РӮЗҲОИ ФАРҲАНГИ ХАТЛОН ДАР БАДАХШОН БАРГУЗОР МЕГАРДАНД

№62 (3542) 14.05.2016

Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли ҷорӣ тантанаҳои ҷумҳуриявии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баргузор мегардад. Ба ин муносибат Рӯзҳои фарҳанги вилояти Хатлон низ дар ин диёри кӯҳистон сурат мегирад.

Дар ҷамъомаде, ки ба ин муносибат дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо иштироки узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилоят Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ барпо гардид, масъалаи мазкур мавриди муҳокима қарор гирифта, шахсони масъул доир ба омодагиҳо гузориш доданд. Вобаста ба масъалаи мавриди назар гузориши муовини раиси вилоят Хидирзода Махфират Умар шунида шуд. Тавре қайд гардид, рӯзҳои фарҳангӣ дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта, ҳадафи он устувор гардонидани муносибатҳои дӯстии сокинони кишвар, таҳкими ваҳдату ҳамдилии минтақаҳои гуногун ва шиносоӣ бо фарҳанги ғании аҷдодӣ мебошад.

Зикр гардид, ки дар рӯзҳои таҷлили ин ҷашни пуршукӯҳ 120 нафар корманди бахши фарҳанг, адибон, пешқадамони истеҳсолот, ҷавонону меҳтарон, кормандони театрҳои касбии вилоят, ансамблҳои таронаву рақс иштирок менамоянд.

Барои мардуми ВМКБ асарҳои ҷолиби саҳнавӣ, барномаҳои пурмазмуни консертӣ, маҳфилҳои адабию мусиқӣ бо иштироки шоирону нависандагони шинохтаи Хатлонзамин, санъаткорону ҳунармандон, ҳамчунин намоиши ҳунарҳои дастӣ, ба мисли зардӯзию чакандӯзӣ, сару либосҳои миллӣ ва ғайра пешкаш мегардад.

Муовини якуми раиси вилояти Хатлон  Қурбон Ҳакимзода иброз намуд, ки кишоварзони Хатлон низ бо мақсади иштирок дар ин чорабинии муҳим омодагии ҷиддӣ гирифта, намунаи беҳтарини маҳсулоти худро пешкаш менамоянд.

Раиси вилоят таъкид намуд, ки тибқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ба як гурӯҳ куҳансолону эҳтиёҷмандони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кумакҳои молиявӣ расонида мешавад.

Номбурда изҳори умед намуд, ки Рӯзҳои фарҳанги вилояти Хатлон дар ВМКБ дар сатҳи зарурӣ сурат гирифта, барои боз ҳам мустаҳкам гардидани дӯстию рафоқати мардуми ин ду минтақа мусоидат мекунад.

Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум»