Моҳи декабри соли гузашта парлумони кишвар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат»-ро қабул кард. Ҳадаф аз қабули қонуни мазкур арҷгузорӣ ба хизматҳои шоёни Роҳбари кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои халқу миллат мебошад. Дар даврае, ки ҷанги хонумонсӯзи дохилӣ боиси хисороти зиёди молию ҷонӣ гардида, ба ягонагии марзӣ ва бақои миллати тоҷик хатари нобудӣ таҳдид мекард, дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷасурона роҳбарии давлатро ба уҳда гирифт ва дар назди Парчами давлати қасам ёд карда, чунин иброз намуд: «Ман ба Тоҷикистон сулҳ меоварам ва то даме ки охирин муҳоҷири иҷборӣ берун аз кишвар аст, ман худро орому осуда ҳис карда наметавонам». Бо ҷаҳду кӯшишҳои пайвастааш ин гуфтаҳои худро исбот намуд. Маҳз таҳти роҳбарии бевоситаи ӯ аркони давлатдорӣ эҳё гардида, нахустин Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.
Тӯли таърихи инсоният ашхоси барҷаста, аз қабили Маҳатма Ганди, Шарл де Голл, Франклин Рузвелт, Ден Сяопин, Ли Куан Ю, Махатхир Муҳаммад чун пешвоҳои муваффақи миллӣ дониста шудаанд. Маҳз ҳамин гуна шахсиятҳо сабабгори пешрафти миллату давлаташон гаштаанд.
Тавре ба ҳама маълум аст, аз он замон то имрӯз ҳастанд гурӯҳи одамоне, ки сулҳу субот ва оромии кишвари моро намехостанду доим талош ба он мекунанд, ки он халалдор гардад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои милат эълон шудани Эмомалӣ Раҳмон барояшон даҳшат аст. Қабул кардан намехоҳанд, ки ин давлату ин миллат роҳбари ягона дошта бошад.
Ҳамлаҳои иттилоотие, ки аз дохил ва хориҷи кишвар айни замон вуҷуд доранд, ҳадафмандона ба роҳ монда шуда, мақсад зери суол бурдани унвони мазкур мебошад. Онҳо талош ба он мекунанд, ки хизматҳои шоёни Эмомалӣ Раҳмонро ночиз ва ғайри қобили қабул ҳисоб кунанд. Баъзе мақолаҳо, ки дар сомонаҳои иҷтимоӣ бо номҳои мустаор нашр мешаванд, мақсади паст задани шаъну шарафи Сарвари кишварро доранд. Муаллифи як матлаб дар сомонаи «centrasia.ru» сараввал аз суханони муфтии кишвар дар хусуси дуруст будани ин иқдом иқтибос оварда, дар идома гуфтааст: «Вале, ин ҳама дар сухан мебошаду халос. Дар асл ба воқеияти Тоҷикистон умуман дуруст намеояд».
Муаллиф агар ба таърих ва ҳаводиси Ҷумҳурии Исломии Афғонистони ҳамсояи Тоҷикистон як назар меандӯхт, фиғони модарону хоҳарон ва бародарону падарони шаҳидони нобаҳангомро медид, шояд аз ин андеша худдорӣ мекард. Беш аз 40 сол аст, ки ин мардум бинобар надоштани пешвои арзандаи сиёсие чун Эмомалӣ Раҳмон, наметавонанд сарҷамъ гарданд.
Дар кишвари мо Эмомалӣ Раҳмон замоне сари қудрат омад, ки Тоҷикистон низ мисли ин кишвар ба ҷанги таҳмилии дохилӣ гирифтор буд ва кишварро хавфи нобудӣ таҳдид мекард. Халқи тоҷик ба парокандагӣ, гуруснагӣ, нодорӣ ва ҷангу ҷидол рӯ ба рӯ буд. Занону модарони тоҷик ашк мерехтанд. Маҳз Эмомалӣ Раҳмон буд, ки бо ба сари қудрат омаданаш миллатро аз нобудиву парокандагӣ эмин нигоҳ дошт. Бо талошҳои бевоситаи ин нафар дар Тоҷикистон сулҳу субот, оромӣ ва ризоияти миллӣ барпо шуд.
Сафсатахонӣ кардан ба дарде намехӯрад. Бо ҳарфҳои бемаъниву пойдарҳаво имкон надорад, ки обрӯи кишвару роҳбарони онро поин бурд, зеро инсонро танҳо дар заминаи амалаш метавон баҳо дод.
Роҳбари кишвар бо амалҳои худ дар муддати беш аз ду даҳсола нишон дод, ки ҳам сазовори унвони Қаҳрамони Тоҷикистон асту ҳам Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат эътироф шуданаш асоси воқеӣ дорад.
Асад Аҳлиддинов