Суҳбати хабарнигори рӯзнома Шариф Атобуллоев бо Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода
- Дар моддаи яки Конститутсия омадааст: «Шакли идораи Ҷумҳурии Тоҷикистон президентӣ мебошад». Мегуфтед, ки интихоби он чӣ гуна сурат гирифт?
- Институти президентӣ яке аз ниҳодҳои асосӣ ва муҳими давлатдорӣ мебошад. Президент дар низоми давлатдорӣ шахси мансабдори олӣ, Сарвари давлат аст. Роҳбарии давлатро ба Президент Конститутсия вогузор карда, боварии калон ба ниҳоди президентӣ мебошад. Президент, ки як мақом дар як шахс ифода мешавад, бисёр муҳим ва босамар ба ҳисоб меравад.
Албатта, институти президентӣ таърих дорад. Он аз қабули Конститутсияи Амрико (соли 1787) сарчашма мегирад ва то ҳол дар бисёр давлатҳои минтақаҳои Аврупо, Осиё ва Амрико аз он истифода мебаранд.
Пеш аз он ки дар Тоҷикистон ниҳоди президентӣ дар Қонуни асосӣ ҷой карда шавад, он аввал дар Иттиҳоди Шӯравӣ ба вуҷуд омад ва баъд дар сатҳи ҷумҳуриҳо паҳн шуд. Дар кишвар 29 ноябри соли 1990 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси таъсиси вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тартиби интихоби ӯ» қабул шуд ва Қаҳҳор Маҳкамов ба сифати Президент аз тарафи парлумон интихоб гардид.
27 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ баъд аз истеъфои Раҳмон Набиев бо ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия аз ин институт даст кашида шуд. Вақте ки соли 1994 лоиҳаи Конститутсия таҳия мегардид, бисёр баҳсу мунозира сурат гирифт ва оқибат гурӯҳи корӣ ду лоиҳа таҳия кард: якум, лоиҳаи Конститутсияи ҷумҳурии президентӣ, дуюм, ҷумҳурии парлумонӣ. Ҳамон вақт рӯҳияе пайдо шуд, ки гӯё бадбахтиҳои ба сари мардуми тоҷик омада аз интихоботҳои президентии соли 1991, замоне ки Раҳмон Набиев ва дигарон номзадиашонро монданд, шурӯъ шудааст. Тарафдорони лоиҳаи ҷумҳурии парлумонӣ ин асосро пеш меоварданд. Бинобар ин, ҳангоме ки лоиҳаи Конститутсия соли 1994 омода мешуд, ҳамон вақт дар масъалаи шакли идораи Тоҷикистон баҳсҳо пайдо шуданд. Ҷумҳурии парлумониро он вақт гурӯҳе шакли идоракунии мисли Иттиҳоди Шӯравӣ мефаҳмиданд. Аз ин рӯ, тарафдор дошт. Вақти баррасӣ бо пешниҳоду ибтикорот ва истодагарии Сарвари давлат — Раиси ҳамонвақтаи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Комиссияи конститутсионӣ ба хулоса омад, ки барои Тоҷикистон шакли идораи президентӣ беҳтар аст ва он ба овоздиҳии умумихалқӣ пешниҳод шуд.
Қобили зикр аст, ки барои таҳияи лоиҳаи Конститутсия соли 1994 гурӯҳи корӣ иборат аз 11 нафар ва Комиссияи конститутсионӣ бо зиёда аз 70 нафар аъзо фаъолият мекард. Вақте ки гурӯҳи корӣ ду лоиҳаро пешниҳод кард, андешарониҳо сурат гирифтанд. Аз ҷониби шаҳрвандони кишвар қариб 8500 пешниҳод ворид шуд, ки ҳама мавриди баррасӣ қарор гирифт. Лоиҳа такмил дода шуда, шакли идоракунии президентӣ қабул гардид.
- Бартарии шакли идораи президентӣ аз низомҳои дигар дар чист?
- Институти президентӣ як низоми мутамарказ, ягона, мураттабшуда ва сариштаёфта аст. Барои ҳал кардани масъалаҳое, ки фавриятро талаб мекунанд, низоми президентӣ беҳтар мебошад. Хусусан, дар кишварамон, ки соли 1994 бисёр мушкилоти ҷиддӣ мавҷуд буд, дар баъзе аз минтақаҳо ҷанги шаҳрвандӣ давом дошт, низоми президентӣ беҳтару хубтар буд. Гузашти 30 сол бартарияти низоми президентиро нишон дод. Ҳам аз ҷиҳати идора кардани давлат, ҳам аз он ҷиҳат, ки Президент шахси алоҳида ва ягона аст ва қарорҳоро зуд қабул карда метавонад.
Бартарӣ дар он аст, ки Сарвари давлат як кас аст. Масалан, агар давраи шӯравиро ба ёд орем, дар охир маҷбур шуданд, ки Котиби генералии Ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ дар як вақт Раиси Президиуми Шӯрои Олии Иттиҳоди Шӯравӣ низ бошад. Ба ҳамин хулоса расида буданд, ки шахси аввал бояд сарварӣ кунад. Аз ҳамин сабаб Президент, ки шахси аввал аст, барои идораи давлат имкони бештар дорад. Агар ба таърих ҳам назар афканем, Сарвари давлат аз аввал як нафар аст. Дар давраи ибтидоӣ пешвои қабила, авлод, баъдан шоҳ, император давлатро роҳбарӣ мекард.
Вақте дар Иёлоти Муттаҳидаи Америка соли 1787 Конститутсия таҳия мешуд, ин масъалаҳо ба вуҷуд омаданд. Асосгузорони Америка чандин мақола бо номи «Федералист» навиштанд. Дар масъалаи интихоби шакли идоракунӣ ба хулоса омаданд, ки як шахси мансабдори олӣ беҳтар аст. Вақте ки Иттиҳоди Шӯравӣ ташкил ёфт, низоми он бар зидди низоми буржуазӣ буд. Онҳоро истисморгар ҳисоб мекарданду бисёр чизҳоеро, ки дар онҳо буд, қабул надоштанд. Бинобар ин, сохти нав ташкил карданд. Аммо дар охир Иттиҳоди Шӯравӣ низ низоми президентиро қабул кард. Аз ин рӯ, ҳоло дар аксар давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ Сарвари давлат як нафар, Президент аст.
- Ба андешаи шумо, дар давраи навини давлатдории тоҷикон шакли идораи президентӣ то кадом андоза ба рушди кишвар такон бахшид?
- Яке аз заминаҳои мустаҳками рушди давлатдорӣ тайи 30 сол ниҳоди президентӣ аст. Яъне, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд, ки давлатдории навинро ташкил кунанд. Президент аз салоҳиятҳояшон хуб истифода бурда, ҳама рукни давлатдориро ба вуҷуд оварданд. Дар расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ ҳам институти президентӣ саҳми созгор гузоштааст. Масалан, Комиссияи оштии миллӣ ташкил гардид. Низом ҳамин гуна буд, ки комиссия қарорҳоро қабул ва ба Президент пешниҳод мекард. Президент, агар дар салоҳияташон мебуд, онро қабул мекарданд ва агар дар салоҳияти парлумон мешуд, ба Маҷлиси Олӣ равон менамуданд. Ин ҳам барои амалишавии ваҳдати миллӣ имкони зиёд дод.
Президент ҳам Сарвари давлат ва ҳам Сарвари зинаҳои мақомоти иҷроия аст. Яъне, идоракунандаи низоми давлатдорӣ мебошад. Бо истифода аз салоҳиятҳо ин низом бо сарварии Президент кор мекунад. Барои ҳамин, ба натиҷаҳои хуб расидем.
- Низоми президентӣ дар кишвар соли 1990 ба вуҷуд омад. Пеш аз Эмомалӣ Раҳмон Қаҳҳор Маҳкамов ва Раҳмон Набиев низ Президенти Тоҷикистон буданд, аммо кишвар ба буҳрони сиёсиву иқтисодӣ гирифтор шуд. Самаранокии идоракунии президентӣ то кадом андоза ба шахсият алоқамандӣ дорад?
- Албатта, ин алоқамандии дуҷониба дорад. Ҳам ба салоҳиятҳои муайянкардаи Конститутсия барои Президент ва ҳам ба шахсият вобаста аст. Агар ба таърихи институти президентии кишвар назар кунем, салоҳиятҳои Қаҳҳор Маҳкамов камтар буд. Чунки ӯро Шӯрои Олӣ интихоб кард ва аз бисёр ҷиҳат аз Парламент вобаста буд. Ба Раҳмон Набиев салоҳияти зиёд дода шуд, аммо аз онҳо истифода бурда натавонист. Албатта, бисёр омилҳое буданд, ки имкон намедоданд. Яке аз онҳо вазъи ноустувор ва муташанниҷи замон буд, ки ҷамъият ба гурӯҳҳо тақсим шуд, дуюм, дар идоракунии президентӣ чандон таҷрибаи зиёд надоштем. Марҳум Раҳмон Набиев дар вазифаи Котиби якуми Ҳизби коммунисти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор карда буд, аммо салоҳиятҳое, ки ба ӯ ҳамчун Президент муайян шуданд, самаранок истифода бурда натавонист.
Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки самаранокии идоракунии президентӣ ба шахсият ҳам вобаста аст. Президент роҳбари мақомоти иҷроияи давлат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ мебошад.
Вақте Эмомалӣ Раҳмони ҷавон ба сари қудрат омаданд, вазъият бисёр муташанниҷ буд. Албатта, он кас тавонистанд, ки вазъиятро ба эътидол оранд. Кадрҳои хеле хубро дар атрофашон гирд оварданд. Шахсе шуданд, ки мардум бовар карданд. Вақте ки дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ баромад карда гуфтанд: «то вақте ҳастам, кӯшиш мекунам, ки ба ҳар як хонадон сулҳ биорам», инчунин, «мо аз роҳи давлати демократӣ, дунявӣ ва иҷтимоӣ намегардем», мардум хуб қабул карданд ва ба сулҳу ваҳдат ва ободии зиёд ноил шудем, ки ҳама аз хизматҳои бузурги Эмомалӣ Раҳмон аст. Ҷуръат, касбият, қавииродагӣ, принсипнокӣ ва дигар хислатҳои он кас имкон дод, ки дар зарфи 30 сол ба натиҷаҳои дилхоҳ расем ва институти президентӣ ҳам мукаммал шавад. Албатта, ҳамаи ин на танҳо ба ниҳод, ба шахсият ҳам вобаста аст. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз салоҳиятҳое, ки Конститутсия ба Президент додааст, дуруст истифода бурданд ва ба натиҷаҳои хуб расидем.
- Дар давлатҳои демократӣ давлат тавассути таҷзияи ҳокимият ба шохаҳои қонунгузор, иҷроия ва суд идора мешавад. Дар низоми президентӣ ҳамбастагии се шохаи ҳокимият чӣ гуна бояд бошад?
- Албатта, се рукни давлатдорӣ мегӯем, ки асосгузораш Мантиские аст. Ӯ дар китоби «Рӯҳи қонун»-аш ин масъалаҳоро таҳлил кард ва ба хулосае омад, ки се шохаи ҳокимият ҳамкорӣ карда, дар як вақт ҳамдигарро нигоҳ доранд, ки аз доираи салоҳият берун набароянд. Инро аввал Америка дар амал ҷорӣ кард. Дар Конститутсияи соли 1787 ваколатҳои Президент, Конгресс ва низоми судии Амрикоро муайян карданд. Андеша то ин вақт ҳам чунин буд, ки ҳокимияти қонунгузор меъёри рафтор ва ҷавобгариро дар ҷомеа муайян ва ҳокимияти иҷроия иҷро мекунад. Ҳокимияти судӣ бошад, ба ғайр аз ҳалли баҳсҳову ба ҷавобгарӣ кашидан, инчунин, нигоҳдорандаи дигар шохаҳои ҳокимият аст. Масалан, агар қонун ба Конститутсия мувофиқат накунад, Суди конститутсионӣ метавонад онро ғайриқонститутсионӣ донад, ки дар ин сурат он дигар амал намекунад. Ё судҳои умумӣ метавонанд қарорҳои мақомоти иҷроияро бекор кунанд.
- Эълон кардани рӯзи иду ҷашн дар санаи муайян бесабаб нест. Чаро Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 ноябр муайян шудааст?
- Рӯзи Президент як рамзи давлатдорӣ, арҷгузорӣ ба ҳокимияти президентӣ аст. Дар давлатҳое, ки нақши президент бисёр барҷаста аст, рӯзи Президентро ҷашн мегиранд. Масалан, ба хотири Президенти якуми Америка Ҷорҷ Вашингтон аз соли 1885 дар он ҷо Рӯзи Президент ҷашн гирифта мешавад, ки рӯзи истироҳатӣ аст. Дар Қазоқистон ҳам аз 1 декабри соли 2012 Рӯзи Президент ҷашн гирифта мешавад. Дар баъзе аз давлатҳои дигар ҳам ҳаст. Ин як навъ арҷгузорӣ ба ҳокимияти президентӣ ва яке аз анъанаҳои давлатдорӣ аст.
Дар мамлакат низ 5 сол мешавад, ки 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президент муайян ва ҷашн гирифта мешавад. Ин санаи савгандёдкунӣ ва ба фаъолият шурӯъ кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 1994 мебошад. Вақте ки Президент аз рӯйи Конститутсияи нав интихоб шуд…