16-уми апрели соли равон дар кинотеатри «Кохи Наврӯз» Рӯзҳои синамои Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт. Дар ин маросим ҳунармандон, масъулони соҳаи синамо ва коршиносони Тоҷикистону Ӯзбекистон иштирок намуданд.
Директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён Рӯзҳои синамои Ӯзбекистон дар Тоҷикистонро натиҷаи дӯстии ҳар ду кишвар арзёбӣ кард. Аз ҷумла гуфт, ки муносибати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки ба анъанаҳои дӯстию бародарии халқҳои тоҷику ӯзбек асос ёфтааст, солҳои охир ба маҷрои нав ворид гардид, ки дар ин кор роҳбарони ҳар ду кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев саҳми бориз доранд. Ҳоло миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар бисёр самтҳо, аз ҷумла синамо, санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расидаанд, ки ба рушди синамои ҳар ду кишвар мусоидат хоҳад кард.
Муовини раиси Агентии кинематографияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шӯҳрат Ризоев гуфт, ки дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек таърихи тӯлонӣ дорад ва ин дӯстӣ тавассути синамо боз ҳам устувор хоҳад шуд.
Рӯзҳои синамои ӯзбек то 19-уми апрели соли 2024 идома ёфта, тайи ин муддат филмҳои ҳунарии «Абдулло Орифов» (коргардон М. Эркинов), «Судя» (коргардон Д. Масаидов), «Таҳаввулот» (коргардон Е. Тӯйчиев) ва «Зинда бод, ҳамсар!» (коргардон М. Матчанов) дар кинотеатрҳои шаҳри Душанбе ва коху қасрҳои фарҳанги шаҳрҳои Ҳисор, Ваҳдат ва ноҳияи Варзоб манзури дӯстдорони олами синамо гардид.
Ф. АБДУКАРИМ,
«Садои мардум»