанаҳои неки аҷдодони сарбаландамон ва таҷассумгари мақсаду мароми мо дар роҳи эъмори давлати демократии ҳуқуқбунёди дунявист.

Дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари ба ҷаҳониён эълом доштани барқарор шудани ҳокимияти конститутсионӣ се муқаддасоти давлатдорӣ, ва соҳибихтиёрии давлату миллат – Парчами давлатӣ, Нишон ва Суруди Миллӣ қабул ва тасдиқ карда шуданд. Парчами давлатии Тоҷикистон ифодагари мақсаду маром, таҷассумгари давлатдории миллати куҳантаърихи мост. Дар ин маврид Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд: «Парчами имрӯзаи давлатӣ яке аз рамзҳои муҳими истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад». Эълон шудани Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеаи фараҳбахш буда, баргузории он дар замири ҳар фарди ватандӯст ва сокини Тоҷикистони азиз эҳсоси дӯст доштан ва парастиш кардани ин марзу бумро дучанд менамояд.

Парчам ҳамчун рамзҳои дигари давлатӣ  рамзи истиқлолият  ва соҳибихтиёрии давлат, дорои рамзҳои нек буда, симои воқеӣ  ва таърихии онро дар намуди ба худ хос инъикос мекунад. Дар он тасвири рангҳои сурх, сафед ва сабз, талошу мубориза ва саъю кӯшиши халқи тоҷикро  баҳри озодиву истиқлол, худшиносию меҳанпарастӣ ва ихтиёр намудани зиндагии орому осоишта, арзандаю поянда, осудаву устувор ифода мекунад. Он рукни асосии муқаддасоти миллӣ ба шумор меравад. Бо дидани Парчами давлатӣ ифтихори ватандорӣ ва эҳсоси  масъулияти ҳар як шаҳрванд дар назди Ватан боло мегардад. Дар ҳама кишварҳои  ҷаҳон аз ҷониби шаҳрвандон нисбат ба рамзҳои давлатӣ садоқату  эҳтиром зоҳир карда мешавад. Беэҳтиромӣ нисбат ба рамзҳои давлатӣ сазовори ҷазост. Парчами давлатии Тоҷикистон матои росткунҷаест, ки дар рӯи он се рахи ранга ба таври уфуқӣ  кашида шудааст: рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи сабзи поён баробар мебошад, рахи сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳнои ҳар яке аз рахҳои ранга аст. Дар рӯи рахи сафед дар мобайни парчам бо зарҳал  рамзи тоҷ тасдиқ шуда, дар болои он ҳафт  ситора дар шакли нимдоира тасвир ёфтааст. Дар ин парчам ҳар ранг маънии худро дорад. Ранги сурх – рамзи мубориза, ҷоннисории  халқ баҳри  озодӣ ва истиқлол аст. Ранги сафед рамзи тозагӣ ва покӣ, роҳи сафеди зиндагӣ, осоиштагиву сулҳ,  имрӯзу ояндаи  дурахшони мост. Ранги сабз нишони сарсабзӣ, нумӯъ ва сарбаландӣ, некию хуррамӣ мебошад. Мазмуни рангҳои парчам аз китоби муқаддаси «Авасто» сарчашма мегирад. Парчами давлатӣ дар биноҳое афрохта мешавад, ки  дар онҳо намояндагони ҳар се шохаи ҳокимияти давлатӣ  фаъолият мекунанд. Яъне, дар қароргоҳи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумат, судҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо, инчунин, дар гузаронидани иҷлосияҳои Маҷлиси Олӣ, Маҷлисҳои вакилони халқи  вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва маҷлисҳои намояндагони ҷамоатҳо ва ғайра.

   Ба таърихи ҷаҳон назар кунем, сарчашмаҳои таърихӣ ишорат бар он доранд, ки калимаҳои парчам, алам ва дирафш аз қадим маълум ва машҳур буда, чун рамзи давлатӣ низ корбурд шудааст. Дар гузашта дар баробари давлат лашкаркашону сипоҳиёни номдор низ парчами худро доро буданд.

Парчам таърихи хеле қадим дорад. Дар аксари сарчашмаҳои қадими гуногун мазмун оид ба парчам ва «Диравши ковиёнӣ» маълумот оварда шудааст. Ба андешаи баъзе таърихнигорон, аввалин намунаҳои парчам дар хиттаи фарҳангу тамаддуни ориёӣ дониста шудааст ва маълумот ба таври муфассал дарҷ гардидааст. Масалан, дар «Авасто», ки сарчашмаи аввалин ва қадима ба ҳисоб меравад, дар бораи парчам ва тарзи истифодаи он иттилои бисёр муфид омадааст ва бо таъсири он баъзе ҷиҳатҳои таърихии ин масъала дар асари безаволи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ «Шоҳнома» ва дигар осори таърихиву адабӣ акс ёфтаанд. Дар аввали асри ХХ дар таърихи халқи тоҷик тағйироти куллӣ ба вуҷуд омад ва он дар аввалин Парчами кишвар  акси худро ёфтааст.

Парчам ифтихор аз сарбаландии миллат аст ва он дар замони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун рамзи баҳамоии миллат шинохта шуда, дар мамолики хориҷӣ ҳангоми ғолибият дар мусобиқаҳои варзишӣ афрохта мешавад. Имрӯз бо итминони комил метавон гуфт, ки мардуми тоҷик ва сокинони Тоҷикистони азиз, зери Парчами давлатӣ манфиатҳои умумимиллиро ба даст оварда, ба устувории истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи якпорчагии Ватан, ягонагии забону фарҳанг муносибатҳои пешрафтаи ҷамъиятӣ, сулҳу субот кору зиндагӣ доранд. Таърихи  навини  давлатдории  тоҷикон  шоҳиди  он  аст, ки  парчам ва бузургдошти он барои ҳар як сокини кишвар муқаддас  буда, ба шарофати ҷилои он мардум бештар муттаҳид ва боиси   амалҳои   нек  гашта, ифтихори зиёдеро аз ҳастии парчам, дар замири худ  мепарастанд.

Сафар ЭРКАЕВ,

иштирокчии Иҷлосияи XVI,

дотсенти ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров