Ба муносибати 30 – юмин солгарди таъсисёбии Телевизиони «Кӯлоб»

Рисолати таърихии телевизиони «Кӯлоб»

№62 (4482) 24.05.2022

ТВ КУЛОБ (2)Моҳи майи соли 1992 дар шаҳри Кӯлоб бо талоши котиби дуюми Кумитаи комсомоли шаҳри Кӯлоб Сафаралӣ Эргашев Телевизиони «Кӯлоб» таъсис ёфт.

Дар он шабу рӯз, ки оташи ҷанги шаҳрвандӣ аланга мезад,  таъсис додани шабакаи телевизионӣ кори саҳл набуд. Мушкилоте, ки ба фаъолияти кормандони телевизион монеа эҷод мекард, надоштани бинои корӣ, норасоии кадрҳо ва таҷҳизоти наворбардорӣ, инчунин вазъи бади иқтисодӣ ва амниятӣ буд. Бо вуҷуди ин, шабакаи навтаъсис зери роҳбарии Сафаралӣ Эргашев дар муддати кӯтоҳ тамошобини зиёд пайдо кард.

Ҳамин тариқ, моҳи равон аз таъсисёбии Телевизиони «Кӯлоб» 30 сол пур шуд. Ба ин муносибат бо муассис ва директори он Сафаралӣ Бозорзода суҳбат анҷом додем.

- Телевизиони «Кӯлоб» чӣ гуна таъсис ёфт?

- Аз ибтидои моҳи майи соли 1992, вақте дар ҷумҳурӣ хунрезӣ шурӯъ шуд, муътақид будам, ки танҳо ба воситаи сухан ва ёдоварӣ аз андарзи гузаштагон метавон Тоҷикистонро аз вартаи нобудӣ наҷот дод. Бо ин мақсад аз 11 то 14 майи соли 1992 пайи таъсис додани Телевизиони «Кӯлоб» шудем. 14 майи соли 1992 нахустин маротиба бо инъикоси мақбараи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Телевизиони «Кӯлоб» рӯи мавҷ баромад. Ҳамчунин, чанд навори дигар, ки аз ноҳияи Вахш дастрас гардид, ба тамошобинон пешниҳод намудем. Дар рӯзҳои аввали корӣ танҳо будам. Баъд чанд нафарро ба кор даъват кардам, ки дар бандубасти барномаҳо кумак мекарданд.

Нахустин журналисте, ки ба идораи телевизион ба кор омад, корманди соҳаи фарҳанг Абдураҳим Исмоилов буд. Баъд аз чор моҳи фаъолият, бо тавсияи Сафармуҳаммад, Аюбӣ Давлаталӣ Раҳмоналиевро ба кор даъват кардем.

Он замон як камераи наворбардорӣ доштем. Бо ду забон — тоҷикӣ ва русӣ ахбор пахш мегардид. Зарурат пайдо шуд, ки аз 22 августи соли 1992 ахбор бо забони ӯзбекӣ низ пешкаши бинандагон гардид.

Соли 1993 Телевизиони «Кӯлоб» — ро ҳуҷҷатгузорӣ кардем ва чун телевизиони хусусӣ тӯли даҳ сол фаъолият кард. Дар ин муддат дорои таҷҳизоту макони фаъолият шуд. Барномаҳои он инъикосгари сулҳу субот, якпорчагии Ватани азиз буд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки нахустин маротиба раванди баргардонидани гурезагонро соли 1993 аз минтақаи Тавилдара Телевизиони «Кӯлоб» сабт намуд ва онро аз тариқи Телевизиони «Тоҷикис­тон» пешниҳоди бинандагон намудем.

- Аз кадом сол Телевизиони «Кӯлоб» телевизиони давлатӣ шуд?

- Бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз оғози соли 2002 Телевизиони «Кӯлоб» ҳамчун телевизиони давлатӣ ба Кумитаи телевизион ва радио тобеъ шуд. ҳамон вақт соҳиби бинои нав гардида, даҳҳо ҷойи кории нав ташкил шуд. Дар ин замина, телевизион соҳиби таҷҳизоти техникии муосир ва техникаҳои корӣ низ гардид. Имрӯз Телевизиони «Кӯлоб» — ро дар 50 давлати дунё аз тариқи моҳвора тамошо мекунанд. Айни замон шабака дорои 25 камераи наворбардорӣ мебошад.

- Нахустин барномаҳои телевизионӣ кадомҳо буданд?

