Пешвои сангаршикани миллатсоз

№118-119 (4858-4859) 04.10.2024

WhatsApp Image 2024-10-04 at 08.51.01Таърихи ҳазорсолаи давлатдории дунё далолат мекунад, ки бунёд, таъсису ташаккули империяҳо, давлатҳо танҳо ба ақлу заковат, хирад, маҳорат ва ҷонбозиҳои ашхоси алоҳида марбут аст. Пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шуравӣ собиқ ҷумҳуриҳои пасошуравӣ зери таъсири абарқудратҳо дар бозори геополитикӣ ба арсаи рақобат дучор гаштанд. Ба хотири зери таъсир гирифтани онҳо фишор, таҳдидҳо ва иғвоҳо таҳия гардиданд. Дар ин росто, тоҷикони таҳаммулпазир, вале содадилу озод аз иғвову низоъ ва «бозиҳои сиёсӣ»-и абарқудратҳо, ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуданд. Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери хатар қарор гирифт.

Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим таърихи сию панҷ соли охири кишварро омӯхтаву таҳлил намуда, маводи зиёдеро гирд оварда, маҷмӯаи мақолаҳо ва хотираҳояшро дар шакли китоб бо номи «Пешвои сангаршикани миллатсоз» омодаи нашр намудааст. Мундариҷаи матлабҳои публитсистии ӯ посухи арзанда ба навиштаҳои заифонаи душманону хоинони Тоҷикистони соҳибистиқлол аст.

Фаъолияти давлатсозӣ, сулҳоварӣ, инсонпарварӣ, ташаббусҳои таърихии байналмилалӣ, фаъолияти қонунгузории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи устувор гардондани таҳкурсии Истиқлоли давлатӣ, бешубҳа, хеле бузург аст. Аз ин рӯ, Қодири Қосим нигоштааст, ки Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пешвои муаззами миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бо ҳам тавъаманд ва ҳар гоҳ аз истиқлолият ҳарф занем, корномаҳои Сарвари давлат дар роҳи ҳифзи дастовардҳои замони соҳиб­истиқлолӣ, барқарории сулҳу ваҳдат пеши назар меоянд. Ҳамчунин, таъкид месозад, ки барои равшан гардидани моҳияти ба ҳам пайвандии мафҳумҳои Пешво ва Истиқлол мо бояд лаҳзае «тобистони гарм»-и соли 1992-и кишвар, алалхусус, шаҳри Душанберо, ба хотир орем. Неруҳои ифротии руҳониёни аз дини мубини ислом бехабар, демократҳои аз маъниҳои ин вожа ноогоҳ, маҳалгароёни бемаҳали бо шиори «миллати воҳид» мусаллаҳ, мансабхоҳони мутеи як маҳал, исломгароёни мактабҳои ифротии мамлакатҳои хориҷӣ, ҷудоихоҳон бо пулу моли хоҷагони хориҷӣ тарҳи нобуд сохтани давлати моро кашиданд. Онҳо гумон доштанд, ки тоҷике ба мисли Садриддин Айнӣ, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нусратулло Махсум аз нав пайдо намешавад. Бовар доштанд, ки ғайрату ғурури Спитамен, Деваштич, Темурмалик ва Восеъ комилан гум шудааст. Хушбахтона, ба таври муъҷизавӣ 9 гурди ватансоз, 9 руҳи Шерак, Спитамен, Маздак, Рустам, Деваштич, Садриддин Айнӣ, Шириншоҳ Шоҳтемур, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода дар симои як ҷавони ҳамон шабу рӯз чорумин даҳсолаи ҳаётро пешвозгиранда инқилоб кард. Руҳи бузургон паҳлавони арсаи сиёсат Эмомалӣ Раҳмонро ба ин миллати бостонӣ дар Қасри Арбоб ҳадя намуд.

