Зиндагии мо шудастӣ решапайванди Паём,
Ширавар шуд коми ҳар тоҷик аз он қанди Паём.
Дар ҳама кунҷу канори Тоҷикистон шуъларез,
Вожаю дурдонаҳарфи бобу ҳар панди Паём.
Парчами созандагиҳоро ба ҷавлон кардааст,
Пешвои миллати тоҷик зафарманди Паём.
Сулҳу Ваҳдат мояи осудагии миллат аст,
Шуд ироа з — ин сабаб дар мағзу пайванди Паём.
Дар саноат, нақлиёту иқтисоду иҷтимоъ,
Нақши бориз дорад он андарзашу панди Паём.
Он ҳама гумкардаҳои мо зи нав эҳё шуда,
Бо ҳама созандагиҳои зиёманди Паём.
Бар «Фурӯғи субҳи доноӣ» кушоиш додаанд,
Ҷавҳари ирфонию фарҳангу арванди Паём.
Мерасад бар синни 30 иқболи Истиқлолият,
Насли имрӯзи Ватан арзандафарзанди Паём.
Бобоҷони Нурзод,
узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон