Бо истифода аз фурсат ҳамкасбонамон — аҳли эҷоди «Овози тоҷик», инчунин, хонандагону ноширони онро ба муносибати 100-солагии ин рӯзномаи маҳбубу машҳур табрик мегӯем.
Мо рӯзномаи «Овози тоҷик»-ро бо таърихи садсола, на танҳо яке аз аввалин рӯзномаҳои тоҷикзабон, балки дар таърихи матбуоти даврии Осиёи Марказӣ яке аз аввалин нашрияҳо ва шоистаи ифтихор медонем.
Рӯзнома дар давраи ниҳоят ҳассосу сарнавиштсози миллати тоҷик таъсис ёфта, рисолати таърихиро бар дӯш гирифт ва онро бо сарбаландӣ иҷро намуд. Дар он эҷодкорони асил дар бораи ҳастии миллат, таъриху фарҳанг, забону адабиёти тоҷик ва вазъи иқтисодию иҷтимоии замон мунтазам менавиштанд ва орзую ормонҳои хешро тавассути ин рӯзнома инъикос менамуданд. Аз ин рӯ, рӯзномаи «Овози тоҷик»-ро метавон ормонномаи миллат номид.
Рӯзнома аз замони таъсис ёфтанаш фаъолона ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангию иқтисодии халқи моро инъикос намуда, ба оинае мубаддал гашта буд, ки симои мардуми тоҷикро дар тамоми ҷабҳаҳои зиндагӣ нишон медод ва муборизаи озодихоҳонаашро барои расидан ба ормонҳои миллӣ дар саҳифаҳои худ бозгӯ месохт.
Аввалин муҳаррири рӯзнома Абдулқаюм Қурбӣ ва котиби масъули он Сайидризо Ализода буданд. Дар идораи рӯзнома, ҳамчунин, Нисормуҳаммади Афғон, Фахриддини Роҷӣ, Маъруф Расулӣ, Н. Бектош, Ҳоҷӣ Муин, Козимзода ва дигарон кор мекарданд. Онҳо мекӯшиданд, ки нақши тоҷиконро дар музаффариятҳои Инқилоби октябр, бунёди ҷомеаи навин нишон диҳанд.
Дар рӯзномаи «Овози тоҷик» рубрикаҳои «Мушфиқӣ», «Раҳнамои мухбирон», «Садои меҳнат»… дар миёни хонандагон маҳбубият доштанд. Зери ин рубрикаҳо мақолаҳо бо имзои Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ, Б. Азизӣ, М. Ҳасанӣ, М. Васфӣ ва дигарон ба нашр мерасиданд. Номбурдагон бо рӯзнома фаъолона ҳамкорӣ мекарданд ва барои рангину хонданӣ шудани мақолаҳои рӯзнома саҳм мегузоштанд.
Таъкид кардан бамаврид аст, ки барои таъсис ёфтани рӯзномаи «Овози тоҷик» нақши равшанфикрони тоҷик ва бузургоне чун устод Садриддин Айнӣ хеле барҷаста аст. Он замон таъсиси ин рӯзнома барои халқи тоҷик ҳаётан муҳим, моҳиятан ид буд. Ҳамин муҳимиятро ба назар гирифта, Абулқосим Лоҳутӣ, Бобоҷон Ғафуров, Ҷалол Икромӣ, Сотим Улуғзода ва дигар равшанфикрон пайваста дар саҳифаҳои рӯзнома маҳсули эҷодашонро нашр мекарданд. Устод Садриддин Айнӣ дар қатори муассисон ба ҳайати таҳририяи рӯзнома шомил гашта, барои бо сифати хуб нашр гаштани он талош меварзиданд. Ҳамчунин, ба муаллифони мақолаҳо барои бо забони содаю равон навиштан маслиҳатҳои судманд медоданд. Ҳузури устод Айнӣ дар рӯзнома ва мавқеи устуворашон дар шинохти фарҳангу таърихи миллат манфиати кор буд ва худашон низ инро хуб медонистанд.
«Овози тоҷик» аз ибтидои таъсис ёфтанаш дар таблиғи адабиёти навини тоҷик низ саҳмгузор буд. Аз ҷумла, аз 23 ноябри соли 1924 то 1 майи соли 1925 ба таври силсила чоп шудани повести устод Садриддин Айнӣ «Одина ё саргузашти як тоҷики камбағал» гувоҳи гуфтаи болост. Нашр гаштани асари мазкур хонандагонро бо навъи комилан ҷадиди адабӣ ошно сохт ва роҳи тозаеро барои навқаламони адабиёт боз намуд. Ҳамин тавр, рӯзномаи «Овози тоҷик» дар як давраи ҳассос ва тақдирсоз арзи ҳастӣ карда, дар муборизаҳои беамон баҳри тарғиби фарҳангу таърих ва ҳаёти сиёсию иҷтимоии миллат обутоб ёфтааст.
Дар рӯзномаи «Овози тоҷик» мақолаҳои шахсиятҳои барҷастаи инқилобии шуравӣ М. И. Калинин, Я. Э. Рудзутак, Ш. З. Элиава ҳам рӯи чоп омадаанд. Ҳамчунин, арбобони барҷастаи ҳизбии тоҷик Шириншоҳ Шоҳтемур, Чинор Имомов, Нусратулло Махсум ва дигарон ба рӯзнома таваҷҷуҳи хос доштанд.
«Овози тоҷик» дар тӯли фаъолияти садсола на танҳо барои миллати тоҷик ва тарғибу ташвиқи фарҳангу таърихи он, балки барои густариши дӯстию бародарии мардумони Осиёи Марказӣ, бахусус тоҷикону ӯзбекон, саҳми беандоза гузоштааст. Тарғибу ташвиқи ҳамзистии осоишта, ҳифзи дӯстию рафоқати қадимӣ, ҳамсоягии нек, фарҳанг, урфу одат ва ҷашну маросими шабеҳ аз ҳадафҳои асосии ин рӯзнома маҳсуб мешуд, ки имрӯз бо сатҳу сифати нав, рӯҳияи тоза ва ҷавобгӯ ба талаботи замон идома дорад.
Бояд зикр кард, ки саҳми сарони ду давлат — Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёевро дар расидан ба ин сатҳи неки дӯстию бародарӣ таъкид накардан таҳрифи таърих мебуд.
Имрӯз рисолати воситаҳои ахбори омма, бухусус рӯзнома, фаротар аз ҳифзи манфиатҳои миллист. Чун ҷаҳонишавӣ, зуҳуроти номатлуби терроризму ифротгароӣ ва хурофоту бегонапарастӣ ҳамчун хатарҳои ҷиддии замони муосир кайҳо боз дари моро мекӯбанд ва дар чунин вазъият барои ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ рисолату масъулияти воситаҳои ахбори омма даҳчанд афзудааст. Бинобар ин, мо бояд тибқи иқдому ташаббусҳо ва дастуру нишондодҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ҳамкориро густариш бахшида, дар таҳкими дӯстию бародарии дерин, ҳамсоягии нек, ҳифзи манфиатҳои ҳар ду кишвар беш аз пеш саҳмгузор бошем.
Барои расидан ба ҳадафҳои нек ба ҳамкасбони азизамон барору муваффақият таманно намуда, тансиҳатию хушбахтии ҳамешагӣ ва дастовардҳои нав ба нави эҷодии онҳоро орзумандем.
Ҷашни 100-солагии рӯзномаи маҳбуб — «Овози тоҷик» муборак!
«Садои мардум»