Рамзи қадршиносӣ ва самимият

№54 (4474) 04.05.2022

Хабарнигори рӯзнома аз толори туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Осорхонаи миллӣ боздид кард.

Дар арафаи ҷашни Наврӯзи соли 2013  аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон 1173 ёдгории таърихӣ тақдим шуд. Аз ҷумла, сиккаҳои даврони хеле қадим, ки аҳамияти таърихӣ доранд. Теъдоди ҳадяҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Осорхонаи миллӣ сол то сол зиёд мешавад. Аз ин ҷиҳат барои намоиши онҳо қисмати алоҳида ҷудо гардида, «Толори туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон» номгузорӣ шудааст.

Тухфахо 1Ин туҳфаҳо рамзи дӯстӣ маҳсуб шуда, аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ, роҳбарону намояндагони кишварҳои дунё ва сокинони Тоҷикистон ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадя гардидаанд.

Дар маркази толор туҳфаҳои нодири таърихӣ ҷойгир шудаанд. Туҳфаҳо, аз қабили тоҷи тиллоӣ, нимкосаи тиллоӣ ва ашёҳои дигари тиллоӣ, ки ба асрҳои I то мелод ва асри I мелодӣ мансуб мебошанд. Ин нигораҳо барои омӯзиш ва боз намудани саҳифаҳои нави таърихи мардуми тоҷик аҳамияти илмӣ доранд.

Дар ду бахши дигари ин  қисмат 30 адад сиккаи тиллоии гуногуни таърихӣ ба маъраз гузошта шудаанд. Аз ҷумла,  сиккаи Искандари мақдунӣ  (асри 4 то мелод), сиккаи Императори Рум Антоний Пий (асри II), сиккаҳои шоҳони Кушонӣ – Ҳувишка, Васудева (асри II) ва ғайра.

Дар қисмати дигар сиккаи сарлашкари сомонӣ Алвалӣ Муҳаммад, ки аз номи Нуҳ ибни Мансур соли 975 зарб зада шудааст, сиккаҳои Султон Маҳмуд ва Султон Масъуд (асри XI), сиккаҳои Муҳаммад султон ибни Теккеши Хоразмшоҳӣ, сиккаи Ғозон Маҳмуди илхонӣ (асри ХIV), сиккаҳои Худоёрхон, Маллохон (асри ХIХ) ва се сиккаи амирони Бухоро (асри ХIХ) ба намоиш гузошта шудаанд.

Дар маркази толор сертификати хотиравӣ аз шаҳри Навозибков дар бораи абадӣ гардонидани номи дорандаи ордени «Метсенатҳои садсола» (соли 2007) ба Пешвои миллат, сертификати хотиравӣ аз шаҳри Фролово дар бораи то абад нигоҳ доштани номи дорандаи ордени «Метсенатҳои садсола» (соли 2007) маҳфузанд.

29 марти соли 2005 маросими ботантанаи мукофотонидани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷоизаи олии ҷамъиятии Бунёди байналмилалии хайрияи «Сарпарастони аср» — ордени нахустини алмосдори «Ситораи сарпараст» баргузор гардид. Ин мукофот низ осорхонаро зеб медиҳад.

Дар бахши аввали туҳфаҳои созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ҳадяҳо аз Созмони Милали Муттаҳид, аз қабили «Ҷоизаи махсуси СММ», ҷоизаи ширкати мустақили иттилоотии «Таус-Таус-Нюс», туҳфаҳои СММ вобаста ба Даҳсолаи байналмилалии «Об — барои ҳаёт» нигаҳдорӣ мешаванд.

Дар қисмати дигар гулдонҳои хеле зебо – туҳфаҳои собиқ раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия С. М. Миронов ва директори Хадамоти разведкаи берунаи Федератсияи Россия С. Лебед гузошта шудаанд.

Гулдон бо тасвири шаҳри Санкт — Петербург аз  ҷониби Президенти Федератсияи Россия В. В. Путин ва гулдони дигар  аз ҷониби  директори Хадамоти амнияти Федералии Россия Н. К. Патрушев эҳдо гардидаанд. Ҳамчунин, дар гӯшаи мазкур қанддони зебои булӯрӣ ҷойгузин аст, ки аз ҷониби собиқ Президенти Федератсияи Россия Дмитрий Медведев ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдим шудааст.

Дар гӯшае табақи калон (қутраш 1 мемтру 44 см) ба намоиш гузошта шудааст, ки аз чӯби дарахти чормағз тарошида шудааст. Он аз ҷониби усто Тақдир (ноҳияи Нуробод) соли 2015 ба Пешвои миллат пешкаш гардидааст.

Лаълӣ бо тасвири Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ туҳфаи собиқ вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Зарораҳмад Муқбил  ба Пешвои миллат мебошад.

Дар гӯша, ҳамчунин лаълиҳои хеле зебо ва нақшин — туҳфаҳои Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон ва Займал Расулӣ (Ҷумҳурии Исломии Афғонистон) ҷой дода шудааст.

Тахти зебои кандакоришуда аз ҷониби ҳунармандони шаҳри Истаравшан ва лаълӣ бо тасвири сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ аз ҷониби Кумитаи тадорукотии ҷашни 1150 — солагии устод Рӯдакӣ  ба Сарвари давлат эҳдо гардидааст.

Дар қисмати маркази гӯша туҳфаи нависандаи шинохта Чингиз Айтматов низ гузошта шудааст.

Тухфахо 2Дар ин бахш, ҳамчунин, амсилаи Регистони Самарқанд — туҳфаи собиқ Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов маҳфуз аст. Дар толори зикршуда гӯшаи алоҳида барои туҳфаҳои аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳдогардида ҷудо шудааст. Дар байни онҳо ҳайкалчаи аспи ахалтекинӣ, сикка бо қурби 100 манат, глобус бо тасвири харита ва парчамҳои давлатҳои Тоҷикистон, Афғонистон ва Туркманистон, нусхаи сари гург ва нусхаи ритони портӣ аз ёдгории Нисои қадим мавҷуд аст.

Дар гӯшаи дигар Ҷом ва дар ду тарафи он зарфҳои зебои нуқрагин — туҳфаҳо аз Ҷумҳурии Исломии Эрон гузошта шудаанд. Ҷом ва зарфи зебои нуқрагин аз ҷониби собиқ Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуд Аҳмадинажод тақдим гардидаанд.

Дар маркази ин бахш гулдони шишагӣ туҳфаи пешвои исмоилиёни ҷаҳон Шоҳзода  Шоҳкарим Оғохони IV ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нигоҳдорӣ мешавад.

Шамшер ва аспи рамзии гӯшаи дигар аз ҷониби собиқ Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ва туҳфаи рамзии «Дар паҳнои Ватани озод» аз ҷониби Раиси парлумони Ҷумҳурии Қазоқистон Оралбой Абдикаримов ба муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдим гардидааст.

Туҳфаҳо аз Арабистони Саудӣ ба Президенти ҷумҳурӣ, аз қабили пора аз Кисва (парда) — и Хонаи Худо (Каъба) ва калиди рамзии Каъба гӯшаи дигари толорро зинат бахшидааст. Лозим ба ёдоварист, ки Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро моҳи январи соли 1992 ба расмият шинохтааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон се маротиба аз ин кишвар боздид карда, зимни ҳар се сафар ба Арабистони Саудӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маросими умра (ҳаҷҷи сағир) – ро анҷом дода, ҳангоми сафари сеюм — 8 декабри соли 2005 ба дохили хонаи Каъба ворид шудаанд.

Қанддон туҳфаи Сарвазири вақти Ҷумҳурии Туркия Раҷаб Эрдуғон ва Машраба — туҳфаи намояндаи Ҷумҳурии Туркия Форук Бол ба муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қисмати дигари толор маҳфузанд.

Дар бахши дигар фили рамзӣ, ки Президенти Ҷумҳурии Халқии Хитой Тсинтао тақдим кардааст, гулдон ва аждаҳои асотирӣ, туҳфаи вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Халқии Хитой Сзя Чунвай, табақи мунаққаш (Сафорати Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Тоҷикистон) ва лаълӣ аз намоиши ЭКСПО-2010 гузошта шудаанд.

Косаи чинӣ бо навиштаҷоти лотинӣ туҳфаи вазири корҳои хориҷии Португалия Антонио Мартинз Дакруз, самовари русӣ туҳфаи собиқ раиси Думаи давлатии маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Г. Н. Селезнёв, қаламдон ҳадяи роҳбари ҳайати фармондеҳии марказии Қувваҳои Мусаллаҳи ИМА, генерал Томи Р. Френкс, глобус армуғони Мартин Демпсӣ аз ИМА, қанддони булӯрӣ туҳфаи сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Словакия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Фурдик, армуғон бо тасвири шаҳри Байтулмуқаддас — ҳадяҳои сафири фавқулода ва мухтори давлати Исроил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тсви Коэн — Литантро дар қисмати дигари нигораҳои толор дидан мумкин аст.

Хулоса, толори мазкур аз қисматҳои таваҷҷуҳбарангези Осорхонаи миллӣ маҳсуб шуда, тамошои он барои ҳама қишри ҷомеа муҳим ва муфид аст.

Фирдавси АБДУЛҲАМИД,

сардори шуъбаи таърихи нав ва навтарини Осорхонаи миллии Тоҷикистон,

Н. НИЗОМӢ,

«Садои мардум»