Дар олами рақс

«Рақс бо кабӯтарон» дар ҳузури Рустами Достон

№101 (3738) 24.08.2017

КАЗАКОВА копияВақте ки тамошобини кино шоҳкориҳои режиссёри номвари тоҷик Борис Кимёгаровро аз рӯи достонҳои «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим  Фирдавсӣ тамошо мекунад, ба ҳунар, истеъдод ва андешаҳои шоиронаи ин эҷодкори нотакрор ҳазорҳо таҳсину офарин мехонад. Имрӯзҳо ин режиссёри бузург дар байни мо нест, вале шогирдони қадрдону вафодораш бо хотираҳои неку диққатҷалбкунанда рӯҳашро шод мегардонанд.

Ҳар вохӯрӣ ва мулоқот, бигузор он кӯтоҳ бошад, дар бораи Борис Кимёгаров барои мо арзиши баланди илмӣ ва таърихӣ дорад. Кӯчактарин мулоқот  бо ӯ як ҷаҳон маънӣ дошт. Ҳунарпешаи Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон, хореографи шинохта Земфира Казакова худро хушбахт  меҳисобад, ки на танҳо аз суҳбати ин эҷодкори шинохтаи кино баҳравар гардидааст, балки соли 1970, дар филми ҳунарии «Достони Рустам», саҳнаи «Рақс бо кабӯтарон»-ро иҷро кардааст.

- Ҳеҷ гумон надоштам, ки рӯзе мешаваду ман он айёми гуворо ва фаромӯшнашавандаро ба хотир меорам ва ифтихор мекунам.

Солҳои 1958-1965 дар Омӯзишгоҳи хореографии назди Театри калони СССР-и шаҳри Москва таҳсил кардам. Нозукиҳои балетро аз устодам Артисткаи хизматнишондодаи РСФСР Елена Николаевна Жемчужина омӯхта, ба Тоҷикистон баргаштам. Аз соли 1965 раққоса, балетмейстер ва хореографи Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ шуда кор кардам.

Ёдам ҳаст, ки соли 1969 ё 1970 буд. Мо-раққосаҳои балет дар саҳнаи театр машқ мекардем. Дар толор касе нишаста буд ва рақсҳои моро тамошо мекард. Вақте ки дар толор чароғ равшан шуд, ман устод Ғаффор Валаматзодаро шинохтам.

Ғаффор Рустамович  назди мо омада, бо ҳама салом  кард ва ба ман рӯ оварда гуфт:

- Духтарам, зуд либосҳоятро пӯш! Ҷое меравем, ки хурсанд мешавӣ. Ман бо нигоҳи ҳайратангез:

- Ба куҷо? – гуфта қотеона пурсидам.

- Ба киностудияи «Тоҷикфилм». Баъд мефаҳмӣ.

Ғаффор Валаматзода он солҳо роҳбари бадеии Ансамбли давлатии рақсии «Лола» буданд ва зуд-зуд ӯро дар театрамон медидам. Аз ин рӯ, дилам пур буд ва ҳамроҳаш ба киностудияи «Тоҷикфилм» рафтам.

Дар павилони аз ҳама калони киностудия декоратсияи хеле бодабдабаи қасри шоҳи Самангонро сохта буданд ва дохили қаср муҳити он замонро хотиррасон мекард. Ҳамчунин, дастгоҳҳои зиёди наворгирӣ ва чароғҳои калони нурафкан омодаи навор буданд. Дар гӯшае марди бузургҷуссае менишаст ва дигарон ҳар замон наздаш омада, чизе мепурсиданд. Ин мард Борис Кимёгаров буд. Ман бори аввал ӯро аз наздик дидам. Бо духтараш Елизавета пештар шинос будам. Елизавета Кимёгарова филм-балетҳои телевизионии «Адажио» ва «Гули сеҳрнок»-ро аз рӯи достони «Комде ва Мадан»-и Абдулқодири Бедил таҳия кард ва бо театри мо, махсусан бо балеринаи оламшумул, Артисткаи халқии СССР Малика Собирова ҳамкорӣ дошт. Ӯ маро борҳо ба хонааш, даъват карда буд. Аз серкорӣ даъваташро қабул карда натавонистам, вагарна падарашро  шояд пештар мешинохтам.

Кимёгаров бо нигоҳи муайянкунанда қаду қоматамро аз назар гузаронида, маъқул кард. Пас оҳанге шунавониданд ва гуфтанд, ки зери ин оҳанг бояд саҳнаи «Рақс бо кабӯтарон»-ро иҷро кунам.

Баъди корҳои фаҳмондадиҳӣ ёваронаш ба дастам ду кафтари сафед дода гуфтанд, ки онҳоро ром кун. Бигузор ба ту одат кунанд ва ба рақс тайёр шав.

Ман кафтарҳоро ба хона овардам. Тамоми рӯз ҳамроҳам буданд. Ҳам дар хона ва ҳам дар театру  киностудия.

Ғаффор Рустамович балетмейстер – консултанти филми ҳунарии «Достони Рустам» буд. Гоҳ дар саҳнаи театр машқ мекардему гоҳ дар павилони кинос­тудияи «Тоҷикфилм».

Кафтарҳо бо ман унс гирифта, хеле тез ром шуданд. ҳангоми машқи рақс дар гирду атрофам давр мезаданд.

Ниҳоят, лаҳзаи навори филм дар қасри шоҳ, ки «Зиёфат ба ифтихори Рустам» ном дошт, оғоз ёфт. Пеш аз сабти лаҳзаи «Рақс бо кабӯтарон» бояд машқ мекардам. Ин барои оператори филм лозим буд, то равшанӣ, масофа ва кадрҳои заруриро пешакӣ ба нақша гирад.

Оператори филм Давлат  Худоназаров он солҳо хеле ҷавон буд. Бо вуҷуди ҷавониаш бисёр чизҳои вобаста ба санъати рақс, махсусан рақсҳои тоисломиро нағз медонист ва ба ман ҳам кумак мерасонид.

Вақте ки актёрон ва саҳнаҳои умумӣ (массовка) –ро бо микрофон ба «қасри шоҳ» даъват карданд, одам чунон бисёр шуд, ки ман дасту по гум кардам. Бахусус, баъди Рустамро палангинапӯш дида, овози буррову ҷарангосиашро шунидан, ҷуръатам хеле суст шуд. Дар асл, Худованд Бимбулат Ватаевро маҳз барои нақши Рустам зебову баландболо офарида буд. Бимбулат чун донист, ки модарам осетин аст, наздам омада, дилбардорӣ кард:

- Натарс, ҷиян, инҳо ҳама актёранд, танҳо дар нақшҳо бозӣ мекунанду  халос.

Умуман, Бимбулат дар вақти наворгирӣ маро дилпур сохта, кумак мерасонд. Баъзан шӯхиҳо карда, аҳли киногурӯҳро бо латифаҳои намакинаш хушҳол мекард. Чун ба образ ворид мешуд, пешакӣ аз мо бахшиш мепурсид, ки дар нақш хеле дағал мешавад, зеро аспаш Рахшро гум кардааст ва бо дили нохоҳам ба сарзамини Самангон омадааст.

Саҳнаҳои «Зиёфат ба ифтихори Рустам» ва «Рақс бо кабӯтарон» ҳам барои хушҳол кардани Рустам буд. Ба сӯи Рустам ба таври ногаҳонӣ раҳо кардани кафтарҳо аз он хотир буд, ки фикру андешаҳои паҳлавонро  ба дигар сӯ барем. Яъне хаёлашро парешон кунем.

Хулоса, рӯзи наворгирӣ ба ман либосҳое пешниҳод карданд, ки ҳатто ҳангоми рақс дар саҳнаи театри худамон  намепӯшидам. Онҳо аз либосҳои аввали таг­пӯш иборат буданду бас. Бо ин либосҳо бояд нимбараҳна мерақсидам. Азбаски падарам он солҳо сардори Раёсати ташкилӣ ва тафтишотии Вазорати хоҷагии қишлоқи РСС Тоҷикистон шуда кор мекард, нахостам, ки бо чунин ҳолат маро дар экрани кино бинанд. Боз дар филми ҳунарие, ки тамошобинони нахустнамоиши онро интизор буданд.

Ҳайати эҷодӣ, хусусан рассом – таҳиягари филм Шавкат Абдусаломов, маро бовар мекунонд, ки дар он давра занҳо озод буданд ва либосро ҳам хеле озодона мепӯшиданд, зеро ин таърихи тоисломии мост. Эскизҳои либосҳоро аз рӯи минётураҳои қадима тайёр кардаанд.

Ман бо рассом хеле баҳсу мунозира кардам ва дар ниҳоят аз матои нафис ва шаффоф (прозрачный) ба ман пироҳан дӯхтанд. Андаке бошад ҳам, баданамро пӯшонд. Боз як болопӯши дигар  ҳам дӯхтанд.

Машқи саҳнаи «Зиёфат ба ифтихори Рустам» дар павилони киностудия оғоз ёфт. Ман бо кабӯтарҳо дар ҳузури Рустам ба рақс даромадам. Болопӯшамро гирифтанд. Чун саҳнаи ҳаво додани кабӯтарҳо расид, мебоист онҳоро ба сӯи Рустам ҳавола кунам. Баръакси кор, кафтарҳо ба боло, ба назди нурафканҳо париданд.

Режиссёр бо баландгӯяк фармуд, ки дубли дуюмро ба навор гиранд. Дар дубли дуюм як кафтар дар дастам нафасгир шуда мурд. Барои кафтар дилам сӯхт ва хеле гиристам.

Бо супориши Борис Кимёгаров режиссёри дуюм Михаил Муллоҷонов  аз куҷое даҳ кафтар овард ва мо ба наворгирӣ шурӯъ кардем.

Дар саҳни қаср дастурхони шоҳона густурда буданд. Хӯроку меваҷот ва нӯшокиҳо  ба Рустам ва меҳмонону мизбонон пешкаш гардид. Ногоҳ овози режиссёр аз баландгӯяк садо дод: — Мотор!

Касе аз ёварони режиссёр оҳиста гуфт:

- Ба дастурхон  марҳамат! Хӯрдан мумкин, лекин оҳиста-оҳиста ва боэҳтиёт. Дастурхон  бояд ба зудӣ холӣ нашавад…

Аввал қисмати асосӣ-рақс бо кабӯтаронро ба навор гирифтан лозим буд. Баъд аз он ки кабӯтаронро ҷониби Рустам раҳо кардам, рақси нисбатан серҳаракат оғоз меёфт.

Дар маҷмӯъ, «Рақс бо кабӯтарон»-ро, як рӯз ба навор гириф­тем. Камераро гоҳ ба баландӣ мебурданду гоҳе аз як кунҷ ба кунҷи дигар. Баъзан «крупный план, общий план», — гуфта, саҳнаҳоро такрор ба такрор сабт мекарданд. Рӯзи наворгирӣ ман ин рақсро 10-15 маротиба бо танаффус такрор кардам.

Мушкили дигар он буд, ки кафтаронро бояд рақскунон ба сӯи Рустам ҳаво диҳам, аммо онҳо гӯиё аз ғазаби Рустам тарсида, ба ҷойи дигар менишастанд. Намедонам дубли чандум буд, ки ҳар ду кафтар ба сӯи Рустам парвоз карда, наздаш нишастанд.

- Баъд танаффус эълон карданд. Ҳама ба хӯроки нисфирӯзӣ шитофтанд. Ман бо либосҳои нимбараҳна ҳайрон мондам, ки куҷо равам.

Азбаски «Рақс бо кабӯтарон»-ро қисм ба қисм, аз ҳар бурҷи павилон, ба навор мегирифтанд, вақти зиёде талаб  мекард. Пас аз хӯроки нисфирӯзӣ киногурӯҳ бояд қисмати дуюм -рақс бо чак-чакҳоро, ба навор мебардошт. Чун дар либоси рақсии қаҳрамонам будам  ва маро хеле пардоз (грим) дода буданд, режиссёр нагузошт, ки аз павилон берун шавам. Бо супориши Кимёгаров ба ман курсии мулоим оварданд ва ба китфонам хилъат партофтанд.

Баъди чанд дақиқа барои режиссёр аз хона  хӯрок оварданд. Азбаски ӯ парҳези ҷиддӣ дошт, ҳамсараш Анна Михайловна аз гӯшти мурғи хонагӣ барояш котлетҳои иштиҳоовари парҳезӣ пухта буд. Кимёгаров маро наздаш хонда:

- Наздиктар биё, духтарам, ҳамроҳ хӯроки нисфирӯзӣ истеъмол мекунем, — гуфт.

Ба табақчаи ман ду котлет гузошт. Хеле болаззат буданд. Ҳамин тавр, бо ин режиссёри бузург, вале ниҳоят хоксор дар павилони киностудияи «Тоҷикфилм» хӯроки нисфирӯзиро бо ҳам дидем.

Бо гузашти солҳо фаҳмидам, ки Борис Алексеевич ягон нафар аз киногурӯҳро ба хӯрокхӯрӣ даъват накардааст. Ҳатто кормандону ёварони дӯстдоштатаринашро! Ин гуна ифтихор танҳо ба ман муяссар гардида буд ва чунин муносибату ҳурмат­ро баъд дарк кардам, — афзуд Земфира Солеҳҷоновна.

