Решаам сахт ба хоки ватан аст

№10 (3960) 24.01.2019

Шодравон Саидҷон Ҳакимзода аз шоирони тавонои тоҷик аст, ки бо ашъори ҷаззобу баландпарвоз дили дӯстдорони каломи бадеъро тасхир сохтааст. Ишқи ёр, меҳри Ватан, тараннуми табиати нотак­рор, васфу ситоиши модар ва миллат аз мавзӯъҳои асосии эҷодиёти ӯянд.

Чанде пеш дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҳфиле орос­та гашт, ки дар он адибон, олимон, дӯстдорони шеъру ҳунар ва пайвандони Саидҷон Ҳакимзода гирд омаданд. Муовини якуми раиси ИН Ато Мирхоҷа иброз дошт, ки хиттаи Хатлон сарзамини шоирпарвар аст. Аз он диёр Носири Хис­рав, Шамсиддини Шоҳин ва Ҳоҷӣ Ҳусайнӣ Кангуртӣ барин мардони бузург ба арсаи ҳастӣ омадаанд. Саидҷон Ҳакимзода низ кори он фарзонамардонро идома додааст. Истеҳкоми шеъри ӯ хеле қавӣ буда, нубуғи шоириаш аз он зоҳир мешавад.

Адабиётшинос Аъламхон Кӯчаров яке аз муҳаққиқони осори шоир гуфт, ки Саидҷон Ҳакимзода солҳои шастуми асри гузашта боҷуръат ба адабиёт ворид гашт. Он замон ватанхоҳиву ҳувияти миллӣ дар шеър ба тозагӣ шурӯъ шуда, Саидҷон Ҳакимзода онҳоро муваффақона дар эҷодиёт бозгӯйӣ мекард. Он замон шеъри «Ман ҳамонам, ки ҳамон мемонам»-и шоир машҳур гашта буд:

Решаам сахт ба хоки Ватан аст,

Шохаи пургули умрам сухан аст,

Дар ҳама ҷои Ватан ҷои ман аст.

Ман ҳамонам, ки ҳамон мемонам,

Дар бари ҳамватанон мемонам.

Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар гуфт, ки бо Саидҷон дӯст буд ва ӯро аз даврони донишҷӯӣ мешинохтаасту шеър­ҳояшро бо ҳавас мехондаанд. Байти зерин нишонаи истеъдоди баланди ӯст:

Тифлакон хобанд дар гаҳвораи чӯбии бед,

Бедро гӯянд нахли бесамар бовар макун.

Муҳаммадалии Аҷамӣ таъкид сохт, ки шеъри шоирони ҳавзаи адабии Хатлонро хонда ва ба ин хулоса расида, ки зебоӣ ва вежагиҳои баёни эҷодкорони хиттаи сарсабзро бо номи сабки хатлонӣ бояд омӯхт. Сабки хатлонӣ дар дохили сабки хуросонӣ ба вуҷуд омадаву рушд кардааст.

Камол Насрулло ва Муҳаммад Ғоиб аз махсусиятҳои шеъри Саидҷон Ҳакимзода суҳбат намуданд. Онҳо, аз ҷумла, рубоии зеринро аз нубуғи шоирии ӯ арзёбӣ карданд:

Аз кӯтаҳии умр димоғам сӯзад,

Гӯӣ, ки самар надода боғам сӯзад.

Ҳоло, ки нагуфтаам ҳама дарди дилам,

Монед, тамоми шаб чароғам сӯзад.

Саидҷон Ҳакимзода аз худ осори бою рангине мерос гузоштааст. «Лолаи сурх», «Қадаҳи меҳр», «Сӯзи дил», «Ҷигаргӯша», «Хиромон», «Садафмоҳ», «Фидоӣ» рӯйхати нопурраи осори ӯст, ки ба дили хонандаи бешумор роҳ ёфтаву ба онҳо ғизои маънавӣ бахшидааст.

Дар маҳфил, ҳамчунин доктори илми филология Умар Сафар, шоирон Саидалӣ Маъмур, Рустами Ваҳҳоб, Ҳақназар Ғоиб аз Саидҷон Ҳакимзода ёд намуданд.

ВОРИС, «Садои мардум»