11 марти соли ҷорӣ Рӯзҳои Донишкадаи давлатии умумироссиягии кино (ДДУК) дар мамлакат оғоз ёфт. Ба ин муносибат дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ҷамъомад доир гардид. Ректори он Хайриддин Идиев зикр кард, ки чорабинӣ ба 100 — солагии аввалин донишкадаи кино дар ҷаҳон — ДДУК бахшида шуда, то 15 март дар шаҳри Душанбе идома меёбад.
Қайд гардид, ки ДДУК-и ба номи Герасимов дар инкишофи кинои ҷаҳонӣ нақши бориз дошта, қисмати зиёди дастпарваронаш шуҳрати ҷаҳонӣ доранд.
Дар доираи чорабинӣ консерти «Дӯстии донишҷӯён», «Вохӯрии хатмкардаҳои ДДУК» баргузор гардида, намоиши намоишномаҳои «Панҷ бегоҳ» (режиссёр Владимир Фокин) ва «Эдип» (режиссёр Тағоймурод Розиқов) дар назар аст.
Рӯзҳои ДДУК-и ба номи С. А. Герасимов бо баргузории ҷашни Наврӯз дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон хотима меёбад.
Абдухолиқ МИРЗОЗОДА, «Садои мардум»