- Аввалин барномаи телевизионие, ки пешниҳоди бинандагон кардем, муроҷиати дарвозиҳои Кӯлоб буд. Дар он корманди рӯзномаи «Ҳақиқати Кӯлоб», шодравон Раҳматшо Ташрифзода мақолаеро, ки таҳти унвони «Ман зодаи Дарвозаму Кӯлоб ватанам» иншо карда буд, аз тариқи телевизион ба сокинон қироат кард. Барномаҳои «Табрикотӣ», «Ҳафта», «Дастовард», «Кишоварз», «Таронаҳои дархостӣ», «Варзиш», «Меҳрпайванд», «Мусоҳиба», «Дар суҳбати адиб», «Ҷавонон ва ҷомеа», «Сайри таърих», «Сарбози Ватан», «Пирони кӯҳистони Хатлон», «Маориф», «Омӯзгор», «Некӣ ва накукорӣ», «Об — манбаи ҳаёт», «Афкор», «Муошират», «Ҳамадон», «Чӣ бояд кард?» аз ҷумлаи барномаҳои аввалин буданд, ки қисме ҳоло низ пахш мешаванд. Инчунин, яке аз нахустин барномаҳо бахшида ба ёдбуди ҳунарманди маъруф Аҳмад Зоҳир буд, ки соати дуи шаб пахш гардид. Ҳар чорабиние, ки дар минтақа доир мешуд, Телевизиони «Кӯлоб» онро сабту пахш мекард. Ба барномаҳо олимону шоирон даъват мешуданд ва ҳамеша дар бобати сулҳу субот сухан мерафт. Кӯшиш кардем, ки дили мардумро дубора ба Ватан гарм созем ва нагузорем, ки рӯҳияи онҳо шикаста гардад.

- Алҳол шароити кор дар телевизион чӣ гуна аст?

ТВ КУЛОБ (1)- Телевизиони «Кӯлоб» то вақте ки ҳамчун хусусӣ амал мекард, ба мушкилии зиёд рӯ ба рӯ буд. Шароити корӣ нағз набуд, бино надоштем. Биноеро, дар пушти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб шодравон Султон Мирзошоев ба мо дод. Баъд аз муассисаи давлатӣ шудан соҳиби бинои нав гаштем. Дар даҳ соле, ки Асадулло Раҳмон ҳамчун раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият кард, Телевизиони «Кӯлоб» ба дастовардҳои арзанда ноил гардид. Ҳоло шумораи кормандон 71 нафар мебошанд. Инчунин, Телевизиони «Кӯлоб» соҳиби техникаву таҷҳизоти замонавӣ ва мавҷпахшкунаки пуриқтидор гардид. Соли 2018 бо дастгирии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳиби таҷҳизоти муосир шудем. Ҳоло дар Телевизиони «Кӯлоб» 60 барномаи сиёсӣ, иттилоотӣ, фарҳангӣ ва ғайра аз соати 600 то соати 2400 пешниҳоди бинанда мешаванд.

Бояд гуфт, ки нақши Телевизиони «Кӯлоб» дар омода кардани кадрҳои журналистика низ басо назаррас аст. Бо факултетҳои журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ҳамкорӣ дорем. 150 ҷавоне, ки пештар дар Телевизиони «Кӯлоб» фаъолият мекарданд, ҳоло дар шабакаҳои телевизионии ҷумҳурӣ фаъолият доранд. Ҳамкорӣ бо шабакаҳои телевизионии «Тоҷикистон», «Сафина», «Синамо», «Варзиш», Академияи ВАО, Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва ғайра хуб ба роҳ монда шудааст.

Соли 2021 барои кормандони Телевизиони «Кӯлоб» соли фаромӯшнашаванда буд. Дар ин сол бо дастгирии раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Телевизиони «Кӯлоб» радиои «Кӯлоб» низ ба фаъолият пардохт, ки аз тариқи он ҳар рӯз 10 соат барнома пахш мегардад.

Табиист, ки ба дастовардҳои мазкур дар заминаи таваҷҷуҳи хосаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноил гардидем. Биноан, миннатдории худро ба ин абармард баён менамоям.

Мусоҳиб Исломи РАҶАБАЛӢ,

«Садои мардум»

PS.  Аҳли эҷоди рӯзномаи «Садои мардум» кормандони Телевизиони «Кӯлоб»-ро ба муносибати 30 — солагии таъсисёбии он табрик гуфта, барояшон саломатӣ ва дар корҳои эҷодӣ муваффақият таманно мекунанд.