Бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ дар толори Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхӯҷа Асирӣ таҳти унвони «Рӯдакӣ-устоди суханварони Аҷам» маҳфили Рӯдакихонӣ ташкил намуданд.
Дар маҳфил китобдорон ва ҳаводорони шеър доир ба «Осори Рӯдакӣ ва асарҳои тадқиқотии рӯдакишиносон» намоиши слайдӣ тамошо карданд. Маърӯзаи сардори шуъбаи табъу нашри китобхона Шодӣ Шарафниё роҷеъ ба мавзӯи «Рӯдакӣ дар оинаи адабиёт ва адабиётшиносии тоҷик» дар ин маҳфил ҷолибу шуниданӣ буд.
Аҳли маҳфил аз эҷодиёти порчаҳо қироат намуда, оид ба рӯзгору осори ӯ суҳбати судманд намуданд.
Ҳусейни Назрулло, «Садои мардум»