Бо мақсади баланд бардоштани маърифати экологии донишҷӯён бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 апрели соли 2015 «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» қабул гардид, ки он ҳадафҳои афзалиятнок, вазифа, принсип ва самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи тарбия ва маърифати экологии аҳолӣ муайян намуда, барои татбиқи ҳамаҷонибаи он заминаҳои устувор фароҳам месозад.
Эътироф бояд кард, ки маърифати экологии донишҷӯён дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудааст. Пеш аз ҳама, муносибати донишҷӯён ба мавҷудоти зинда ва нигоҳдории он ба принсипҳои асосии ҳифзи оқилонаи табиат мувофиқ нест. Аксар вақт донишҷӯён дар равандҳои барқароркунии сарватҳои табиат, ба монанди ниҳолшинонӣ, гулшинонӣ ва кабудизоркунӣ фаъолона иштирок намоянд ҳам, аммо ҳангоми иҷрои амалҳои мазкур, тибқи меъёрҳо ва талаботи биологӣ ба олами наботот таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир намекунанд.
Дар асоси қонунгузории амалкунанда заминаи меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи маърифати экологии аҳолӣ таҳия гардида бошад ҳам, аммо санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ оид ба баланд бардоштани маърифати экологии донишҷӯён кам ба назар мерасанд.
Дар давраи на чандон дур инсон фикр дошт, ки сарватҳои табиӣ тамомнашаванда аст. Ин ҳолат ба фориғболии инсон, ба ҳисоб нагирифтани мувозинати табиат, коҳиши сифати экосистемаҳои табиӣ ва ғайра оварда расонид. Дар асри ХХ инсон, пеш аз ҳама, ба мушкилоти норасоии оби нӯшокӣ, ғизо, солимии муҳити зист дучор гардид, ки ин ба пешравии иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологии кишвар таъсири манфӣ расонида истодааст.
Аз нуқтаи назари илми экология сарватҳои табиӣ меъёри хоси истифодабарии худро доранд ва низоми асосии табиат дар дасти инсон нест.
Вақте ки ҳаёт дар рӯи замин пайдо гардид, равандҳои харобшавии муҳити зист танҳо зимни ҳолатҳои ба амал омадани вулканҳои табиӣ ва обхезиҳои табиӣ ба назар мерасиданд. Аммо солҳои охир таъсири инсон садҳо маротиба афзуда, миқёси хатарҳо ба сарватҳои табиӣ ва заҳролудшавии муҳити зист торафт афзуда истодааст.
Биноан, афзалияти маърифати экологӣ бояд чунин иттилооте бошад, ки хонандагонро ба ҳалли масъалаҳои дар назди ҷомеа гузошташудаи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва экологӣ дар сатҳи маҳаллӣ, миллӣ ва глобалӣ омода намояд. Ба ибораи дигар, танҳо таълим додани фанни экология дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ кофӣ нест. Барои беҳдошти маърифати экологии шаҳрвандони мамлакат на танҳо раванди таълим, балки экологикунонии соҳаҳои ҳаёт ва фаъолияти инсон зарур аст.
Таҳлили нишондиҳандаҳои назорати давлатии экологӣ нишон медиҳад, ки аксар ҳолатҳои қонунвайронкунии экологӣ бо сабаби кофӣ набудани донишу фарҳанги экологӣ ва сатҳи пасти фарҳанги экологии роҳбарон ва мутахассисони корхонаҳои саноатӣ рӯй медиҳанд. Бинобар ин, баланд бардоштани сатҳи дониши шаҳрвандон ва дараҷаи иштироки онҳо хеле зарур аст.
Аминҷон МУМИНОВ, сармутахассиси шуъбаи матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон