Мутаассифона, солҳои охир баъзе аз расму оини наврӯзӣ аз байн рафтааст.
Вобаста ба ин бо муаррих ва бостоншинос Ҷонибек Асрориён суҳбат кардем.
- Расму оинҳои наврӯзӣ кадомҳоянд?
- Наврӯз ҷашни баҳор ва оғози сол аст. Дар ин ҷашн аслу насаб, тоифа ва боигарӣ аҳамият надорад. Аз ин хотир мардум ҷои зистро тоза карда, бо орзуҳои нек онро пешвоз мегирад. Як хосияти чунин ҷашнҳо муттаҳид кардани мардум аст. Гузаштагони мо сухани бад нагуфта, субҳи Наврӯз даҳонашонро бо ангубин ё ягон ширинии дигар ширин мекарданд. Ҳамчунин, як анъанаи Наврӯз он аст, ки одамон ба ҳамдигар ҳадя медиҳанд.
- Оё ба таври бояду шояд расму оини наврӯзӣ амалӣ мешавад?
- Наврӯз ҷашни зебоиву дониш аст, вале мо онро бештар ба иди шикам табдил додаем.
Зиёиёни кам дорем, ки дар хонаҳояшон хони наврӯзӣ ороянд. Ман тақрибан 20 сол аст, ки бо фарзандонам дар хона суфраи идона мекушоям ва мувофиқ ба шароит ин ҷашнро таҷлил мекунам. Дар баробари ин, барои фарзандону наберагон туҳфа мегирам.
Таҷлили ҷашни Наврӯз дар сатҳи Ҳукумат хеле баланд аст, вале миёни мардум ба дараҷаи зарурӣ нест. Хоса дар ин шабу рӯзе, ки ҷараёнҳои исломгаро ва ифротгаро, ки ба муқовимати хеле сахт гузаштаанд, ин корро зиёд анҷом додан даркор аст. Кор ба андозае расидааст, ки ҳар нафаре мегӯяд наврӯзро ҷашн гирифтан зарур аст, гурӯҳе ҳукм мекунанд, ки ӯ аз аҳли ислом нест.
Дар баробари ташаббусҳои давлату Ҳукумат бояд мардум ҳам барои риояи расму оин ва рамзҳои Наврӯзи аҷдодиамон камар банданд. То андозае Наврӯзи мо ҷашни телевизиониву матбуотӣ шудааст. Мо бештар инъикос мекунем аз оне, ки ҳаст. Кӯшиш кардан даркор, ки сидқан эҳсос кунем, ки ҷашни бузург дорем. Бояд талқин кунем, ки ҳадяҳои наврӯзӣ миёни мардум анъана шаванд ва ба ҳамдигар то қадри тавоноӣ дар рӯзи ид туҳфа кунем.
- Шумо доир ба махусияти суманак андешаҳои ҷолиб доред…
- Дар мавриди истилоҳ ва замони пайдоиши суманак андешаҳо яксон нестанд. Олимону коршиносон фикри дигар доранду мардуми деҳоту қасабаи кӯҳманзар фикри худро, аммо дар деҳоти мо касе пушту паҳлуи вожаи суманак намегашт.
Суманак аз решаи суман (сабза), саман, ёсмин, ёсуман – гули сафеди хушбӯи баҳорӣ ва сӣ малак (сималак) шарҳ ёфтааст, ки дар қатори тахминзаниҳои муқаррарист. Ба тариқе дар адабиёти ривоятӣ замина ва асос ҳам гӯё дорем, мисли симурғ, ки аз сӣ ва мурғ пайдо шудааст ва ғайра. Мувофиқат ва бархӯрдҳо дар миён вуҷуд дорад. Ба вижа нисбат ба вожа ва ҳикмати ғизои куҳанбунёд, ки аслашро камтар омӯхтаанд.
Маънидод шартӣ буда, таърихаш гумонист. Чуноне гуфта шуд, таъкид мекунанд, ки вожаи суманак аз ҳамон гули сафеди хушбӯи баҳорӣ реша дорад. Шояд чунин бошад, аммо онро чӣ умумият ба ғизои ҷашнӣ. Магар суманаки танӯрпухта, ки мешукуфад ва бо орд задан ба сафедӣ моил мешавад. Дигар, малак вожаи арабисту пасон ба лаҳну фарҳанги ниёкон ворид шуда ва муродифи Суруш, ки наметавонист дар фарҳанги оинҳои куҳан ба устуворӣ мавқеъ пайдо кунад. Агар аз «малак» талқин кунем, пас аз боби андеша ва боварҳои исломӣ — семитӣ фарзия мезанем, ки ба оину анъанаи иронӣ амиқан асар надоштааст.
- Дар маросими пухтани суманак қоидаҳои муайян ҳастанд…
- Дар маросими суманакпазӣ занони баргузида гирд омада, бо нияти нек ва дуову орзуҳо (мисли мантраҳои куҳан) оташ мегиронданд. Занони бемор ва нопок роҳ дода намешуданд. Агар пайдо шаванд, фоли нек набуд ва ба қавли занони кӯҳистон «суманак аз дег мепарид».
Як анъанаи муҳим мудом бо навбат кофтани дег буд. Таги дег бояд нагирад, яъне суманак насӯзад. Барои пешгирӣ ҳафт санг ё чормағзро даруни дег мепартофтанд. Маълум аст, ки бо сӯхтани суманак таркибаш вайрон мешавад ва бӯйи нофорам паҳн мегардад. Чунки суманак ғизои покон буда, бо чашиданаш орзуву ормон мешикананд. Аз солхӯрдагон шунидаем, ки ҳезуми суманакро қаблан омода мекарданд ва он ҳам аз бурс, арча, заранг, писта ва баъзан бед. Барои он аз дарахтони озода истифода мекарданд, ки маводи пухта бӯйи бад набардорад. Ба қавли онҳо дуд нагираду нофорам нашавад. Риояи ин расм ба таъми ғизо асар мекунад.
Мардуми тоҷик, бахусус занҳо, тахайюлоти аҷиб доранд. Ҳар минтақа, Ҳисор, Раштонзамин, Суғд, Зарафшон ва Кӯлобу Вахшону Бадахшон бо шеваю лаҳн ва бофтаҳои ширини худ ғизои баҳориро сифат мекунанд. Ангушти хурдро ба он мезананд, мечашанд ва ният мекунанд: «Муродҳо ҳосил ва то Наврӯзи дигар бедарду беғам моро расон».
Занони порсову покро як шабонарӯз (то омода шудани суманак) хӯру хобашон даври дег буд. Суруду таронаҳо мехонданд, даф мезаданд. (Суманак дар ҷӯш мо кафча занем, Дигарон дар хоб мо дафча занем). Гӯё дар гӯши ғизо сурур мехонданд, ки дар худ ормону шодиву нишотро фаро бигирад ва ноқили саодату комгорӣ бошад. Даф низ дар гузашта сози одӣ набудааст, чун онро рамзу намоди шодиву сурур номидаанд.
Дар кофтани дег дарду ғусса, кина ва дигар намунаҳои бадӣ аз дилу ҳуш ронда мешуданд. Тарзи омода кардани суманак дар кӯҳманзари Рашт ва Хатлону Файзобод, Дарвозу Ванҷ дигаргуна аст. Кадбонуҳо суманакро ба шакли кулча дар танӯр мепазанд. Оби кӯфтаи гандумро ба орд омехта рӯи тобаи хоса мечинанд. Бояд миёнашон фосила бошад, зеро зуволаҳои гирифта паҳн мешаванд. Тобаро рӯйи оташ ниҳода танӯрро маҳкам мекунанд.
Пас аз чанд соате (вобаста ба гармии танӯр) суманак омода мешавад. Тафаш гузашт, лаззати ғайриоддӣ дорад. Ҳам суманаки гармро дар табақ бо ёрии қошуқ майда карда, каф зада (кӯфта) равғани зард ҳамроҳ мекарданд, ки хушхӯр мешуд.
- Яке аз суннатҳои Наврӯз «Гулгардонӣ» мебошад…
- Дар даҳаи ид, бо пайдо шудани сияҳгӯш, маросими «Гулгардонӣ» оғоз мешавад. Гулҳои зарду сиёҳгӯшро аз талу теппаҳои Хоҷағалтон мечидем. Нахуст бачаҳо, ки дар миёнашон мо ҳам будем, расми бобоиро бо байтҳои «Гули сияҳгӯш ҳафтрангай, Хӯроки кавги дилтангай…», ба ҳар ҳавлӣ сар зада, адо мекардем. Дар миён мисраъҳое буданд, ки таманно ва ҳадафи асосиро ҷилва медод, мисли «Гули сияҳгӯши пешгардон, табақ пур куну даст гардон». Соҳибони хона бароямон армуғон медоданд. Манзури маросим аз такудави бобои деҳқон буд, ки дар шеър таъкид мешуд: «Гул овардем аз у поён, хабар кардем бобои деҳқон, Бте ғалла ба гулгардон, баҳори нав муборак бод!».
Мусоҳиб Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА,
«Садои мардум»