Эҳдо ба Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон
Омадӣ баҳри наҷоти миллатат,
Дар хатар чун буд тақдири Ватан.
Қувваи аҳриманӣ пурзӯр буд,
Буд ҳар як нохалаф чун Аҳриман.
Пешвои миллати тоҷик туӣ,
Раҳнамои миллати тоҷик туӣ.
Менамуд таҳдид бар мулки азиз,
Хавфи пора гаштану қисмат шудан.
Буд лозим як ҷавонмарди шуҷоъ,
Аз ҷаҳолат то раҳонад ин Ватан.
Пешвои миллати тоҷик туӣ,
Раҳнамои миллати тоҷик туӣ.
Он яке мекард аз мулкаш фирор,
То нагардад ғарқ дар дарёи хун.
Омадӣ чун шуълаи тобони бахт,
Халқи худро то бигардӣ раҳнамун.
Пешвои миллати тоҷик туӣ,
Раҳнамои миллати тоҷик туӣ.
Тоҷиконро кардӣ сарҷамъ аз фирор,
Шамъсон аз баҳри миллат сӯхтӣ.
Сулҳ овардӣ ба мулки ғамзада,
Машъали меҳру вафо афрӯхтӣ.
Пешвои миллати тоҷик туӣ,
Раҳнамои миллати тоҷик туӣ.
Халқ донад қадри хидматҳои ту,
Ҳар замон аз меҳр таҳсин мекунад.
Доимо бардошта дасти дуо,
То саломат бошӣ омин мекунад.
Пешвои миллати тоҷик туӣ,
Раҳнамои миллати тоҷик туӣ.
Анварбеки Абӯнаср, муҳаррири рӯзномаи «Махзани илм»-и Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент