Артиш – мактаби мардонагӣ

Писар аз хизмати ҳарбӣ шавад мард

№58 (4478) 14.05.2022

1021965043_0_57_3000_1942_1920x0_80_0_0_488a56799da8adcd3cf78e7c169dccc2Инак, даъвати баҳории соли равон ба охир расида истодааст. Бештари ҷавонон ихтиёрӣ ба хидмати аскарӣ мераванд, вале ҳастанд падару модароне, ки садди хизмати фарзандон мешаванд.

 Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар даъвати баҳории имсола яке аз аввалинҳо шуда, нақшаи даъват ба хизмати Ватан — Модарро иҷро намуд. Ин аз кори хуби комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳо ва вилоят гувоҳӣ медиҳад. Ҳамчунин, дар мактабҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ хуб ба роҳ монда шудааст. Масалан, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 55-и деҳаи Пиши деҳоти «Ванқалъа» — и ноҳияи Шуғнон Мавҷигул Сулаймонова се фарзандашро барои адои хизмат ба Артиши миллии Тоҷикистон гусел кардааст. Фарзандонаш алҳол дар қисмҳои ҳарбии гуногун сарбаландона адои қарзи Ватанро доранд.

Вақте ки бо муаллима суҳбат кардем, гуфт, ки дастпарвари факултети методикаи таълими ибтидоии Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев мебошад.

- Ҳангоми донишҷӯӣ ҳамсабақони ман аз курси сеюм ё баъд аз хатми мактаби олӣ хизмати ҳарбиро ба ҷо меоварданд.

Мутаассифона, дар даврони соҳибистиқлолии кишвар қисме аз ҷавонон аз хизмати аскарӣ саркашӣ мекунанд. Ҳол он ки ҷавонон хизматро дар қисмҳои ҳарбии Тоҷикистон ба ҷо меоранд ва ҳамаи шароит – хобгоҳҳои замонавӣ, сарулибоси тоза, хӯрокҳои гуногун ва болаззат муҳайё аст.

Солҳои пеш ҷавонписарони тоҷик аз даштҳои сӯхтаи Қазоқистон, то яхистони Сахалин ва Камчатка хизмат мекарданд ва сарбаландона ба Ватан бармегаштанд. Ҷавонҳои аз хизмати Ватан — Модар баргашта, ба муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ҳуҷҷат месупориданд ва ҳангоми имтиҳони қабул муаллимони имтиҳонгиранда хизмати ҳарбии иҷрокардаашонро ба назар мегирифтанд.

Ҳангоми хостгорӣ низ ҳатман мепурсиданд, ки домодшаванда хизмати аскариро ба ҷо овардааст ё не? Яъне, ки ҷавонон ҳангоми хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ИҷШС таҷрибаи зиндагӣ андӯхта, аз ҷиҳати ҷисмонӣ обутоб меёфтанд.

Се фарзандамро ҳамроҳи шавҳарам Бозича Саидвалиев тарзе тарбия намудем, ки бо хоҳиш ба хизмати аскарӣ рафтанд.

Фарзанди калониям Руслан соли дуюм мешавад, ки дар минтақаи Ворухи шаҳри Исфараи вилояти Суғд хизмат мекунад. Ҳамчун модар шод ҳастам, ки писарам сарҳади Ватанро посбонӣ мекунад. Ҳайати фармондеҳӣ ва афсарони қисми ҳарбии писарам аз хизмати намунавиаш қаноатманд ҳастанд. Сардори қисми сарҳадии Ворухи шаҳри Исфара борҳо писарамро бо Сипоснома ва Ифтихорнома қадрдонӣ кардааст.

Писари дигарам Азамат Саид­валиев дастпарвари факултети физика ва информатикаи Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев мебошад. Ӯ қарор дод, ки баъд аз хатми донишгоҳ ҳатман дар сафи Артиши миллӣ хизмат мекунад. Ҳамин тавр ҳам шуд. Як сол хизмати ҳарбиро дар қисмҳои сарҳадбонии ноҳияҳои Мурғоб, Рӯшон ва Хоруғ ба ҷо оварда, чанде пеш бо сари баланд ба наздамон баргашт.

Мунир Саидвалиев фарзанди сеюми хонадон дар даъвати баҳории имсола ихтиёрӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваст. Ҳоло хизмати аскариро дар вилояти Хатлон ба ҷо оварда истодааст.

- Фарзанди чорумам дар мактаби миёна таҳсил мекунад ва мехоҳад, ки баъд аз хатми мактаб ба бародаронаш пайравӣ карда, хизмати Ватан — Модарро ба ҷо орад, — афзуд ҳангоми суҳбат Мавҷигул Сулаймонова.

Хеле хуб мешуд, ки ин ташаббуси неки оилаи Саидвалиевҳоро дар ҷумҳурӣ пайравӣ мекарданд, зеро шоир дар ин маврид хуб фармудааст:

Ба Артиш, оре, оре, меравад мард,

Занад, афтад, ба по хезад, давад мард.

Агар фахри падар бошад зи мардӣ,

Писар аз хизмати ҳарбӣ шавад мард.

Тиллои НЕКҚАДАМ,

 «Садои мардум»