Китоби нав

Рисола дар шинохти жанрҳои ҷадиду қадим

№41 (4303) 01.04.2021

 IMG_0001Алҳол зиндагиро бе воситаҳои ахбори омма тасаввур карда наметавонем. Матбуот ва радиову телевизион ҳаётро рангин месозанд, аз навигариҳои олам хабар медиҳанд, паҳлуҳои гуногуни зиндагии иҷтимоиву сиёсӣ ва фарҳангиро ­инъикос менамоянд. Журналистон дар бозтоб додани ҳаёт саҳм мегузоранд. Аз ин рӯ, журналистика рушд меёбад ва мавриди таҳқиқу баррасӣ қарор мегирад.

Чанде пеш китоби раиси Иттифоқи журналистони ҷумҳурӣ, номзади илмҳои филологӣ Зинатуллоҳ Исмоилзода бо номи «Жанрҳои журналис­тика ва қолаб­ҳои нави жанрӣ» чоп шуд. Дар тавсифномаи мухтасари он омадааст, ки арзиши таълимӣ — методӣ дошта, доир ба низоми жанрии журналистикаи муосир ба таври маҷмӯӣ маълумот медиҳад. Муаллиф кӯшиш кардааст, ки дар асоси назарияи шинох­ти жанрҳо аз сарчашмаҳои гуногун дар бораи таҳқиқи нисбатан нави жанрҳо маълумоти нав пешниҳод намояд. Инчунин, аҳамияти жанрҳои анъанавӣ бори дигар ба таври умумӣ зикр гардида, интихобан баъзе аз қолабҳои нави жанрӣ шарҳ дода шудаанд.

«Жанрҳои журналис­тика ва қолабҳои нави жанрӣ» таҳти назари доктори илмҳои филологӣ, академик Муҳаммадюсуф Имомзода ба нашр расидааст. Он аз қисматҳои «Жанрҳои хабарӣ», «Жанрҳои таҳлилӣ», «Жанрҳои пуб­литсистӣ-бадеӣ», «Интернет-журналистика», «Шабакаҳои иҷтимоӣ ва иртиботӣ» иборат аст.

Муҳаммадюсуф Имомзода дар пешгуфтори рисола «Нақши касбият дар шинохти жанрҳо» таъкид мекунад: «Дастури мазкур маълумотномаи муфидест дар шинохти жанрҳои ҷадиду қадим ва қолабҳои нави шаклгиранда. Таълифоти мазкур арзиши таълимиву маърифатӣ дорад. Муаллиф, дар баробари муҳаққиқи соҳа будан, журналисти муваффақ ҳаст, ки татбиқи жанрҳоро дар амалия дидааст».

Дар тавсифномаи мухтасари рисола зикр гардидааст, ки китоб барои донишҷӯёни ихтисоси журналистика, кормандони воситаҳои ахбори омма ва муҳаққиқони ҷавони соҳа ҳамчун дас­тури роҳнамо пешниҳод мешавад.

Ӯ. НАЗАР,

«Садои мардум»