Забони тоҷикӣ дар раванди ташаккул ва таҳаввули худ роҳи ниҳоят душвору пурпечутобро тай карда, аз санҷишу имтиҳонҳои сахту сангини таърих гузаштааст ва имрӯз, яъне дар даврони соҳибистиқлолӣ ва бунёди давлати миллӣ низ рисолати худро ба сифати яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ва омили ҷомеасозу ваҳдатофарин идома дода истодааст.
Маҳз, истиқлолияти давлатӣ барои дурахши дигарбораи яке аз муқаддасоти миллии мо — забони тоҷикӣ ва рушду такомули он заминаи мусоид ва имкониятҳои фаровон муҳайё намуд. Забони тоҷикӣ, дар навбати худ, ба сифати рукни муҳими давлатдории миллӣ ваҳдату сарҷамъии миллати моро дар саросари кишвар таъмин сохт. Имрӯз ҳам ин забон илҳомбахши фаъолияти ҳаррӯзаи мо буда, бунёдкорию созандагиҳои мардумамон дар ин забон таҷассум меёбанд ва ба оламиён муаррифӣ мешаванд.
Имрӯз аҳли олам моро бо номи «тоҷикон», давлатамонро бо номи «Тоҷикистон» ва забонамонро бо номи «забони тоҷикӣ» мешиносанду эътироф мекунанд. Бо ин забон садҳо ва ҳазорон бузургмардону нобиғагон дурри сухан суфтаанд ва осори безаволу мондагорро ба ояндагон мерос гузоштаанд. Ҳикмат ва ахлоқи инсонпарварӣ, ки ҷавҳари осори ниёгони мост, бо забони муқтадиру пурвусъат ва ширину гуворои тоҷикӣ асрҳо боз садо медиҳад ва сарвати фарҳангиву маънавии миллати мо бо ҳамин забон оламро тасхир кардааст.
Забони тоҷикӣ дар таълифоти илмӣ собиқаи беш аз ҳазорсола дорад. Бузургтарин донишмандони мо — Абӯалӣ ибни Сино бо таълифи «Донишномаи Алоӣ» ва Абӯрайҳони Берунӣ бо таълифи «Китоб-ут-тафҳим» ва «Осор-ул-боқия» бунёдгузорони забони илмии тоҷикӣ ба шумор мераванд, ки ин анъанаи ватанхоҳона дар асрҳои баъдӣ аз тарафи донишмандони маъруф Насируддини Тӯсӣ, Умари Хайём ва то Аҳмади Дониш идома пайдо кард.
Моро лозим аст, ки барои ҳамқадами замон шудани забони давлатӣ ва бар пояи забони илм рушд кардани он дастаҷамъона кӯшиш намоем. Бо ташаббуси мо Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд ва таълифи рисолаҳои илмӣ ба забони тоҷикӣ дар ҳамаи соҳаҳои илм ба роҳ монда шуд. Донишмандони мо, аз ҷумла унвонҷӯёнро зарур аст, ки рисолаю асарҳои илмии худро ба забони давлатӣ таълиф кунанд.
Забони давлатӣ аз рукнҳои асосии давлатдории миллист, ки дар пойдорӣ ва суботи давлати миллӣ мақому нақши муҳим дорад ва аз ҳамин хотир аст, ки мо дар Тоҷикистон забони миллатро ҳастии миллат ва бунёду пояи давлат эълон кардаем. Ин забони қадиму асил сарвати бебаҳо ва аз ҷумлаи муқаддасоти миллии мост.
Қарзи фарзандӣ ва рисолати инсонии мост, ки забони модариамон, яъне ин забони ширину шоиронаро баробари модари худ азиз шуморем, дӯст дорем, онро мисли модар, ки моро ба дунё оварда, меҳри забонро бо шири поку ҷонбахш ва муҳаббати онро бо аллаи гӯшнавозаш дар ҷисму ҷони мо ҷой кардааст, эҳтирому эҳтиёт кунем ва мисли гаронбаҳотарин сарвати умрамон ҳамеша гиромӣ дорем.
Таҳияи Фархунда АБДУЛҲАКИМОВА,
«Садои мардум»