Иҷлосияи тақдирсози XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тифли яксолаи истиқлолро аз вартаи марг наҷот дод. Неруҳои бадхоҳ ва исёнгар бори дигар кӯшиш карданд, ки бозиҳои пасипардагии сиёсиро идома диҳанд ва сенарияи нобудсозии Тоҷикистонро аз нав таҳия ва тарҳрезӣ намуданд. Аммо коргардони тақдири халқ ва корсози нави Тоҷикис­тон, аллакай, аз тамоми асрори табаддулотгароии онҳо огоҳ буданд. Марди сангаршикани ҷонфидо Эмомалӣ Раҳмон зимоми идораи давлатдориро ба таври қавӣ ба даст гирифтанд. Ҳоло, барҳақ, ин санаи таърихӣ чун таҳкурсии оҳанину устувори Истиқлоли давлатӣ маҳсуб мегардад. Агар Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир намегардиду Эмомалӣ Раҳмон зимоми давлатдориро ба даст намегирифтанд, шояд номи Тоҷикистон аз харитаи сиёсии ҷаҳон зудуда мешуд.

Вакилони иҷлосия, гарчанде мавқеъҳои мухталифро пайгирӣ мекарданд, дар шароити басо мушкили сиёсӣ ва иҷтимоӣ, бо вуҷуди фишор ва таҳдидҳо, иштибоҳ накарданд. Интихоби ­Эмомалӣ Раҳмон ба мансаби Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Сарвари давлат ба мақсади сулҳу оромӣ, рушди бомаром ва эҳёи давлати озоду мустақил, дунявии ҳуқуқбунёд буд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ аз рӯзҳои аввали фаъолияти давлатдорӣ ва сиёсии муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дарк намуд, ки минбаъд Ҷумҳурии Тоҷикис­тонро ба «бозиҳои сиёсӣ» кашидан душвор хоҳад шуд. Аз ин рӯ, баъзе қувваҳо даргириҳои дохилиро бо баҳонаи «озодӣ», «демократия» «эҳёи арзишҳои миллӣ», «рушди исломи пок» чун омили заифкунандаи Ҳукумат тарҳрезӣ намуданд. Сарвари навинтихоби Тоҷикистон ҳамаи ин дасисабозиҳоро дарк сохтанд ва на танҳо ба муқобили гуруснагӣ, фақру бенавоӣ, муҳосираҳои иқтисодӣ чора андешиданд, балки аз минтақаҳои пароканда, сохтори фарсудаи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангию маърифатӣ давлати нави воҳид ва рӯ ба инкишофро бунёд гузоштанд. Аҳсант ба Сарвари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки озодиву баробариро дар фазои сулҳу оромӣ таъмин кард. Он чи ки Шарл де Гол, Маҳатма Гандӣ, Ҷавоҳирлаъл Неҳру, Томас Ҷеферсон орзу доштанд, бо дасти Пешвои тоҷикони дунё ҷомаи амал пӯшид.

- Воқеан, ба дурустӣ, ки дар мавриди сулҳофарӣ ва ҳалли низоъҳои миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҷрибаи ҷаҳонӣ модели нави муассири сулҳофариро кашф ва пешкаши сулҳхоҳон намуданд, — менигорад Қодири Қосим. — Ин сулҳест, ки маъруфтарин муборизони сатҳи ҷаҳонӣ Патрис Лумумба, Мартин Лютер Кинг, Нелсон Мандела онро орзу доштанд. Агар сулҳи эҷоднамудаи муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ғалаба намекард, алангаи ҷанг марзҳоро сӯзонда, то ба дуриҳо мерафт.

Дар ҳақиқат, вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии солҳои навадуми асри ХХ мушкил ва хатарнок буд, вале Роҳбари давлат барои наҷоти миллат, алорағми фишорҳо, суиқасдҳо ва монеаҳои зиёд, бо иродаи устувор, ҷасорати беназир ва фазилати ақлонӣ сулҳу оромию рушди бомаромро таъмин намуданд. Дар ҳоле ки як миллион берун аз хоки Ватан буду садҳо нафар дар сангари бемаънии ҷанг қарор дошту 6 миллион муҳтоҷи як бурда нон буд, Парчами истиқлолро Ҷаноби Олӣ то ба қуллаҳои Помир баланд бардоштанд.

