Пора — пора ёдҳо…

№10-11(4272-4273) 26.01.2021

(Аз рӯзгори ибратомӯзи академикҳо Ҳомид Мансуров ва Ғиёсиддин Меъроҷов)

werwerҒиёсиддин хеле барвақт аз хоб бедор шуд. Табъаш болида буд. Саросема аз ҷо баланд шуда, оҳиста дарро кушод ва ба саҳни ҳавлӣ баромад. Ҳаво ҳанӯз торику субҳ чеҳра равшан накарда буд, аммо дар чашмони хастаи ӯ осори хобро намедидед. То як поси шаб кор карду афсӯс, ки дар хоби кӯтоҳ ҳам осоиш надид… Рӯяшро бо оби сард шуст. Ба андеша рафт: чаро рӯҳи устод шаб оромаш нагузошт? Аҷаб суҳбати ширин доштанд. Ӯро ҳеҷ гоҳ чунин зиёд хурсанд надида буд. Ҳар замон хушгӯӣ мекард. Аз рӯзгори гузашта ёд меоварду механдид. Гоҳ аз нуқсони кор мегуфту гоҳ аз саргузаштҳое, ки ҳар ду шоҳид буданд. Аз академики масти рус ёд карду доктори илмҳои ошпазӣ, аз дастовардҳои илмӣ, аз табобати беморон… 

Пора-пора лаҳзаҳои ширини зиндагиро  хеле возеҳу рӯшан ёд оварду хандид. Хотираҳои шогирдашро варақгардон кардан мехост.  Гӯё гуфтан мехост, лаҳзаҳои ибратомӯзро фаромӯш манамо. Рисолатро ба ҷо биёр, онҳоро барои дигарон қисса намо, шояд дар тарбияи маънавии наврасону ҷавонон мадад намоянд. Шояд барои  ҷавонони илм­дӯсту эҷодкор ибратбахш бошанд.

Худораҳматӣ ҳамон ҷо ҳам ором намегирад, ғами беморон, ғами рушди соҳаи тиб, ғами сиҳатии миллат рӯҳи марди бузургро ором намегузорад. Ӯ мехоҳад, ки шогирдонаш то нафаси охир ғами  саломатии хеш не, ғами саломатии мардумро хӯранд. Аз устод он қадар хотироти зиёд бо вай мондааст, ки ба қавли кампири Асила, «ҳисобашро дар ду дунё касе намедонад.». Хотираҳои ибратбахш, пур аз андарз… Хотираҳои ширину талх, хотираҳои нерубахшу хотираҳои дардолуд…

Ӯ саҳни ҳавлӣ дар як гӯшаи  кат нишасту пойҳояшро овезон кард ва дар ҳамон ҳолат ба андеша рафт. Рӯзгори гузашта пеши рӯ ҷилвагар шуд. Лаҳзаҳои ҳаёти ӯ ва устодаш Ҳомид Мансуров дар навори рӯшани хотир намоён мешуданд. Дар лабони хушкидааш табассум гул кард. Баъд аз ёди саргузашт баланд хандид. Саросема ба атроф нигарист…

***

Аз шаҳри Новосибирск академик Казачкин омад. Он рӯз шодравон  Ҳомид Ҳусейнович ба кор набаромад. Шабона ҳар ду то дер кор карданд ва устод ба Ғиёсиддин гуфт:

- Писарам, ту ба низоми кори институт назорат кун, ман хаста шудаам ва пагоҳ истироҳат мекунам. Агар ягон кори муҳим пеш наомад, маро нороҳат накун.

Ғиёсиддин олими русро бори аввал медид. Аз суҳбати ӯ пай бурд, ки меҳмон аз тавони хеш бештар шароб истеъмол кардааст, ки гоҳе суханашро гум мекунад ва гоҳе ҳарфҳои ногуфтаниро ба забон меорад. Кӯтоҳи гап,  баъди пурсупоси маъмулӣ хоҳиш кард, ки ӯро ба назди академик Мансуров барад. Ҳарчанд ба вай фаҳмонид, ки имрӯз бо  Мансуров вохӯрдан имкон надорад, устод ба сафари корӣ рафтаанд, меҳмон нафаҳмид ё фаҳмидан намехост. Ду пойро ба як мӯза тиққонда, «Мансуровро дидан мехоҳам», мегуфт.  Садояш торафт баландтар мешуду ҳарфаш беҷотар.  Ғиёсиддин ноилоҷ меҳмонро танҳо гузошт, ба дафтари кории дигар гузашт ва аз он ҷо телефонӣ дар бораи меҳмон ба устодаш хабар дод.

- Марди бузург аст, меҳмон, — шунид овози омиронаи устодашро. — Ӯро бигиру ба хона биё.

- Устод, огоҳатон мекунам, ки вазъи меҳмон чандон хуб нест, мабодо шуморо ранҷонад.

- Магар тоҷикон аз ҳарфи меҳмон меранҷанд? — шӯхиомез посух гуфт Ҳомид Ҳусейнович. — Ӯро биёр, дардашро даво мекунем. Тоҷик тамоми умр нози меҳмонро бардоштааст. Аз он ки бегонагон ба ҳоли меҳмони мо ханданду эрод гӯянд, хубтараш ҷафояшро худамон кашем.

…Назди дарвозаи ҳавлӣ онҳоро устод Мансуров ҳамроҳи саги булдоқаш, ки аз Швейтсария оварда буд, пешвоз гирифт.

Мансуров сагро бисёр дӯст медошт. Ба дӯстону шогирдон ҳамеша мегуфт, ки «саг дӯсти бовафои одам аст ва бояд инсон ҳам ин дӯсти безабонро қадрдонӣ намояд.». Қиссаҳои замоне аз забони калонсолон шунидаашро дар бораи вафодории саг бо ҳазор обуранг барои онҳо ҳикоя мекард. Ӯ лаҳзаҳои фориғи кор бо саг сайругашт карданро хеле дӯст медошт.

Ҳаво сард буд.  Мансуров дар бар ҷомаи сиёҳи махмалин пӯшида  ва ба саг низ чунин ҷома пӯшонда буд. Баробари ба онҳо наздик шудан бо овози баланд:

- Салом, дӯстони иззатманд, — базӯр дар по истода гуфт меҳмон. — Узр мехоҳам, кадоме аз шумо академик Мансуров? Айб нагиред, сарулибоси якхела шуморо хеле ба ҳам монанд кардааст.

- Кадомамон, ки ба шумо маъқул шавем,- хандида посух дод Мансуров.

Онҳо ҳамдигарро ба оғӯш гирифтанд ва самимона ҳолпурсӣ карданд. Баъд академики рус суханашро бо ҳамон оҳанг идома дод:

- Ба ман ҳар дуятон маъқул, лекин ба фикрам, шумо бештар ба академик Мансуров шабоҳат доред.

Садои хандаи онҳо саҳни ҳавлиро пур кард. Дӯстон бори дигар ҳамдигарро ба оғӯш кашида, бӯсиданд ва ба меҳмонхона даромаданд.

- Барои меҳмон як коса оби анор биёр, — ба Ғиёсиддин фармуд академик Мансуров. — Пеш аз  суҳбат бояд ӯро табобат намоем.

Баъди лаҳзае Ғиёсиддин дар даст косаи пур аз оби анор баргашт. Бо хоҳиши Мансуров меҳмон онро холӣ кард.  Шӯхиву суханбозиҳо аз нав оғоз шуданд.  Лаҳзае пас симои меҳмон тағйир ёфт. Саросема сарулибосашро аз назар гузаронд ва бо чеҳраи арғувонӣ ба Мансуров нигарист.

- Дӯстам, узр мепурсам, ки ҳузури шумо дар як ҳолати ногувор омадам. Мабодо ҳарфи беҷо гуфта шуморо ранҷонда бошам?

- Ҳамааш хуб аст, дӯстам, табассуми зебо дар лаб гуфт Мансуров. — Дӯстон дар ҳама ҳолат зебову диданианд.

Он рӯз Ғиёсиддин бори дигар ба дониш, сабру таҳаммул ва муносибати устод қоил шуд. Бузургии устод­ро дар дил аҳсант хонд. На ҳар кас метавонад ба густохиву беадабии наздиктарин дӯст тоб оварад. Ва то ҳол онҳоеро, ки шаробро аз қувва зиёдтар истеъмол менамоянд, тавсия медиҳад, ки барои рафъи хумор аз оби анор истифода баранд.

***

Дар шаҳри овозадори Санкт — Петербург анҷумани гастроэнтерологҳои кишвари паҳновари Иттиҳоди Шӯравӣ баргузор мегардид. Бахт ба рӯи ман ҳам хандид. Аз ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳи устод Ҳомид Ҳусейнович панҷ нафар будем. Кӯтоҳи гап, дар меҳмонхонаи «Мос­ква» ҷой гирифтем. Субҳ дасту рӯй шуста, либосамонро пӯшидему мунтазири устод шудем. Вақт мерафт, вале аз вай дарак набуд. Чор нафар пушти дари ӯ омадем. Акнун масъалаи «кӣ бояд устодро садо кунад» ба миён омад. Касе ҷуръат намекард. Ҳама ба ман менигаристанд. Бачаҳо аз эҳтироме, ки доштанд, метарсиданд, ки мабодо рафтори густохона боис ба ранҷиши хотири вай шавад.

«Ғиёсиддин, ту муовини устод ва аз шогирдоне ҳастӣ, ки хоса эҳтиромат мекунанд, натарсида ба дар оҳиста бо ангуштат ақаллан як-ду то занӣ, кор буд мешавад», гуфтанд ҳамраҳонам. Лекин ман ҳам ҷуръат накардам. Ҳайрон мондем. Ҳамон вақт дар кушода шуд ва ӯ рӯ бар рӯ пайдо гардид. Табъаш болидаву лабонаш ғарқи ханда гуфт:

- Агар ҳар чоратон якҷо ба дар мушт мезадед, фаврӣ мебаромадам.

Ба истгоҳ расидем. Байни мо нафаре буд, ки дар шаҳри Санкт- Петербург се сол докторантура хонда буд. Ҳамеша ҳавои даҳан мекард, ки пастиву баландии онро аз Душанбе беҳтар медонад.

- Ҳамин троллейбус ба куҷо мерафта бошад, — ба вай рӯй оварда гуфт устод.

- Ба куҷое, ки шумо гӯед,  устод меравад, — ҳозирҷавобӣ кард «роҳбалади мо».

- Ба Академияи ҳарбӣ намеравад?

- Ростӣ гап, ба он ҷо рафтанашро намедонам, — посух дод аз нав ӯ.

Устод ба чеҳраи «роҳбалад» синчакорона нигарист ва хомӯшона сар ҷунбонд. Шояд лофзаниҳои беҳудаи шогирд ба дилаш зада буд. Аслан ӯ мардони лофиро дӯст намедошт ва намехост, ки байни шогирдонаш чунин ашхос бошанд.

Ҳамон вақт буд, ки троллейбуси дигар дар истгоҳ қарор гирифт ва дар қисмате аз оинаи пешаш нишонии академия навишта шуда буд. Омадани нақлиёт шогирдро аз чанголи хиҷолат наҷот дод ва ба троллейбус савор шуда рафтем.

Ду рӯз пеш аз оғози анҷуман мувофиқи нақшаи Вазорати тандурустии ИҶШС (СССР) бо иштироки олимони намоён дар мавзӯъҳои гуногуни касалиҳои дарунӣ ҷамъомад доир гардид. Он дар маҷлисгоҳи Академияи тиббӣ-ҳарбии шаҳр баргузор шуд. Ногуфта намонад, ки барои иштирок дар анҷуман ва конфронсҳои он олимони машҳур аз дигар кишварҳо омада буданд. Дар барнома аз Тоҷикистон баромади се нафар ба нақша гирифта шуд.  Устод баромад карданд ва баъди ӯ ба ман сухан доданд, вале нафари сеюм баромад накард.

Ӯ аз олимоне буд, ки ҳамон рӯзҳо дар докторантура таҳсилро идома медод. Аз рух додани ин ҳолат устод ранҷид, ки «чаро ҳамшаҳриамон бепарвоӣ карда, дар суҳбати гирди мизи мудаввар иштирок накард.». Баъди ба анҷом расидани чорабинӣ Ҳомид Ҳусайнович фаврӣ устоди петербургии он докторро пайдо карду пурсид:

- Чаро шогирдатон дар конфронс иштирок накард?

Академики рус китф дарҳам кашида, хандиду чизе нагуфт. Баъд аз мо хоҳиш кард, ки ба мошинҳо савор шавем. Устод Мансуровро ҳамроҳаш дар мошини аввал гирифт. Ба истироҳатгоҳи академик рафтем. Лаҳзае, ки дарвозаро кушоданду мошинҳо вориди истироҳатгоҳ шуданд, дидем, ки докторант сари дег машғули ошпазист.

Ман ба тарафи устод Ҳ. Мансуров нигаристам, лекин дар лабони ӯ аз ханда нишоне надидаму сукут ихтиёр кардам. Маълум буд, ки аз кирдори доктори оянда розӣ нест.

- Гӯр ҳамин ошпазӣ, — ба ман нигариста гуфт устод. — Ними умри мардуми мо барои пухтани ош сарф мешавад.

Ба устод алам карда буд, ки доктори ояндаи тоҷик  ба ҷойи илмомӯзӣ ба ошпазӣ машғул шуда, масъулияти касбӣ ва миллиро фаромӯш кардааст.

Аз ин ба баъд агар ба сафар танҳо мерафтам ва ба коре машғул шудан мехостам, абрӯи гиреҳзадаи устод ёдам меомад ва китоберо ба даст мегирифтаму ба мутолиа машғул  мегардидам. Фикри корҳои дигарро аз сар дур мекардам. Метарсидам, ки мабодо устод пай барад, ки дар шаҳри дур ба ҷойи илмомӯзӣ ва аз худ кардани таҷрибаи пешқадами олимони машҳур ба корҳои беҳуда машғулам…

Диловари МИРЗО,

«Садои мардум»