«Пушти ҳарфам об мегардам зи шарм…»

№60 (4480) 19.05.2022

IMG_0032Агар пешаи интихобнамуда сабаб намегардид, дар гумон буд, ки бо дӯсту бародари донишманд Абдулқодири Раҳим шиносоӣ пайдо намоем. Ҳини таҳсил дар Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) ӯ аз камтарин донишҷӯёне буд, ки худро пурра ба омӯзиш бахшид. Маҳз ҳамин ҷиҳат аз муҳаббати беандозаи Абдулқодир нисбат ба илму дониш, забони модарӣ ва ифтихору муқаддасоти миллӣ башорат медиҳад.

Овони донишандӯзӣ, ба фикрам, донишҷӯ ва муаллиме намонда буд, ки ин байти машҳури Абдулқодирро аз ёд намедонист:

Гар хатое рафт аз мо, бехато баргӯ хато,

Ҳар хаторо дар хатое, бехатоӣ ҳаст ҷо.

Ҳамин як байт он замон кофӣ буд, ки дар симои Абдулқодир устодону ҳамсабақон шоири хушзавқи ояндаро бубинанд.

Баъди хатми факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ӯ дар Телевизиони Тоҷикистон, рӯзномаи «Мубориз»-и ноҳияи Восеъ, маҷаллаи «Фарҳанг» кор карда, аз соли 1993 дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» фаъолияти пурмаҳсул дорад.

Дар ин муддат, бо вуҷуди хислати баланди хоксорӣ доштан, тавонист, ки худро ҳамчун рӯзноманигор, шоир, нависанда, публитсисти моҳир нишон диҳад ва доираи васеи ҳаводоронро пайдо намояд.

Маҳфили эҷодии ӯ, ки чанде пеш дар толори «Боргоҳи сухан» бо иштироки инсонҳои фозилу донишманд ва доираи васеи ҳаводорони сухани ноб баргузор гардид, бори дигар аз истеъдоди баланди ӯ башорат дод.

«Дурӯғи шабнам», «Чароғи ошноӣ», «Ҷилваи як нола», «Нусхаи парешонӣ», «Рӯшноӣ», «Фиреби меҳр», «Хилвати оина», «Духтари афсонаҳо», «Пайвандгари марзҳо ва дилҳо», «Ашки сари мижгон», «Назари лутф», «Домони абр», «Оби дари хона тира нест», «Ранг­ҳо», «Дигар дурӯғ нест», «Шод зӣ, шод!», «Гулҳои худрӯ» ва «Раҳи ашк» китобҳоеанд, ки Абдулқодир ба хонанда пешкаш намудааст.

Ростӣ, барои рӯшанӣ андохтан ба паҳлуҳои гуногуни эҷодиёти Абдулқодири Раҳим хабару мақола кифоя намекунад. Он арзандаи бештари таваҷҷуҳ ва таҳқиқ мебошад, ки боварӣ дорем, аз тарафи суханшиносон ҳатман  сурат хоҳад гирифт.

Тавре ӯ мегӯяд:

Пушти ҳарфам об мегардам зи шарм,

Рӯбарӯям чун шавад маънирасе.

Мирзо РУСТАМЗОДА,

«Садои мардум»