Он ҷилди 600-уми асари ҳунарманди шуҳратёри театр ва синамои тоҷик Ҳошим Гадо мебошад, ки чанде пеш бо забони русӣ («Взлёт перед закатом» — «Парвоз қабл аз ғуруб») дастраси хонандагон гардид.
Ҳунарманд чор ҷилд (597 – 600) — ро дар як китоб ҷой додааст. Ҳарчанд муаллиф чанд сол инҷониб банди навиштани китоб мебошад, аммо даъвои нависандагӣ надорад. Худро шогирди зиндагӣ медонаду ҳамоно аз зиндагӣ меомӯзад. Аз китоб маълумоти фаровонро метавон пайдо намуд, ки аз ҳар ҷиҳат барои хонандагон муфид аст. Чунончи, дар оғози китоб муаллиф ба аҳромҳо ва бурҷу ситораҳо таваҷҷуҳ зоҳир кардааст. Тибқи навиштаи ӯ, дар Миср — 14, Мексика-16 ва дар Тибет беш аз 100 аҳром мавҷуд аст. Аҳроми асосии Тибет — кӯҳи Кайлас 6666 метр баландӣ дошта, масофаи байни он ва қутби шимол 6666 километрро ташкил медиҳад. Масофа аз Кайлас то Стоунхенҷ низ ба 6666 километр баробар ва аз Стоунхенҷ то маркази секунҷаи Бермуд низ 6666 километр аст. Эҳсос мегардад, ки муаллиф мехоҳад асрори ин арқом ва ин гуна ҷобаҷогузории аҳромҳоро барои худ ва хонандагон ифшо созад. Ӯ, ҳамчунин оид ба фарҳанг, дину оин, таърих ва арзишҳои маънавии халқҳои гуногун андешаҳои ҷолиб баён намудааст.
Ҷилди 598 («Есть нечто» — «Неруе мавҷуд аст») номгузорӣ шудааст. Дар он муаллиф атрофи мафҳумҳое чун зиндагиву марг, рӯшноиву торикӣ ибрози андеша намуда, зиндагии хешро ба баъзе аз фоҷиаҳои заминӣ ҳамсон медонад. Нақшҳои бозидаашро дар театру синамо ба ёд оварда, худро аз миёни ин нақшҳо меҷӯяд ва мепурсад: «Пас, ман ҳаёти киро аз сар гузаронидаам?».
Посухи муаллиф ба суол ҷолиб ва қобили таваҷҷуҳ аст: «Ман рӯзгори зебо, қаҳрамонона, романтикӣ, фоҷиавӣ, ҳаёти хирадмандон, содадилон ва бузургони офаридаамро аз сар гузаронидаам ва ё фоҷиаи хешро дар нақшҳо офаридаам. Ин дуро аз ҳам ҷудо кардан мумкин нест». Ва хулоса мекунад: «Ман-Ҳошим, ман-Эдип, ман — Ибни Сино, Суҳроб, …Пир, …Ҳамлет, …Сафар …Исмоили Сомонӣ…».
Ҷилди 599-уми «Во имя» («Ба номи») рамзӣ номгузорӣ шудааст. Муаллиф онро ба модари азизи зиндаёдаш Шоҳбӣ, ки ӯро надидааст, ба духтаронаш Сулҳия ва Товус, набераву абераҳояш бахшидааст. Муроди муаллиф дар ин ҷилд он аст, ки инсонҳо ба дунё танҳо барои хӯрдану хобидан намеоянд. Ҳар инсон дар зиндагӣ бояд амали нек анҷом бидиҳад ва аз худ номи нек ба ёдгор монад.
Н. НИЗОМӢ,
«Садои мардум»