Китобиёт

Пешвои миллат ва таҳкими истиқлоли давлатӣ

№№11 (4907) 24.01.2025

ДАЛЕР ОБЛ МОНОГРАФИЯ копияЧанде пеш КВД КТН «Шарқи озод» монографияи муовини сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум», номзади илмҳои сиёсӣ Далер Абдулло зери унвони «Пешвои миллат ва таҳкими истиқлоли давлатӣ (таҷрибаи Тоҷикистон)»-ро аз чоп баровард. Китоби мазкур аз лиҳози мазмуну муҳтаво фарогир ва саривақтӣ буда, муаллиф бо истинод ба далелу рақамҳои асоснок таҳлил ва пажӯҳиши муҳимро анҷом додааст.

Қайд кардан бамаврид аст, ки Далер  Абдулло ҳамчун рӯзноманигор ва муҳаққиқи нуктасанҷ дер боз дар мавзуи  зикршуда  дар матбуоти даврӣ андешаҳояшро холисона баён мекунад. Силсиламақолаҳояш, ки дар рӯзномаи «Садои мардум» зери унвонҳои «Аз сипосгузории Роҳбари давлат то пайомади бетафовутӣ ба меъёрҳои Конститутсия», «Ғамхориву эътимод ба ҷавонон яке аз фазилатҳои Пешвои миллат аст», «Истиқлолияти давлатӣ ва давлатдории Эмомалӣ Раҳмон», «Ҷаҳонишавии Наврӯз. Ормоне, ки ба шарофати Пешвои миллат воқеият гардид», «Муҳаббатномаи мардум ба фарзанди фарзонаи миллат» ва ғайра ба табъ расида буданд, миёни хонандагони сершумор ҳамовозии гарму ҷӯшон пайдо карда, рӯзномаҳои зиёде онҳоро бознашр намуданд.

Вақте кас мақолаҳои бо сидқу самимият навиштаи Далер Абдуллоро мутолиа мекунад, дарк менамояд, ки воқеан муаллиф бинобар донишу касбияти баланд доштанаш дар бозгӯӣ намудани шахсияти Пешвои миллат муваффақ аст. Ӯ холисона бо факту рақамҳои мушаххас хид­матҳои ба Ватану миллаткардаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро шарҳу тавзеҳ додааст.

Тавре муаллиф дар сарсухани китоб иброз намудааст, «мақсади  таҳқиқоти мазкур муайян ва асоснок намудани заминаҳои сиёсии ба даст овардани истиқлоли давлатӣ, ташаккули ниҳоди Пешвои миллат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши Пешвои миллат дар таҳкими давлатдории миллӣ мебошад».

Муаллиф зимни пажӯҳиш бештар аз методҳои илмҳои сиёсӣ, махсусан таҳлилӣ, таърихӣ, тарҳрезии сиёсӣ, системанокӣ, муқоисавӣ ва ояндабинӣ истифода намудааст.

Асосҳои назариявии пажӯҳиши муаллифро осори илмӣ ва таҳқиқоти олимони барҷастаи гузашта ва муосир, сиёсатмадорони сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ ташкил медиҳанд, ки заминаи устувори таҳқиқи масъалаи устувори истиқлоли давлатӣ ва нақши шахсият дар таҳкиму ҳифзи онҳоро гузоштаанд. Ҳамчунин, ӯ дар раванди таҳқиқи мавзуъ аз асарҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин, доираи васеи сарчашмаҳо, ҳуҷҷатҳои расмӣ ва матолиби омории мақомоти гуногуни давлатӣ (бо зикри  манбаъҳо) истифода намудааст.

Навгониҳои илмии таҳқиқоти муаллифро метавон ба таври зайл ифода намуд:

- якум, мазмун, моҳият ва хусусиятҳои илмию назариявии масъалаи истиқлоли давлатӣ таҳлилу муайян гардида, мавқеъ ва ақидаҳои сиёсӣ вобаста ба он асоснок карда шудаанд;

- дуюм, заминаҳои таърихию сиёсӣ ва консептуалии нақши сарвари сиёсӣ дар таҳкими давлатдорӣ мавриди таҳлили амиқ қарор гирифтаанд;

- сеюм, моҳияти заминаҳои таърихию сиёсӣ ва василаҳои ба даст овардани истиқлоли давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян ва асоснок карда шудаанд;

- чорум, саҳми иҷлосияи тақдирсозе, ки дар «Қасри Арбоб»-и Хуҷанд доир гардид, дар ташаккули ниҳоди нави сарварӣ муайян карда шуда, мақом ва нақши Пешвои миллат дар бартараф намудани низои шаҳрвандӣ ва таҳкими истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон асоснок шудааст;

- панҷум, раванди ташаккул ва нақши ниҳоди президентӣ дар пойдор гардидани истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва ҳифзи дастовардҳои истиқлол муайян гардидааст;

- шашум, хусусияти ташаккули ниҳоди Пешвои миллат дар Тоҷикистон ҳамчун падидаи нави сиёсию ҳуқуқӣ омӯхта шуда, омилҳои тақвияти эътимоди ҷомеа ба он ҳамчун омили таҳкими истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ  таҳлил ва асоснок карда шудаанд.

Далер Абдулло барҳақ таъкид намудааст, ки ба шарофати ҷонфидоӣ, поквиҷдонӣ, қонунмеҳварӣ ва ҷасоратмандии муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон давлатдории миллии тоҷикон аз вартаи нобудӣ  наҷот ёфт, тамомияти арзии Тоҷикистон ҳамчун давлати ягона ҳифз шуд, аркони асосии сиёсӣ, идорӣ ва қудратии давлатдории миллии мо барқарор гашт, миллати тоҷик ҳамчун воҳиди ягонаи сиёсию этнофарҳангӣ эҳё ва ҳифз гардид. Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон таъмин шуд ва ниҳоят, Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол ҷойгоҳи устувори худро дар арсаи байналмилалӣ касб намуд.

«Аз ин лиҳоз, қадршиносии хизматҳои Абармарди дунёи сиёсат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рисолати ватандорӣ ва қарзи фарзандии ҳар шаҳрванди баору номуси Ватан буда, бояд шурӯъ аз муҳити хонавода талқин гардад», — хулоса намудааст муаллиф дар сарсухани китоб.

Хуб мешуд, ки монографияи мазкур ба дигар забонҳо, аз ҷумла англисӣ, арабӣ ва русӣ, тарҷума шавад. Ин асар аз дигар китобҳои дар бораи хизматҳои арзандаи Президенти мамлакат навишташуда бо далелҳои қавии илмӣ, таҳлили нуктасанҷона ва факту рақамҳои мушаххас фарқ мекунад. Боварӣ дорем, ки ин иқдом дар муаррифии бештари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи илмии ҷомеаи ҷаҳонӣ хизмати шоиста хоҳад гардид.

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум»