Бо ин ном чанде пеш китобномае (иборат аз 8 ҷилд) дар нашриёти «Ирфон» ба табъ расид, ки мураттиби он номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Шариф Комилзода мебошад.
Он бо мақсади омӯзишу бақайдгирӣ, таҳқиқу коркард, гурӯҳбандиву феҳристнигорӣ ва тарғиби ҳамаҷонибаи осори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, адабиёти марбут ба зиндагинома ва корномаҳои ӯ тибқи лоиҳаи «Бунёди манобеи библиографии чопӣ ва электронии «Пешвои миллат — Эмомалӣ Раҳмон» барои солҳои 2017 — 2019» таҳия гардидааст.
Китобнома адабиёти ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ӯзбекии солҳои 2012-2019 интишорёфтаро фаро гирифта, дар асоси захираи Китобхонаи илмии Пажӯҳишгоҳи илмӣ — тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот, нашрияҳои библиографии Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории китоб (ISBN) — Хонаи китоби Тоҷикистон ва манобеи электронии идораҳои рӯзномаву маҷаллаҳо тартиб дода шудааст.
- Ҳангоми интихоб ва воридсозии маълумот ба китобнома бештар ба нигоштаҳои нашрияҳои даврии бо теъдоди зиёд интишорёфта таваҷҷуҳ зоҳир шудааст. Манзур мақолаҳои дар саҳифаҳои рӯзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Минбари халқ», «Адабиёт ва санъат», «Омӯзгор», «Тоҷикистон», «Ҷавонони Тоҷикистон», «Қонун ва ҷомеа», «Ваҳдат», «Боҷу хироҷ», «Баҳори Аҷам», «Паёми Душанбе», «Мароми пойтахт» ва рӯзномаҳои вилоятии «Бадахшон», «Хатлон», «Ҳақиқати Суғд» нашршуда аст. Илова бар ин, навиштаҳои дар маҷаллаҳои «Тоҷикистон», «Бонувони Тоҷикистон», «Маорифи Тоҷикистон», «Маърифати омӯзгор», «Адаб», «Илм ва ҳаёт», «Фирӯза», «Дин ва ҷомеа», «Душанбе», «Паёмномаи фарҳанг» ва дигар нашрияҳо батабърасида, номнавис ва ба он ворид карда шудаанд. Лозим ба ёдоварист, ки дар китобнома на ҳама матолиби интишорёфтаи марбут ба мавзӯъ ворид гардидааст. Сабаби асосиаш дар он аст, ки на ҳама маҳсули чопии дар ҷумҳурӣ нашршуда аз ҷониби муассисаҳои интишоротӣ, тибқи муқаррароти қонунгузорӣ, ба ҳайси нусхаҳои ҳатмӣ ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Хонаи китоби Тоҷикистон ворид мешавад. Ба ғайр аз ин, бо теъдоди кам нашр шудани китобҳо (аз 100 то 200 нусха) имкони дастрасиро душвор гардонида, барои бақайдгирии саривақтӣ ва феҳристнигории минбаъдаи онҳо монеа эҷод мекунад, — гуфт Шариф Комилзода.
Дар сарсухани китоб, ки «Набзи дили пурмуҳаббати миллат» унвон дорад, муаллиф — академики Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷҷабор Раҳмонзода раванди ташаккули давлатдории миллӣ ва ҳифзу ҳимояи арзишҳои фарҳангию маънавиро шарҳ дода, аз ҷумла, қайд кардааст: «Дар ин раванд нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон назаррас буда, хидматҳои шабонарӯзии ӯ аз чашми мардум, аҳли зиё ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дур намонда, ҳар корномаи ватандӯстонаи ин шаҳсавори дунёи сиёсат дар осори шифоҳию хаттӣ васф мешавад ва ҳамаҷониба тавассути воситаҳои ахбори омма инъикос меёбад. Дарвоқеъ, мактаби давлатдории Пешвои миллат шомили ҳазорҳо саҳифаи корнамоӣ мебошанд, ки дар асарҳои гуногун зикру васф гаштаанд ва мураттаб гардидани онҳо дар шакли китобномаҳо зарурати таърихӣ пайдо намудааст. Аз ин рӯ, тасмим гирифта шуд, ки тамоми сарчашмаҳои хаттие, ки дар онҳо корномаи ин фарзанди фарзонаи халқи тоҷик ишора шудаанд, дар шакли китобнома ҷамъоварӣ шавад».
«Пешвои миллат — Эмомалӣ Раҳмон» аз тариқи чопхонаи ҶДММ «Аржанг» ба табъ расида, барои ҳар як фард ҳамчун махзани дониш ва роҳнамо хидмат хоҳад кард.
Б. КАРИМЗОДА,
«Садои мардум»