Ҳастанд нафароне, ки маҳз барои кӯдакон асар меофаранду нақш мебозанд. Корманди шоистаи Тоҷикистон Бекмуҳаммади Асомиддин аз зумраи чунин ҳунармандон аст.
Қаҳрамони матлаб аз кӯдакӣ ба ҳунарпешагӣ рағбати зиёд дошт. Баъд аз хатми мактаби миёна ба факултети санъати Донишкадаи омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Қандил Ҷӯрев (ҳоло ДДОТ ба номи С. Айнӣ) шомил шуд. Фаъолияти ҳунариро аз Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи М. Воҳидов оғоз намуд. Ҳаводорони санъати театр нақшҳои офаридаи ӯ, аз ҷумла Шоҳ дар намоишномаи «Фолбинии Афандӣ»-и А. Баҳорӣ, Каҷпо дар «Ҷодугар»-и М. Хаёлов, Дев дар «Духтари ҷасур»-и Ш. Қиёмов, Ланкабой дар «Толмаси айёр»-и А. Абдураҳмонов ва Тошқайнар дар намоишномаи «Фиғон»-и Ч. Айтматовро дар ёд доранд. Б. Асомиддин бештар бо нақши дев миёни мардум маъруфият пайдо намуд.
- Вазорати маданияти ҷумҳурӣ (ҳоло Вазорати фарҳанг) коргардони боистеъдод Эргаш Масафоевро аз Ӯзбекистон ба театр даъват кард,- ба хотир овард Б. Асомиддин. — Ӯ мо, ҳунармандони ҷавонро дар дафтари кориаш ҷамъ намуда гуфт, ки барои санҷиши маҳорати мо афсонаи «Мануки шикорчӣ»-ро ба саҳна мемонад. Баъд нақшҳоро тақсим намуд: Манук — Ғ. Исломов, Анаӣ — С. Алиназарова, Дев — Б. Асомиддин.
Устоди ман Муҳаммадҷон Қосимов мегуфт: «Писарам, образро дар вуҷудат чунон ҳал намо, ки мисли оби нӯшидаат ба тамоми вуҷудат паҳн шавад». Он вақт ман дар минтақаи Нагорнийи пойтахт зиндагӣ мекардам. Дар кӯҳ тамрин менамудам, то на ман ба касе халал расонаму на касе ба ман. Он қадар ба нақш ворид шудам, ки вақти санҷиш Э. Масафоев гуфт: «Ягона нафаре, ки дар дучарха дуруст нишастааст, Асомиддинов мебошад». Манзури устод ин буд, ки ман нақшро дуруст ҳазм кардаам.
Рӯзи намоиш аз вазорат ва телевизион одамон ширкат доштанд. Намоиш ба поён расиду коргардони телевизион Баҳром Сайфиддинов наздам омада, ба дастам матни намоиши навро дода гуфт: «Ана ин нақши дуюми дев!» Он намоишномаи асари Шамсӣ Қиёмов «Духтари ҷасур» буд. Намоиш омода гардид ва онро тавассути телевизион нишон доданд. Субҳи рӯзи дигар аллакай ман «деви ҷумҳурӣ» шудам.
Бекмуҳаммади Асомиддин дар Театри давлатии ҷавонон ба номи М. Воҳидов 18 сол фаъолият намуд. Дар рушди театри тоҷик низ саҳми кам надорад. Соли 1991 бо пешниҳоду талоши ӯ ва дастгирии раиси вақти Хазинаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон Почобегим Ҳафизова дар пойтахт Театри кӯдаконаи «Афсона» таъсис ёфт. Ҳунармандони нахустини театр 8 дастпарвари Омӯзишгоҳи маданӣ-равшаннамоӣ (ҳоло Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Бӯйдоқов) буданд. Театр дар муддати кӯтоҳ миёни мардум, хусусан кӯдакон, овозадор шуд, зеро намоишҳо ҷолиб таҳия мешуданд. Ҳунармандони театр то гӯшаҳои дурдасттарини кишвар сафарҳои ҳунарӣ анҷом медоданд.
Он солҳо Б. Асомиддин, ҳамзамон, вазифаи директори Маркази фарҳангии «Ориёно»-ро бар дӯш дошт. Соли 1997 ӯро директори Сирки тоҷик таъин намуданд.
- Вақте дар сирк фаъолият доштам, аз шаҳри Тошканд гурӯҳи сирки қадпастон (лилипутҳо)-и Ӯзбекистон бо роҳбарии ҳунарманди боистеъдод Протсенко ба Душанбе омад. Пас аз тамошои ҳунари онҳо дар зеҳнам андеша пайдо шуд, ки чаро дар мо набошад? Баъд ба ҷустуҷӯи қадпастон баромадам. Аз тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ бо розигии волидонашон чунин нафаронро дар Душанбе ҷамъ оварда, гурӯҳи сиркии қадпастонро ташкил намудам. Намоишҳои моро тамошогарон хуш пазируфтанд. Соли 2000-ум кормандони телевизиони «Мир» ба Тоҷикистон омада, дар бораи театри мо филме бо номи «Ҳама ҷо зиндагист» («Повсюду жизнь») ба навор гирифтанд. Филм тавассути ин шабакаи телевизионӣ намоиш дода шуд,- иброз медорад Б. Асомиддин.
Ӯ барои ҳунармандони қадпаст намоишномаҳои «Зангӯлаи сеҳрнок», «Нодонхӯҷа ва бекорхӯҷа» ва «Мануки шикорчӣ»-ро эҷод кардаю ба саҳна гузоштааст.
Дар давраи фаъолият театри «Афсона»-ро мушкилиҳои гуногун пеш меомад, вале Б. Асомиддин дар роҳи интихобнамуда ва ҳам бо кӯдакон содиқ монд. Якҷо бо шогирдон филмеро бо номи «Ҳамсинфон» низ ба навор гирифтаанд. Айни ҳол, сарварии театри «Афсона» ва студияи актёрии «Маркази наврасон ва кӯдакони шаҳри Душанбе»-ро ба зимма дорад.
- Кӯдаконро зиёд дӯст медорам. Дунёи кӯдакон зебо ва поку беолоиш аст. То ҷон дар рамақ дорам, барои кӯдакон нақш мебозам, — гуфт ӯ.
Н. НИЗОМӢ,
рӯзноманигор