«Парчами Тоҷикистон — таҷассумгари фарҳанги миллӣ»

№141 (3778) 28.11.2017

503819910 (1)Таҳти ҳамин унвон 22 ноябри соли 2017 дар Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон суҳбати гирди миз баргузор шуд.

Дар он мутахассисону муҳаққиқон аз Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пажӯҳишгоҳи илмӣ — тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти назди Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш, намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

Чорабиниро директори Китобхонаи миллии Тоҷикис­тон Абдусалом Мирализода ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки Парчами давлатӣ яке аз рамзҳои муҳими давлатдорӣ буда, ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои мардуми Тоҷикис­тон мебошад.

Сипас, муовини директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ — тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти назди Вазорати фарҳанги ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои филологӣ Дилшод Раҳимов дар мавзӯи «Қудсияти Парчами миллӣ ва мавқеи ҷавонон дар муаррифии он» маърӯза кард. Номбурда моҳият ва рисолати Парчами миллиро шарҳ дода, аз таърихи Дирафши Ковиёнӣ, парчами ҳахоманишиёну Сосониён тибқи пажӯҳишҳои бостоншиносӣ ёдовар шуд.

Дар интиҳо китоби тозанашри «Мероси фарҳангии ғайримоддӣ дар Тоҷикистон», ки аз ҷониби мутахассисону муҳаққиқони Пажӯҳишгоҳи илмӣ- тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот таҳия гардидааст, муаррифӣ шуд.

 А. МИРЗОЗОДА,

«Садои мардум»