Меҳргон яке аз идҳои қадимаи мардуми ориёинажод аст, ки маҳз бо туфайли соҳибистиқлолии Тоҷикистон аз нав эҳё ва тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» дар қатори идҳои Сада ва Наврӯз ҳамчун иди миллӣ шинохта шуд. Меҳргон маъноҳои «меҳрҳо», «соҳибони меҳр», «дорои меҳр», «меҳрубон» — ро ифода менамояд. Дар адабиёти гузаштагон ин калима, инчунин ҳаммаънои офтоб омадааст. Меҳргон маънои меҳру муҳаббат, рамзи дӯстию рафоқат, бародарию ҳамдигарфаҳмиро низ ифода месозад.
Гузаштагони дури мо-ориёиҳо ва баъдтар бохтарию суғдиҳо ғолибони солро дар моҳи боғиёдиш қадрдонӣ мекардаанд. Калимаи «боғиёдиш» дар забони суғдӣ исми моҳ будааст, яъне дар моҳи бағ, моҳи иди Митро — Худои офтоб ба шарафи пешсафу ғолибони даври худ ид меоростаанд.
Иди Меҳргон дар рӯзи шонздаҳуми меҳрмоҳ ҳамчун иди шукронаи офтоб ҷашн гирифта мешудааст. Ба ин маъно Масъуди Саъди Салмон фармудааст:
Рӯзи меҳру моҳи меҳру ҷашни фаррух Меҳргон,
Меҳр бифзой, эй нигори моҳчеҳри меҳрубон!
Меҳргон ва ҷашни он мисли идҳои таърихии Наврӯз, Сада, Тиргон ва ғайра аз қадим идҳои миллии мардуми ориёинажод будааст ва ба ягон дин тааллуқ надорад. Ҳанӯз Абӯрайҳони Берунӣ ба иди умумихалқӣ ва миллии ориёиён будани Меҳргон ишора карда гуфтааст: «Ин ид барои умуми мардум аст». Доир ба пайдоиши иди Меҳргон ривоятҳои гуногун низ то ба мо омада расидаанд.
Дар гузашта оид ба тарзи гузаронидани иди Меҳргон анъанаҳои гуногун вуҷуд доштааст. Ҷашни Меҳргонро ботантана, бо суруду мусиқӣ ва рақсу бозиҳо мегузаронидаанд. Ҳатто шоҳони даврони Ҳахоманишӣ танҳо дар ҳамин рӯз дар ҷашнгоҳ ҳуқуқи рақс кардан доштаанд. Дар ин рӯз аз шоҳ то ғулом либоси арғувонӣ (сурх) мепӯшидаанд. Шоҳони давр ва ҳокимони вақт ба ҳамдигар ба муносибати иди Меҳргон туҳфаҳо мефиристодаанд. Асосгузори сулолаи Сосониён дар ҳамин рӯз тоҷе, ки дар он сурати офтоб нақш шуда буд, бар сар мениҳод, ки минбаъд анъанаи мулкдорони Аҷам мегардад. Мардум боварӣ доштанд, ки агар касе дар бомдоди Меҳргон анор бихӯрад ва ё гулоб бибӯяд, офатҳои заминию осмонӣ аз ӯ дур мешудааст. Шоҳону сарварон бо фаро расидани иди Меҳргон ба сипоҳиёну хидматгузорон сарулибос ва чизу чораҳои зимистона медодаанд. Ҷашни Меҳргон, ки дар даврони қадим, махсусан дар аҳди Сосониён, хеле тараққӣ кард, минбаъд бо тағйири шакл дар аҳди хилофати араб, дар давраи давлатдории Тоҳириёну Саффориён ва Сомониён дар байни халқ маъруф гашт. Дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ ин ид шаклан тағйир ёфт. Фасли тирамоҳ дар бисёр ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ, махсусан дар ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна, маъракаҳо бо номи «Иди ҳосилот» гузаронида мешуданд. Аз қадим меҳнаткашони деҳкадаҳо бо фарорасии Меҳргон ҳашарҳо ташкил менамуданд, хонаҳоро тоза мекарданд. Махсусан, дар аҳди Сомониён ин ҷашн бо тантанаи ба худ хос қайд карда мешудааст. Дар адабиёти классикии форсу тоҷик васфи табиат ва тавсифи иду маъракаҳои таърихию халқӣ мавқеи калон дошт.
Ҷашни Меҳргон, ки имрӯз қонунан эҳё гардида, санаи таҷлилаш аз ҷониби Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон муайян шудааст, ҳукми иди миллиро дорад. Дар сатҳи мамлакат таҷлили он бо ташкили намоишгоҳҳои дастовардҳои соҳаи кишоварзӣ, қадрдонӣ намудани пешқадамони истеҳсолот, барпо намудани озмунҳои гуногуни соҳавӣ, фарҳангӣ, мусобиқаҳои варзишӣ мувофиқи матлаб мебошад.
Дар мавсими ҷамъоварии ҳосили меҳнати марди деҳқон фаро расидани иди Меҳргон басо рамзӣ мебошад ва ҳамчун иди касбии кишоварзон ба ҳукми анъана даромадани таҷлили расмии ҷашнвораи мазкур далели он аст, ки миллати куҳанбунёди мо дар партави сиёсати Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон рӯ ба арзишҳои гузаштаи фарҳангии хеш овардааст ва эҳёи онҳоро вазифаи бошарафи худ медонад.