- Он айём духтараки 20-21 сола будам ва ба маънои пурраи ин филм, мавқеи режиссёр дар майдончаи наворгирӣ ва проблемаҳои филмсозӣ дуруст сарфаҳм намерафтам. Танҳо донистам, ки ин филм дар бораи Рустам аст.

Ҳангоми наворбардории филм бо Майрам Исоева аз наздик шинос шудам. Ҳоло ҳам рафтуомад дорем. Бо Светлана Норбоева, бо Отар Коберидзе суҳбатҳо доштам.

Вақте ки Светлана  Норбоева (иҷрокунандаи нақши Таҳмина) ба павилон медаромад, Бибо Ватаев хеле хушҳол мешуд.

Малика Қаландарова рӯзи дароз дар павилон рақси маро наззора мекард. Баъд аз он ки филми ҳунарии «Достони  Рустам» ба экран баромад, Малика саҳнаи «Рақс бо кабӯтарон»-ро тамошо карда, боре дар як вохӯрӣ гуфт:

- Медонӣ, ин рақсро бояд ман иҷро мекардам…

Дар санъати кино қоидае ҳаст, ки актёронро, албатта, на ҳамаро, ба тамошои маводи саҳнаи ба навор гирифташуда даъват мекунанд. Ҳамроҳи режиссёр Борис Кимёгаров ва оператор Давлат Худоназаров саҳнаҳои алоҳидаи маводи наворгирифтаро тамошо кардем. Ҳар ду хеле қаноатманд буданд.

Ниҳоят, филми ҳунарии «Дос­тони Рустам» соли 1970 ба экранҳои Иттифоқи  Советӣ баромад. Нахустнамоиши филм дар шаҳри Москва ва дар 15 ҷумҳурии иттифоқӣ хеле ботантана доир гардид.

Вақте  ки бори нахуст филми ҳунарии «Достони Рустам»-ро тамошо кардам, саҳнаи умумии рақс (общий план) дар филм набуд, танҳо саҳнаҳои кӯтоҳ ва миёнаи рақсам мондаасту халос. Рақсе, ки як рӯзи дароз тамоми киногурӯҳ заҳмат кашида, порча-порча ба навор гирифтанд, танҳо чанд дақиқа давом кард. Медонам, кино нозукиҳои худро дорад. Шояд ба режиссёр ин тарзи кор маъқул буд. Лекин мо  — раққосаҳо талабот ва хости кори худро дорем. Масалан, дар филм лаҳзаи хеле наздики симои ман (крупный план) ворид нашудааст. Вагарна оператор Давлат Худоназаров лаҳзаҳои аҷибро ба навор гирифта буд. Ин кадрҳоро ҳангоми тамошои мавод, яъне пеш аз монтаж, дида будам. Афсӯс, ки ин лаҳзаҳо дар филм нестанд.

Баъд аз чанд сол дӯстон ва ҳампешаҳоям аз Театри академии опера ва балети Новосибирск ба ман занг зада гуфтанд:

- Мо туро дар филми асотирӣ дар бораи Рустами паҳлавон дидем. Бо кабӯтарон рақси хеле зебо кардӣ. Аз комёбиҳоят хеле шод шудем.

Бояд қайд кунам, ки ман чор сол, солҳои 1970-1974, дар Театри Новосибирск чун раққосаи балет  кор карда будам ва дӯстону ҳампешаҳои зиёд доштам.

Шояд бисёриҳо бовар накунанд, ки барои иҷрои «Рақс бо кабӯтарон» дар филми  ҳунарии «Достони Рустам» дар як рӯз ман 100 сӯм (бо пули советӣ) гонорар гирифтам. Ин ба маоши якмоҳаам баробар буд.

- Иштирок дар таҳияи филми ҳунарии «Достони Рустам»  бароям мояи ифтихор гардид. Зеро бо режиссёр, инсони хеле заминӣ ва хоксор, нобиғаи кинои тоҷик Борис Кимёгаров ҳамкору ҳамнишин будам. Лаҳзае бошад ҳам, дар «Зиёфат ба ифтихори Рустам» иштирок карда, барои фурӯ шинонидани қаҳру ғазаби ин паҳлавони афсонавӣ аз таҳти дил рақсидам, — гуфт дар охири суҳбат Земфира Казакова.

Тиллои НЕКҚАДАМ,

«Садои  мардум»