Зикри хайр

Рӯзнома забони сабзаш буд

№58 (4641) 01.05.2023

photo_2023-05-01_11-33-43 (2)Дили чӣ касе аз сӯзи дарун равшан аст ва аслан дил аз чӣ месӯзаду равшан мешавад? Ишқ аст, ки вақте дар дил ҷой мегирад, оташаш тамоми вуҷуди инсонро нур мебахшад. Ин оташи дарунсӯз чашми ҷаҳонбини инсонро низ боз мекунад ва ӯро бо шуълаҳои маърифат мунаввар мегардонад.

Зи рамзи зиндагӣ бегонатар бод,

Касе к-ӯ ишқро гӯяд ҷунун аст.

Китоби «Дили ӯ равшан аз сӯзи дарун буд», ки намунаи осори журналистии Бобоҷон Абдулвоҳидов ва меҳрномаи ҳампешагону дӯстони ин рӯзноманигори соҳибномро фаро гирифтааст, воқеан ҳам, аз сӯзи дили муаллиф ва онҳое, ки ӯро мешинохтанд, равшан гаштааст.

Чанд рӯз пеш китоби мазкур рӯнамоӣ гардид, ки дар он маҳфил журналистон, адибон ва ёру дӯстони шодравон Бобоҷон Абдулвоҳидов ширкат варзиданд. Қисмати аввали маҷмӯа, ки намунаи корҳои журналистии Б. Абдулвоҳидовро дар бар мегирад, гувоҳи истеъдоди баланди ӯст. Очерк, эссе, мақола, суҳбату мусоҳибаҳои ӯ бо касбияти баланд навишта шуда, дар зеҳни хонанда давраи муҳими таърихи халқи моро муҷассам месозанд.

Бобоҷон Абдулвоҳидов на танҳо журналисти маъруф, балки роҳбари дилсӯзу ғамхор низ буд. Даҳ соли охири ҳаёташро ба роҳбарии рӯзномаи «Садои мардум» бахшидааст. Дар ин хусус устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қироншоҳ Шарифзода чунин гуфт: «Табиатан рӯзноманигор буд, тамоми зиндагиашро ба кори рӯзноманигорӣ бахшида, солҳои охири ҳаёташ ба рӯзномаи «Садои мардум» сарварӣ кард. Рушди парлумон он солҳо аз бисёр ҷиҳат ба рӯзномаи «Садои мардум» вобаста буд ва рушди рӯзнома аз бисёр ҷиҳат ба сармуҳаррир алоқамандӣ дошт».

ALV_0685Дар урфият мегӯянд: «Аз некон боғ мемонад». Боғи ӯ маҷмӯи осор, рӯзномаи «Садои мардум» ва рӯзноманигороне ҳастанд, ки вай дар гирди худ ҷамъ кардаву бо онҳо кору эҷод намудааст. Дар ин хусус журналист, муовини сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум» Далер Абдулло чунин нигош­тааст: «Аз зумраи он сармуҳарриронест, ки истеъдоди баланди роҳбарӣ дошт ва дар навиштани матлаб­ҳои журналистӣ низ пешгом буд. Вай тавонист коллективи пурқуввати эҷодиро дар рӯзнома сарҷамъ кунад. Имрӯз бисёре аз рӯзноманигорони машҳур, ки дар расонаҳои кишвар фаъолият доранд, дастпарварони ҳамин рӯзнома ҳастанд».

Бахши «Аз ёдҳо, аз ёдҳо»- и китобро меҳрномаи Низом Қосим, Муҳтарам Ҳотам, Гулсифат Шаҳидӣ, Шаҳрия Аҳтамзод, Парда Ҳабиб, Умари Шерхон, Далер Абдулло, Абдухолиқ Мирзозода, Нӯъмон Низомӣ ва дигарон дар бар мегирад. Шоир Парда Ҳабиб дар шеъри «Рӯзноманигор», ки ба Бобоҷон Абдулвоҳидов бахшидааст, пайванди қаҳрамони матлабро бо рӯзнома хеле хуб ба тасвир кашида:

Рӯзнома забони сабзи ӯст,

Рӯзнома забони набзи ӯст.

Гарчи озода асту вораста,

Рӯзаш аз рӯзнома вобаста.

Шоири халқии Тоҷикис­тон Низом Қосим рӯзгори бо Бобоҷон Абдулвоҳидов кор карданашро ба ёд оварда, навиштааст: «Аҳли эҷод хислатҳои аҷоибу ғароиб бисёр доранд. Бахусус, ману раҳматӣ Аюбзода гоҳ дер мемондем, гоҳ барвақт коргоҳро тарк мекардем ва ҳарчанд ки дар муддати ҳузурамон вазифаҳоямонро бо масъулият ба анҷом мерасондем, идора идора аст ва дар ин хусус, албатта, гапу гапчаҳо мебаромад ва ба гӯши сармуҳаррир мерасид. Боре шунидам, ки дар ҷавоби шикояти яке аз масъулони «риояи интизом» гуфтааст: «Дар байни мо буданаш бас аст!». Бо Пардаву Сафар ҳам чунин муносибати ғайриқолабӣ дошт. Ин эътиқод ба сухан буд, ба шеъру шоир буд, ки моро ҳам хиҷолатзада мекарду ҳам дар иҷрои вазифаҳоямон масъултар».

Дар маҳфил дар хусуси одамият ва истеъдоди рӯзноманигории Бобоҷон Абдулвоҳидов бо муҳаббат сухан гуфтанд. Хусусан, хотироти Абдулфайз Атоев, Шариф Ҳамдампур, Шераки Ориён, Муҳтарам Ҳотам хеле ҷолиб садо доданд.

Зиндагии одамони наҷиб ҳамеша омӯзандаву боиси пайравист. Рафтору гуфтори онҳо барои дигарон намунаи ибрат аст. Абдулфайз Атоев суханони худро ин гуна хулоса намуд: «Агар Ҳошим Гадоев бузургтарин актёр бошад, агар Талаб Сатторов бастакори барҷаста бошад, Бобоҷон Абдулвоҳидов журналисти нотакрор буд. Вай ба пешаи худ садоқат дошт ва пайваста барои сайқал додани истеъдодаш заҳмат мекашид».

Китоби зикршударо духтари Бобоҷон Абдулвоҳидов Шарофат Абдулвоҳидова ба нашр омода кардааст. Шарофат низ пайрави падари хеш буда, имрӯз дар ҷодаи рӯзноманигорӣ қадамҳои устувор мегузорад.

ВОРИС,

«Садои мардум»