Бардошт аз намоиш дар Фестивал – озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту — 2023»
Ҳунармандони театр дар доираи Фестивал — озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту — 2023» дар шаҳри Душанбе ба ҳам омадаанд. Маросими оѓози ин чорабинӣ 27-уми апрели соли равон дар Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор шуд. Он ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 85-солагии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Хушназар Майбалиев бахшида шуд.
Муовини якуми вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Обид Назариён соҳибистиқлолии кишварро барои театри тоҷик марҳилаи нави рушд арзёбӣ намуда, аз ҷумла чунин гуфт: «Театр дар таърихи чандҳазорсолааш чун воситаи инъикосгари вазъи иҷтимоии ҷомеа дар пешрафти он такони ҷиддӣ бахшидааст. Ин аст, ки замони соҳибистиқлолӣ бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру ноҳияҳои кишвар муассисаҳои нави фарҳангӣ, аз ҷумла театрҳо, мавриди истифода қарор гирифтанд. Дар ин росто вазифаи мо — хоса аҳли театр офаридани асарҳои баландпояи ватандӯстона ва ба ин восита дар рӯҳияи садоқат ба Ватан тарбия кардани насли наврас мебошад. Барои расидан ба ин ҳадаф Фестивал — озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ нақши муҳим мегузорад».
Иттилоъ гирифтем, ки тӯли як сол аҳли эҷоди театрҳои кишвар 100 намоиши нав рӯи саҳна оварданд.
«ЗОЛ ВА РУДОБА»
Нахустин намоише буд, ки баъд аз маросими ифтитоҳи фестивал дар доираи ҷашнвора манзури тамошогарон гардид. Онро ҳунармандони Театри мусиқӣ – мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар таҳияи коргардони ҷавон Баҳром Қурбонзода (таҳиягари матни асар драматурги шинохтаи ҷумҳурӣ Ҷумъа Қуддус) манзури ҳаводорони санъати театр намуданд. Аҳли толор барои намоиш кафкӯбии бардавом карда, коргардонро ба саҳна хонданд, ки инро метавон як навъ қаноатмандии тамошогарон арзёбӣ кард.
Аввалин чизе, ки зеҳни бинандаро банд менамояд, интихоби мавзӯъ мебошад. Ба назари мо коргардон дар интихоб комёб шудааст. Комёбӣ дар он зоҳир мегардад, ки «Зол ва Рудоба» аз достонҳои ошиқонаи «Шоҳнома» — и Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ ба шумор меравад ва он тараннумгари ишқи беолоиш, садоқату устуворӣ мебошад. Нуктаи ҷолиби дигар он аст, ки мавзӯъ дар адабиёт ва ҳам драматургияи ҷаҳон ҷовидонӣ аст.
Намоиш аз зода шудани Зол писари Сом — ҳокими Зобулистон оѓоз мегардад. Мухтасари қисса ин аст: Сом, аз он ки писараш бо мӯю абрӯи сафед ба дунё меояд, ношод шуда, аз баҳраш мегузарад. Амр медиҳад навзодро ба Албурзкӯҳ партоянд. Симурѓ тифлаки маъсумро аз марг мераҳонад. Ӯро ба камол мерасонад. Зол баъди бузург шудан бо падараш Сом во мехӯрад. Баъдтар ба Рудоба духтари Меҳробшоҳи Кобулистон ва малика Синдухт, ки аз нажоди Заҳҳоканду аз азал бо ҳам душман ошиқ мешавад. Кинаву адоват ва қассосгирии ду қавм садди ишқи онҳо шуда наметавонад. Зол ба Фаридун — шоҳи кишвари Эронзамин хитоб мекунад, ки миёни ин ду қавм садсолаҳост ҷанг идома дорад, аммо анҷоми он маълум нест. Ӯ шоҳро бовар мекунонад, ки танҳо муҳаббати воқеӣ метавонад боиси дӯстии ҳар ду қавм гардад. Ҳамин тавр, Зол ва Рудоба ба висоли ҳам мерасанд, ки аз онҳо Рустам ба дунё меояд. Намоиш бо ба дунё омадани Рустам меанҷомад, ки басо рамзист.
Саҳнавӣ намудани достони эпикӣ ё ҳар навъ рухдоди таърихӣ кори чандон саҳл нест. Аз коргардон дониши фарох, ҷустуҷӯву заҳмати зиёд талаб мекунад. Ба ѓайр аз ин, рӯи саҳнаи ҳунар ба вуҷуд овардани фазои бофтаи таърихӣ ва ба ин восита тамошогарро дар олами хаёл ба гузаштаи дур бурдан заҳматест сангин. Дар ин самт шояд баъзе номавзуниҳое бошанд, ки мунаққидон ва таҳқиқгарони соҳа хубтар дарк мекунанд. Ба назари мо, ҳунармандон Муҳаммад Шомуддинов, ки нақши Сом, Фирдавси Турдиалӣ — Зол, Саидзода Отахон — шоҳ Манучеҳр, Дилафрӯз Саидова — Рудоба, Меҳринисо Ҳоҷибоева-Синдухт, Шукурзода Қурбонмуҳаммад — шоҳ Меҳроб, Бобинисо Боқиева — модари Сом ва Ҷамила Юсупова, ки нақши Каписоро иҷро намуданд, моҳияти аслии достонро ба тамошогарон расонида тавонистанд, ки боиси таҳсин аст.
Тамошогари закӣ аз пасманзари воқеаҳои намоиш мубориза барои ягонагии давлат, расидан ба ваҳдати комил ва гузашта аз ин, роҳҳои дурусти расидан ба ваҳдатро дармеёбад.
Коргардон аз тариқи намоиш гӯё аз бузургвор Фирдавсӣ ба мо паём мерасонад. Мехоҳад бигӯяд, ки агар муҳаббат самимӣ бошаду орӣ аз адоват, агар инсонҳо барои рафъи мушкил тадбир андешанду аз хирад кор бигиранд, нифоқ аз миён хоҳад рафт.
Воқеан, дар шароите ки ҷаҳон ба гирдоби муноқиша табдил ёфтааст, манзури тамошобин намудани чунин намоиши ҳувиятсоз мувофиқи мақсад мебошад.
Дар доираи Фестивал — озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту- 2023», ки то 4-уми майи соли равон идома дошт, 18 театри касбӣ бо беҳтарин намоишҳои таҳиякардаи хеш ширкат варзиданд. Дар доираи ин чорабинӣ ду суҳбати гирди миз — «Хушназар Майбалиев-арбоби барҷастаи санъати тоҷик» ва «Вазъи кунунии театрҳои Тоҷикистон» баргузор шуд.
Фарзона ФАЙЗАЛӢ,
«Садои мардум»