Ҳафтаи гузашта дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон рӯнамоии китобҳои журналист, публитсист, сармуҳаррири ҳафтаномаи «Тоҷикистон» Шариф Ҳамдампур — «Чунин гуфт оне, ки буду оне, ки ҳаст» ва «Тоҷикон дар суҳбати Ғафуров бо Сталин» баргузор гардид, ки дар он журналистон, адибон, олимон, ходимони давлатию сиёсӣ ва донишҷӯёни бахши журналистика ширкат варзиданд.
«Чунин гуфт оне, ки буду оне, ки ҳаст» ҷилди якуми мунтахаби осори муаллиф буда, фарогири мусоҳибаҳо бо чеҳраҳои намоёни сиёсӣ, иқтисод, илму адаб, фарҳанги дохил ва хориҷи кишвар, аз ҷумла, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Исроил Шимон Перес, Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Раиси Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Бурҳониддин Раббонӣ, Президенти Ҷумҳурии Саксония Маттиас Рёсслер, роҳбари гурӯҳи депутатҳои Бундестаг оид ба масъалаҳои Осиёи Марказӣ Манфред Груд, сармуҳаррири рӯзномаи «Аргументы и факты» Николай Зятков ва дигар ашхоси муътабар мебошад.
Дар китоби «Тоҷикон дар суҳбати Ғафуров бо Сталин» муаллиф лаҳзаҳоро аз рӯзгори Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров ҳикоя мекунад, ки аз хотироти ҳамкорон, ҳамнишинон, ҳамсафарон, наздикони Бобоҷон Ғафуров ва бойгониҳо ҷамъ овардааст. Онҳо на танҳо чеҳраи Бобоҷон Ғафуровро, ки дар сарнавишти халқи тоҷик нақши созанда дорад, боз мекунанд, балки парда аз рӯи ҳақиқати таърих низ мебардоранд.
Ҳар ду маҷмӯа барои доираи васеи хонандагон тавсия гардида, бархе аз ҳозирин хизматҳои Шариф Ҳамдампурро дар рушди журналистика шоистаи таҳсин ва ибратомӯз арзёбӣ карданд.
Абдумаҷид МУРОДОВ,
«Садои мардум»