Зари холис баъди ҳазор сол зар боқӣ мемонад. Мисро ҳаргиз наметавон ба тилло баробар намуд. Сухан сари шахсият ё истеъдоди асил меравад, ки ғолибан, дар ҳама давру замон бо муқовимат рӯбарӯст.
Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Ҷумҳурият» дар чанд соли охири даврони Истиқлолият маҳбуби ҳама гардида, муштариёни бешумор пайдо кардааст. Омили асосии ин дастоварди маънавӣ дар чист? Посух ин аст, ки ҳайати эҷоди боқуввате ба даври сардабири дорои хисоли омӯзанда муттаҳид шуда, малакаву маҳорат ва истеъдодашонро сайқал медиҳанд.
Вақте ки рӯзномаро рӯи даст мегиред, баробари пуштибонӣ аз сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба матлабҳои сиёсӣ, иқтисодиву фарҳангӣ, ҳуқуқӣ, варзишӣ ва монанди ин дучор меоед. Забони мақолаҳо муъҷазу суфта ва хонданбобанд. Ҷузъитарин ҳаводиси олам аз назари рӯзноманигорон дур намонда, навгониҳои ватанию хориҷӣ, мушкилоти иқтисодӣ ва роҳҳои рафъи он боварбахш инъикос мешаванд.
Тарҳи рӯзнома ва ҷобаҷогузории матлабҳо нав буда, мақолоти ҷолиби муаллифони соҳоти гуногун дар ҳаҷми хурд, вале пурбор манзур мегардад. Афкори сусту бебунёд ва тиҳӣ аз маъно анқариб дар рӯзнома ҷой намеёбанд.
Иқдоми ибратомӯзи эҷодкорони «Ҷумҳурият» дар он аст, ки бо корбурди қолабшиканӣ ва тозагӯиҳо, афкори ғанои олимон ва забоншиносони донишмандро дарҷ менамоянд. Махсусан, матлабҳои сараи ироншинос Бобо — Назар Ғафор ва Сулаймон Анварӣ аз лиҳози ковишҳои илмӣ наванд. Олимони тавонманд бо такя ба маъхазҳои қадима, вазъи забони адабии имрӯз, ба вежа шакли дурусти вожаҳоро ба риштаи таҳлил кашида, бозёфтҳои баҳсбарангезро пешорӯи хонандаи ҳушманд бо далоили муътамади илмӣ пеш ниҳодаанд.
Шаҳрвандон мехоҳанд, ки аз ҳуқуқҳои конститутсионии худ пурра баҳравар шуда, дар ҳолатҳои зарурӣ аз он истифода бибаранд. Дар ин роҳ ходимони шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият» ба ишон ёрӣ мерасонанд. Ба пурсишҳои муштариёни соҳоти гуногун посухҳои мушаххас дода, мушкилро осон мегардонанд.
Ҳамакнун, ба хотири барчоши ғизои маънавӣ ва болидагии рӯҳи муштариёни рӯзнома саҳифаи иттилоотию фароғатии «Шоми шанбе» хеле мароқангез бандубаст шуда, хурдтарин матлабро бо муҳтавиёти баланд, ҳамагӣ дар як ҷумла ё сад сатр гунҷонидаанд. Аз саргузашти ибратомӯзи одамони наҷиб, нобиғаҳои адабиёти оламшумул, муъҷизаҳои табиат, разведкачиёни ҷасур, афоризмҳо ва рекордҳои ҷаҳонӣ маҳз дар ҳамин саҳифа дарҷ меёбанд. Ин саҳифаи тозанашр ҳаводорони бешумор пайдо намудааст.
Ҳар як шумораи «Ҷумҳурият»-ро муштариёни рӯзнома бесаброна интизор мешаванд. Рубрика ва гӯшаҳои алоҳидаи «Мавзӯи рӯз», «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор», «Илм ва истеҳсолот», «Ҷаҳон дар як сатр», «Рӯзи қабули шаҳрвандон», «Ҳушдор», «Тоҷикистон», «Ҷиноят ва ҷазо», «Ба «Ҷумҳурият» ҷавоб омад» ва ғайра аз ҷониби аҳли ҷомеа истиқболи гарм ёфтааст.