Дар ин ҷашни бошукӯҳ меҳнати беҳтарин кормандони соҳаи кишоварзӣ собиқадорони меҳнат қадршиносӣ карда мешавад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи иди Меҳргон чунин гуфтаанд: «Меҳргон яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёинажод буда, гузаштагонамон онро ҳамчун ситоишу ниёиши Меҳр ё Митро ва рамзи аҳду паймон ва дӯстиву муҳаббати оини меҳрпарастӣ таъбир кардаанд. Меҳргон иди ҷамъоварии ҳосили рӯёндаи деҳқон, иди фаровонӣ, шодию нишот, дӯстию рафоқат, ваҳдату ягонагӣ ва меҳру садоқат аст».
Меҳргон рамзи тирамоҳи зарнисор, айёми ҷамъоварии ҳосили бо арақи ҷабин коштаи марди деҳқон мебошад.
Меҳргон иди касбии олимони соҳаи кишоварзӣ низ ба шумор меравад. Тайи солҳои Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон муассисаҳои илмии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон (АИКТ) оид ба таъмини илмии рушди бахшҳои соҳаи кишоварзӣ пурсамар кору фаъолият намуда, танҳо дар соҳаи зироаткорӣ 152 навъи зироати кишоварзӣ офарида, ба Комиссияи давлатии озмоиши навъҳои зироатҳои Вазорати кишоварзӣ пешниҳод намудаанд, ки 84 навъи ин зироат минтақабоб гардиданд.
Дар соҳаи боғу токпарварӣ ва сабзавоткорию картошкапарварӣ олимони АИКТ 24 навъи нави серҳосилро офариданд, ки 10-тои он минтақабоб шуданд. Аз ҷониби олимон зиёда аз 50 технологияи парвариши зироатҳои кишоварзӣ ва чорво бомуваффақият тарҳрезӣ шудааст. Қобили зикр аст, ки технологияи дар як сол парвариш намудани ниҳолҳои стандартии дарахтони донакдор ва бунёди боғҳои интенсивии боғҳои себ, нақшаи ҷобаҷогузории навъҳои зироатҳои кишоварзӣ, дарахтони мевадиҳанда ва усулҳои самараноки ҳифзи онҳо тарҳрезӣ гардид. Дар соҳаи хокшиносӣ роҳу усулҳои самараноки баланд бардоштани ҳосилхезии заминҳо, технологияи пешгирии шӯршавии заминҳо ба роҳ монда шуданд. Олимон, ҳамчунин дар самти офариниши зоти бузҳои серпашми тоҷикӣ ва такмилдиҳии хусусиятҳои ирсию маҳсулнокии зотҳои гову гӯсфандон, қутосҳои помирӣ, парандапарварӣ ба дастовардҳои муҳим ноил гаштанд. Дар ин давра интихобу парвариши зоти гӯсфандони маҳинпашми дарвозӣ, говҳои сергӯшти зоти маҳаллӣ, занбӯри асали тоҷикӣ ба тарзи муосир ба роҳ монда шуд.
Олимони Академия дар солҳои 1991-2016 соҳиби 189 патент ва 431 шаҳодатномаи муаллифӣ ва бақайдгирии давлатии захираҳои иттилоотӣ гардиданд. Дастовардҳои олимони АИКТ дар дигар бахшҳо, аз ҷумла дар соҳаи тибби ветеринарӣ ва усулҳои ташхиси тафриқавӣ, пешгирӣ ва табобати бемориҳои ҳайвонот ва дар самти такмили иқтисодиёти соҳаи кишоварзӣ бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст шудаанд. Дар соҳаи илм, тарбияи олимони ҷавон ва тайёр намудани кадрҳои илмии баландихтисос низ тадбирҳои муҳим амалӣ шуданд. Дар ин давра 211 рисолаи илмӣ, аз он ҷумла 59 рисолаи докторӣ ва 152 рисолаи номзадӣ дифоъ шудааст. Ҳоло олимони АИКТ дар мукаммалсозию тарҳрезии 7 барномаи давлатии рушди бахшҳои соҳаи кишоварзии мамлакат барои солҳои 2016-2020 фаъолона ширкат намуда истодаанд. Дар тамоми бахшҳои Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон робитаҳои илмию назариявии кормандони соҳа бо дигар донишгоҳҳо ва марказҳои илмию тадқиқотӣ беҳтар гардидааст. Ҳоло гузарондани корҳои илмию тадқиқотӣ ба ҳукми анъана даромада, омӯзиши хусусиятҳои селексионии зироатҳо, сабзавоту хӯроки чорво натиҷаҳои дилхоҳ дода истодааст. Муваффақиятҳои олимони АИКТ дар остонаи ҷашни муқаддаси ниёгонамон-Меҳргон аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки дар оянда низ олимони соҳа пурмаҳсул кору фаъолият мекунанд, то ҳамчун айёми фархундаи сол-тирамоҳи заррин ва иди ҳосил кулбори пурбореро пешкаши мардум созанд.
Ҳар сол бо дарназардошти ин ки Меҳргонро бештар ба унвони ҷашни кишоварзон мешиносанд, дар ҷашнгоҳҳо намоишгоҳи анвои гуногуни меваю сабзавот, консерву оби мева ва таҷҳизоти кишоварзӣ ба тамошо гузошта, базму тамошоҳо барпо мешавад.
Бояд гуфт, ки ҷашни «Меҳргон» таҷассумгари суннатҳои неки инсонист, ки файзу баракати хони пурнеъмати кишоварзонро бо шукӯҳу шаҳомати хоса инъикос менамояд. Меҳргон дар фасли тирамоҳи зумуррадгун, ки айёми ҳосилғундорию файзу баракати деҳқонист, аз дастурхони фаровони кишоварзон башорат медиҳад.
Н. Асозода, доктори илмҳои кишоварзӣ, Д. Комилзода, академики АИКТ, Ф. Амиршоев, доктори илмҳои биологӣ