22 январ - Рӯзи кормандони мақомоти гумрук

Покизагуҳар

№10 (4750) 19.01.2024

photo_2024-01-17_09-05-56 (2)Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (28 декабри соли 2023) дар бораи мақому манзалати зан — модар дар ҷомеаи имрӯза ибрози назар карда, аз ҷумла, гуфтанд: «Дар зарфи соҳибистиқлолӣ шумораи зиёди занону бонувони лаёқатманду баландихтисос ба хизмати давлатӣ ва идоракунии давлатӣ ҷалб карда шудаанд ва ин раванд минбаъд низ идома дода мешавад. Нақши занону бонувон дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносӣ, инчунин, пешгирӣ кардани омилҳои номатлуби иҷтимоӣ муассир аст.

Мову шумо на фақат дар як Рӯзи Модар, яъне 8-уми март, балки бояд ҳамеша ва доимо нисбат ба модарону хоҳарону духтарони худ ғамхору меҳрубон бошем».

Бонувони тоҷик ҳоло дар тамоми сохторҳои давлатӣ ва ҳатто қудратӣ софдилона кору фаъолият доранд ва лоиқи ситоишанд. Яке аз ин гуна бонувони фидокор сарнозири дидбонгоҳи гумрукии терминали Хоруғ дар раёсати минтақавии гумрукӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, подполковники хизмати гумрукӣ Зайнура Худоёрова мебошад.

Қаҳрамони матлаб дар деҳаи дурдас­ти Ванқалъаи ноҳияи Шуғнон, дар ­оилаи шахси бомаърифат амаки Алифбек ба дунё омадааст. Падар фарзандонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, инсондӯстӣ ва поквиҷдонӣ тарбия намуда, ҳамаашонро соҳиби маълумоти олӣ ва касбу ҳунар кардааст.

Дар оила се писар ва чор духтар ба воя расидаанд. Зайнура нисбат ба дигар бародару хоҳаронаш чақон, серҳаракат ва зеҳни хуби аз бар кардани шеър ва порчаҳои насриро дошт. Дар мактаби миёнаи №43-и ба номи М. В. Фрунзеи зодгоҳаш бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда, дар корҳои беруназсинфии мактаб хеле фаъол буд.

Таҳсил дар факултети таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев (солҳои 1994-1999) дониш ва ҷаҳонбинии Зайнураи ҷавонро боз ҳам мукаммалтар гардонд. Ҳамчун донишҷӯи фаъол дар чорабиниҳои сиёсӣ, конференсияҳову ҷамъомадҳои ҷашнӣ доир ба Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Ваҳдати миллӣ, Ҷашни байналмилалии Наврӯз иштирок ва маърӯза кардааст.

Баъд аз хатми донишгоҳ ӯро барои кор ба дастгоҳи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон фиристоданд. Ду соли кор ба ҳайси сармутахассис барои Зайнураи ҷавон мактаби таҷриба гардид. Самти кораш бештар бо мақомоти қудратӣ — суд, прокуратура ва милитсия вобаста буд.

Аз овони донишҷӯйӣ орзу дошт, ки оянда дар яке аз сохторҳои низомӣ хизмат кунад. Ҳангоме ки раёсати минтақавии гумрукӣ барои ба кор гирифтани бонувони ҷавон озмун эълон кард, ҳуҷҷатҳояшро пешниҳод намуд ва аз озмун гузашт.

Солҳои (аз соли 2004) аввал ба тариқи шарномавӣ ва як сол пас дар вазифаи афсари калони омори гумрукӣ ба хизмат шурӯъ намуда, инак, 20 сол боз дар ин сохтори муҳим софдилона хизмат карда истодааст. Дар ин муддат ба пастиву баландиҳои кору зиндагӣ дучор шуда, монеаҳоро паси сар намуд. Ӯ солҳои аввали кор дар хадамоти гумруки вилоятро ба хотир оварда гуфт:

- Албатта, ҳар кори нав дар оғоз мушкилиҳо дорад, вале таҷрибаи дусолаи кориам дар бахши назорати дастгоҳи ноҳияи Шуғнон ба ман кумак намуд. Кор дар мақомоти гумрук талаботу нозукиҳои худро дорад. Дар рӯзҳои аввали корӣ аз маслиҳатҳо ва меҳрубониҳои котиботи сарнозири раёсати минтақавии гумрукӣ Гулнисо Сафариева баҳравар гардидам. Вақте ки ба хизмат шурӯъ намудам, сардори раёсати мазкур Саидназар Саидакбаров буд. Ин ду нафар рӯзҳои аввали хизматам аз ҳар ҷиҳат маро дастгирӣ карданд.

Дар натиҷа нозукиҳои касбамро омӯхта, дилам ба кор гарм мешуд. Асарҳои марбут ба гумрукиро бо шавқ мутолиа мекардам. Филмҳои ҳунариро оид ба гумрук зиёд тамошо намудам.

Хизмат дар хадамоти гумрук барои мо занҳо ифтихор аст ва ман бошарафона ва виҷдони пок ин вазифаамро сарбаландона иҷро карда истодаам.

Баъд аз он ки дар деҳаи Теми ноҳияи Шуғнон, Хумроғи ноҳияи Ванҷ, Рӯзвайи ноҳияи Дарвоз ва дар ноҳияи Ишкошими ВМКБ кӯпрукҳоро байни сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистон ба истифода доданд, масъу­лияти кормандони мақомоти гумрук дучанд шуд.

Зайнура Худоёрова солҳои 2008-2018 ба ҳайси нозири калон, сарнозир ва аз соли 2019 ба ҳайси сардори дидбонгоҳи гумрукии «Тем»-и раёсати минтақавии гумрукӣ поквиҷдонона вазифаи хизматиашро ба ҷо овард.

Албатта, хизмат барои зан дар дидбонгоҳи гумрукии «Тем», бахусус дар бозори наздисарҳадии Тоҷикистону Афғонистон, мушкил буд, аммо Зайнура Худоёрова бо дастгирӣ ва кумаки ҳамкоронаш, бахусус собиқ сардори раёсат полковник Меҳрафзун Меҳрафзунов ва сардори имрӯзаи раёсат Рамзӣ Шук­рихудоев, монеа­ҳоро пушти сар намуд.

Мавриди зикр аст, ки дар таърихи Хадамоти гумруки Тоҷикистон подполковник Зайнура Худоёрова аввалин занест, ки ҳамчун нозири калони дидбонгоҳи гумрукии наздисарҳадии байни ду кишвар -Тоҷикис­тон ва Афғонистон интихоб шудааст.

- Сардори онвақтаи раёсати мо подполковники хадамоти гумрукӣ Меҳрафзун Меҳрафзунов бовар карда, барои кор ба вазифаи нозири калони дидбонгоҳи гумрукии «Тем» фиристонд. Пеш аз таъйин ба ин вазифа маро наздаш хонда гуфт:

- Шумо аллакай таҷриба ҳосил кардед, муомилаи хуб доред. Виҷдонатон пок аст, аз таҳти дил ба Ватани азизамон хизмат кунед.

Дар ин муддат Зайнура ҳамроҳи ҳамкасбонаш қонуншиканиҳои зиёди гумрукиро пешгирӣ намуда, шахсони қонуншиканро ба роҳи рост ҳидоят намудааст. Бо ин тоифа борҳо суҳбату машварат гузаронидааст ва эшонро ба риояи қонуну қоидаҳои гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон раҳнамоӣ кардааст.

Натиҷаи кори ҳалол ва фидокоронаи Зайнура Худоёрова барин кормандони поквиҷдони гумруки тоҷик аст, ки сари вақт қонуншиканиҳо пешгирӣ мешаванд.

- Вақте ки мо, кормандони мақомоти гумруки раёсати минтақавии гумрукӣ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро аз оинаи нилгун тамошо кардем, ифтихор намудем. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо, бонувонеро, ки дар сохторҳои қудратӣ хизмат мекунем, боз ҳам рӯҳбаланд намуданд.

Зайнура Худоёрова аз он шод аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2024-ро «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намуданд. Ин беш ба манфиати кор хоҳад буд, зеро на ҳамаи шаҳрвандони кишвар аз қонуну қоидаҳо ва санадҳою меъёрҳои ҳуқуқӣ баҳравар ҳастанд.

- Сиёсати ҳуқуқӣ ва тарбияи ҳуқуқӣ ба мо — хизматчиёни мақомоти гумрукӣ монанди обу ҳаво зарур аст. Бахусус, ба он ҷавонону духтароне, ки кори минбаъдаашонро дар хадамоти гумруки Тоҷикистон муайян ё интихоб мекунанд.

Баъд аз эълон шудани «Соли маърифати ҳуқуқӣ» роҳбарияти раёсати минтақавии гумрукӣ тасмим гирифтаанд, барои онҳое, ки нав ба кор омадаанд, дарс­ҳои омӯзиширо бо ҷалби мутахассисон, ҳуқуқшиносон ва кормандони таҷрибадори соҳа ба роҳ монанд. Дар баробари ин, ба тамоми хизамтчиёни раёсат қонунҳои ҷории вобаста ба соҳа, санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ сари вақт даст­рас мешаванд.

Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санади роҳнамо ва рӯимизии кормандони мо хоҳад буд.

Шоир хуб фармудааст:

Аз Паём ояд садои қалби гарми Пешво,

Як садои дилрасу ғамхору бар дил ошно.

Дар тӯли хизмати 20-солааш дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зайнура Худоёрова аз хизматчии одӣ то рутбаи подполковники хадамоти гумрук сабзид. Соли 2022 дар иди касбиашон ба ӯ нишони «Аълочии хадамоти гумрук»-ро сазовор донистанд. Инчунин, сари синаашро медали ҷашнии «25-солагии таъсисёбии Хадамоти гумруки Тоҷикистон» зеб медиҳад. Меҳнати софдилонааш бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ низ қадрдонӣ шудааст.

Мо ба ин бонуи фидокор ва покизагуҳар дар арафаи иди касбӣ ком­ёбиҳои бештар орзумандем.

Тиллои НЕКҚАДАМ,

«Садои мардум»