Истиқлоли давлатӣ ба мо истиқлоли сиёсӣ дод ва ҳамин истиқлоли сиёсиро аз дасти мо неруҳои сеюм гирифтанӣ буданд. Сулҳи Пешвои миллат истиқлоли давлатӣ, сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоии кишварро нигоҳ дошт.

Имрӯз даҳҳо созмонҳои сиёсию иқтисодии ҷаҳонӣ, байналмилалӣ, минтақавӣ моро ба расмият мешиносанд, дар 134 давлати дунё ва ташкилотҳои байналмилалӣ Парчам ва Нишони давлатии мо аз истиқлолият ва давлати томи тоҷикон навиди муборак медиҳанд.

 Сиёсатмадорон ва ҷомеашиносон вазъи Тоҷикистонро сӣ сол пеш ба давлати Афғонистон шабеҳ дода, қотеъона барои барқарор шудани суботи умум гузашти 20 солро пешгӯӣ мекарданд. Пешвои миллат роҳи бистсоларо дар ду сол тай заданд…

Имрӯз дастовардҳои замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҳар бинандаи бо ақлу хирадро ба ҳайрат меорад ва ӯ аз сидқи дил, бо амри виҷдон мегӯяд, ки зиҳӣ тоҷику тоҷикистонӣ, ки ин қадар шаҳру шаҳракҳо, роҳҳои байналмилалӣ, пулҳо, неругоҳҳо, корхонаю коргоҳҳо, варзишгоҳҳо, коху қасрҳо, мактабу донишгоҳҳо, беморхонаҳои беқиёс, гулбоғу хиёбонҳо бунёд намудаед. Бале, ҳамаи созандагиҳои мо бо номи Сарвари давлат вобастаанд ва инро мардуми сипосгузори кишвар ба хубӣ медонанд ва ба хизматҳои ӯ арҷ мегузоранд.

Агар ба таърихи ҳамаи давлатҳои пешрафтаи дунё назар афканем, мардумаш ба роҳбарони адолатпарвар номҳои шоиста мегузоранд. Дар Тоҷикистон ҳам, ки як узви вобастаи ҷомеаи ҷаҳонист, ин анъана роиҷ аст. Бори нахуст пирамарди ишкошимӣ моҳи августи соли 2006 ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди давлати мардумсолор бо мартабаи Пешвои миллат рӯ оварда буд. Ва ин хитоби таърихии ӯ ба кулли тоҷикони дунё писанд омад ва асос ба қабули Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» гардид. Мартабаи Пешвои миллат ба мисли рамзҳои муқаддаси давлатӣ: Конститутсия, Парчам ва Нишони давлатӣ, Суруди Миллӣ барои ҳар нафари тоҷикистонӣ боиси ифтихор аст. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳамаи тоҷикону форсизабонони дунё Пешво аст.

Вақте мо аз Истиқлоли давлатии диёри маҳбубамон ҳарф мезанем, тарзу усулҳои давлатсозӣ, сулҳофарӣ, шуҷоату мардонагӣ, бунёдгарӣ, ташаббускорӣ ва дигар амалҳои созандаи сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва инсонпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ пеши назар меоянд. Ин таърихи муосири моро, ки пур аз саҳифаҳои пешравию комёбиҳост, муаррихон ва коршиносони хориҷӣ ба 300 соли тақвимӣ баробар донистаанд. Барҳақ, истиқлоли мо ин туҳфаи олитарини яздонӣ аст, ки дар ҳазор соли охир ба даст омад. Ҳамчунин, беҳтарин ва олитарин туҳфаи яздонӣ барои мардуми Тоҷикистон ва тоҷикони дунё ин сазовор шуданамон ба Пешвои муаззами миллат аст, ки тавонистанд пояҳои Истиқлоли давлатиро абадан устувор ва пойдор гардонанд, — нигоштааст дар китоби «Пешвои сангаршикани миллатсоз» вакили мардумӣ Қодири Қосим.

Қурбон МАДАЛИЕВ,

собиқадори матбуот