Бебаҳс, рӯзномаи «Ҷумҳурият»-ро мактаби омӯзиш ва мубаллиғи арзишҳои волои миллӣ метавон унвон кард. Аз ин минбар афроди бедордил ва хизматнишондода ба нафъи халқу Меҳан садо баланд мекунанд. Онҳо барои якпорча мондани Тоҷикистони азиз, таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, сарсабзу хуррам нигоҳ доштани мулки аҷдодӣ ва бегазанд ба мерос гузоштани он ба пасовандонро таблиғгаранд. Барои намуна: нашрия бо Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ бахшида ба 75-солагии киромидошти шоири шаҳир Ғоиб Сафарзода, инчунин, дар ҳамдастӣ бо ҳукумати ноҳияи Рашт ба муносибати 130-юмин солгарди Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум ва ё дар партави Паёми имсолаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади муаррифии ҷавонони муваффақу болаёқат дар бахшҳои роҳбарӣ, ихтироот, илму технология, соҳибкорӣ ва дигар соҳаҳои муҳими иҷтимоии мамлакат дар Соли ҷавонон зери унвони «Пайрави Пешво» озмунҳоро таъсис додааст, ки бад-ин васила падидаҳои намоёнгари арзишҳои миллӣ арзи ҳастӣ хоҳанд кард.
Хабарнигорони «Ҷумҳурият» то ҷои тавон ҳаёти иқтисодиву фарҳангӣ ва навгониҳои кишварро воқеъбинона инъикос намудан доранд. Дар радифи дигар расонаҳои хабарӣ ҷарида тавонистааст, ки беҳтарин дастовардҳои соҳоти хоҷагии халқи мамлакатро пешкаш гардонад.
Ҳамин боис гашта, ки ранҷи маънавии аксари қаламкашони рӯзнома қадрмандӣ ёфтааст. Аз ҷумла, имсол кормандони фаъоли рӯзнома Фирӯз Немонов, Муҳаммадулло Табарӣ бо нишони «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон», Шаҳнозаи Қурбон, Фарзонаи Файзалӣ, Мафтуна Бахтибекова, Бузургмеҳр Салимов — нишони «Аълочии матбуоти Тоҷикистон», Лашкар Шарифов, Оҳистамоҳ Гулбердиева ва Ташрифулло Саъдуллоев бо «Ифтихорнома»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовор дониста шуданд.
Барои саҳми арзанда дар рушди соҳаи маориф Қурбоналӣ Раҳмонзода, сармуҳаррири рӯзномаи «Ҷумҳурият», бо нишони «Аълочии ифтихории маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон», Бузургмеҳр Салимов бо «Ифтихорнома»-и вазорати номбурда сарфароз гардиданд. Афзун бар ин, ба рӯзномаи «Ҷумҳурият» аз ҷониби Вазорати маориф ва илм, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷоизаҳои махсус тақдим доштанд.
Дар таҷлили Рӯзи матбуоти тоҷик ва Ҷашни байналмилалии Наврӯз кормандони рӯзнома сарулибоси миллӣ ба бар карда буданд, ки ҳар якеро ҳамранги гулҳои баҳорӣ зебу зиннати хоса мебахшид. Тоқии чакани ба сар бинҳодаашон воқеан, ҷанбаи миллӣ касб карда буд.
Аҳли эҷоди «Ҷумҳурият» бо касбияти воло, риояи назокати муошират ва коргузории муназзам ба гулбоғи сарсабзи даҳлези идораи рӯзнома шабоҳат доранд, ки дар чор фасли сол аз тамошои он сер нашуда, ба зиндагии зебову фиребо ҷовидона ошиқ хоҳӣ шуд.
Метавон эътимоди маҳкам баст, ки қаламкашони «Ҷумҳурият» бори сангини номаи рӯзро беосеб то манзил мерасонанд. Бар ин ақида байти доиман унвоншудаи рӯзнома далели раднопазир аст:
Нест ҷуз қомуси миллат дар рафи ҳастии мо,
Парчами номус бошад дар кафи ҳастии мо.
Сипеҳри Ҳасанзод,
барандаи ҷоизаи Иттифоқи журналистони
Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