Рӯнамоии «Тулӯъ дар ғуруб»-и Аброри Зоҳир

№10 (4750) 19.01.2024

15-уми январи соли 2024 дар Китобхонаи шаҳрии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ китоби тозанашри «Тулӯъ дар ғуруб»-и нависанда Аброри Зоҳир рӯнамоӣ гардид. Ин китоб бо ибтикори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фарзанди нависанда Шаҳбози Аброр нашр шудааст.

Зимни рӯнамоӣ зикр гардид, ки романи «Тулӯъ дар ғуруб» фарогири моҷароҳои миллию давлатсозӣ дар солҳои ҳассосу тақдирсоз барои миллатҳои Осиёи Марказӣ буда, давраи ташкилёбии Иттиҳоди Шуравӣ ва ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ба рангу тобишҳои бадеӣ хеле хотирмону ҷаззоб инъикос шудааст.

 Ёдовар мешавем, ки нависандаи сермаҳсул Аброри Зоҳир дар нашрияҳои гуногуни даврӣ ва дар вазифаҳои директори «Телевизиони Тоҷикистон», сардори раёсати иттиҳодияи «Тоҷиккино», директори киностудияи «Тоҷикфилм», сармутахассиси шуъбаи иттилоотию таҳлилии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуда, қиссаю романҳои ӯ, ба монанди «Моҷарои хурд дар шаҳри калон», «Як рӯзи ҳаёт», «Меҳмони нохонда», «Васвасаи дунё», «Мунтасир», «Бозгашт», «Ғуруби офтоб», «Мурофиа», «Бомдоди ишқ», «Беном», «Бармахида», «Бозии тақдир», «Чароғи мунаввар» ва ғайра, бо сабку услуби хосашон дар адабиёти муосири тоҷик мавқеи устувор пайдо кардаанд. Нависанда соли 2015 дар 50-солагӣ вафот кардааст.

Р. ҲАБИБ,

«Садои мардум»