Чӣ гуна Музаффар Ҳайдаров сокинони Фархорро рӯзномахон кард?
Нафароне ҳастанд, ки рӯзномафурӯширо касбу кор қарор дода, бо ин роҳ сокинонро ба мутолиаи рӯзномаву маҷалла ҷалб месозанд.
Музаффар Ҳайдаров, сокини ноҳияи Фархор, тайи 22 сол ҳамчун хаткашон дар маркази алоқаи почтаи ноҳия фаъолият намуда, бо дучарха ба тақсими рӯзномаву маҷаллаҳои даврӣ машғул аст. Хурду бузург акаи Музаффарро бо лақаби «Пушкин» мешиносанду иззат мекунанд.
Ӯ дар суҳбат бо мо гуфт: «Касби хаткашонӣ аз кӯдакӣ дар дили ман ҷой гирифтааст. Ҳангоми дар мактаби миёна таҳсил кардан медидам, ки ду марди дучархасавор рӯзномаву маҷалла ва мактубҳоро тақсим карда, сокинонро аз навиду хабарҳои тоза хабардор мекарданд. Орзу мекардам, ки касби хаткашониро пеша намоям. Баъд аз хатми мактаби миёна ду сол дар сафи Артиши Шӯравӣ хизмати Ватан — модарро ба ҷо оварда, аввал корро дар Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия ба ҳайси роҳсоз шурӯъ кардам. Соли 2000 — ум ба почтаи ноҳия ҳамчун номарасон ба фаъолият пардохтам. Инак, 22 сол мешавад, ки ба ин кор машғулам. 500 сомонӣ маош мегирам. Ҳарчанд маошам ночиз ҳам бошад, шуғламро дӯст медорам…».
Музаффар Ҳайдаров 54 сол дорад. Ӯ 8 майи соли 1968 дар ноҳияи Фархор таваллуд шуда, соҳиби панҷ фарзанд мебошад.
Дар идомаи суҳбат афзуд, ки чанд сол пеш собиқ раиси ноҳияи Фархор (ҳоло раиси вилояти Хатлон) Қурбон Ҳакимзода барои сари вақт таъмин намудани сокинони шаҳраку деҳоти ноҳия бо нашрияҳо ба ӯ мошини хизматӣ тақдим кард. Аммо Музаффар Ҳайдаров ба ҷойи мошин аз раиси ноҳия дучарха хост.
Дар баробари сокинони шаҳрак, қаҳрамони матлаб ба сокинони деҳоти дурдаст низ рӯзнома мебарад. Ҳоло дар маркази ноҳия дӯкони рӯзномафурӯшӣ дорад.
Ба гуфти ӯ, то солҳои 2005 — ум дар ноҳияи Фархор то 300 — 400 дона рӯзнома ба фурӯш мерафт. Ашхоси зиёд бо ташвиқу тарғиби номбурда рӯзномахон шудаанд. Ӯ завқу табъи муштариёнашро омӯхтааст ва медонад, ки кадом рӯзнома ё маҷалларо ба кӣ диҳад.
Сокини ноҳия Алихон гуфт, ки ҳар ҳафта рӯзҳои панҷшанбе интизори рӯзномаҳо аст. Дар сурати дер кардани Музаффар бо ӯ дар тамос мешавад. Агар чунин нафарон дар ҳар як шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ ба паҳн кардани рӯзномаву маҷалла машғул шаванд, таваҷҷуҳи сокинон нисбат ба хондани рӯзномаҳо бештар мегардад.
Исломи РАҶАБАЛӢ,
«Садои мардум»