Китобиёт

Паёми Президенти мамлакат аз Конститутсия сарчашма мегирад

№7 (4269) 19.01.2021

Ҳар сол Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа мегардад. Паёми Сарвари давлат ҳамчун санади сиёсӣ ва ҳуқуқӣ дорои аҳамияти бузург буда, масъалаҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакатро мавриди арзёбӣ қарор медиҳад.

Чанде пеш, ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон рисолаи Сайнозимзода Фирӯз Сайнозимро нашриёти «ЭР-граф» бо номи «Аҳамияти сиёсӣ – ҳуқуқии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз чоп баровард. Дар шарҳи мухтасари он зикр шудааст, ки дар рисола паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози ҳуқуқӣ таҳлил гардида, нақши онҳо дар рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти мамлакат, таъмини амнияти давлату ҷомеа ва афзудани обрӯву эътибори Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ басо муҳим арзёбӣ шудааст.

Рисола аз се боб иборат аст. Боби аввал «Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади сиёсӣ-ҳуқуқӣ» ном дошта, ба баррасии аҳамияти сиёсӣ-ҳуқуқии он дар ҳаёти ҷомеа, омили баланд бардоштани сифати қонунгузорӣ, мавқеъ ва нақши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар рушди қонунгузорӣ ва фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ бахшида шудааст.

Боби дуюм «Баъзе масъалаҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар дар паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» номгузорӣ шуда, доир ба ҷойгоҳу мақоми паёмҳои Сарвари давлат нисбат ба заминаи рушди соҳибкорӣ, сайёҳӣ, масъалаҳои сиёсати давлатии ҷавонон, инчунин, таҳкимбахшии сиёсати хориҷии Тоҷикис­тон баҳс мекунад.

«Нақши паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини амнияти кишвар ва мубориза бо ҷинояткорӣ» унвони боби сеюми рисола аст. Дар он заминаҳои ҳуқуқии муқовимат бо терроризм ва экстремизм, мубориза бо коррупсия ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ таҳлил мегардад.

Фирӯз Сайнозимзода дар таҳлилу баррасии паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нигоҳи амиқу дақиқ амал намуда, онро мӯшикофона мавриди таҳқиқ қарор медиҳад. Вай, аз ҷумла, ҷиҳати такмил ва рушду нумӯи қонунгузории мамлакат чунин менависад: «Маҳз таклифу пешниҳодҳои қонунгузории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон боис мегарданд, ки аз ҷониби субъектҳои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ва ҳуқуқэҷодкунанда, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла, қонунҳои конститутсионӣ, кодексҳо, қонунҳо, стратегияҳо ва барномаҳо таҳия ва тасдиқу қабул карда мешаванд. Ба қонунгузории амалкунандаи кишвар тағйиру иловаҳо ворид карда мешаванд ва дар ин замина низоми қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ устувору мукаммал ва рушд менамояд».

Аз ин ҷост, ки Фирӯз Сайнозимзода таъкид мекунад: «Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун меъёри конститутсионӣ заминаи ҳамаҷонибаи қонунӣ дорад ва он аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад».

Ба рисола Э. Нас­риддинзода – узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, Ҷ.  Муртазозода — доктори илм­ҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, вакили Маҷлиси намояндагон, К. Каримзода – номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, муовини раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷ. Саъдизода — номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ тақриз навиштаанд.

Рисолаи Фирӯз Сайнозимзода «Аҳамияти сиёсӣ — ҳуқуқии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо сифати аъло ба табъ расида, барои ҳуқуқшиносон, сиёсатшиносон, ҷомеашиносон, олимон, муҳаққиқон ва умуман, доираи васеи хонандагон пешниҳод шудааст.

ВОРИС,

«Садои мардум»