Баҳриддин Набиевро бо хислатҳои ҳамидаи инсонӣ — адолатпешагӣ ва накукорӣ дарёфтам. Ӯ кӯдакии пурмашаққати даврони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва баъдиҷангиро пушти сар кардааст. Падараш мулло Абдунабӣ — таҳсилнамудаи мадрасаҳои Самарқанду Бухоро, шахси соҳибмаърифат буду солҳои зиёд таҳсили илм ва деҳқонӣ мекард. Дар муқоиса бо муллоҳои навзуҳур шахси шикастанафс буд. Аз корафтодагону муридон пулу молситониро хуш надошт. Дар 53 – солагӣ дунёро падруд гуфт.
- Хоҳ бовар кунед, хоҳ не, дар хона ягон чизи хӯрданӣ набуд. Сарулибос ва пойафзоли дуруст надоштем, ки ба мактаб равем. Пойпӯшҳои куҳнаю даридаро, бо ресмон баста мегаштем. Ҳама вазнинии рӯзгор бар дӯши модари биҳиштиам Эсаной афтод. Ба қавле, ману хоҳараконамро пишаквор газида калон кард. Дар он солҳои қаҳтию қиматӣ азобҳои модарамро худаш медонисту Худо. Бо саракчинию кор дар колхоз моро нимсеру нимгурусна ба воя расонд. Бо вуҷуди ин, фарзандонро дар рӯҳияи ростқавлӣ, ҳалолкорию меҳнатдӯстӣ тарбия кард.
Рӯзе ҳамдеҳаамон тӯй дошт. Ману хоҳаронам чанд рӯз боз чизе ба даҳон набурда бурдем ва мадор надоштем. Модари бечораам илоҷе намеёфт. Ба хотири фарзандон ғурур шикаста, табақеро ба дасти ман додаву ҳидоят намуд, ки ба тӯйхона равам. Шояд дили касе сӯхта, ягон чиз диҳад. Азбаски чунин ҷуръат надоштам, рафтан намехостам, вале ҳоли зори модарро дида, поямро базӯр кашон — кашон ба тӯйхона наздик шудам. Дар назди дарвозаи тӯйхона рост истода, гӯё ду поямро мехкӯб карда бошанд, на пеш мерафтаму на пас. Зане ба ман чашм дӯхт ва дилаш ба ҳоли зорам сӯхт. Табақро аз дастам гирифт ва назди ошпаз рафта, хоҳиш намуд, ки каме ош бардорад. Ошпаз ошро бардошта, аз зан пурсон шуд, ки онро барои кӣ мебарад? Зан ман — писари мулло Набиро нишон дод. Ошпаз табақро аз дасти зан гирифта, бо қаҳр ба тарафи ҳота ҳаво дод. Замин накафид, ки дароям. Ашкрезон қафо гашта, то хонаамон расидам ва худро болои кӯрпача афканда, хеле гиристам.
Чанд вақт гузашта буд, ки ошпаз як табақ ош ва чанд бурда нонро гирифта, ба хонаи мо омад. Модарамро коҳиш намуд, ки аз хурдӣ кӯдак, махсусан писарбачаро ба ин корҳо одат кунондан хуб нест. Обрӯи шавҳарат чӣ мешавад? Оё мардум таъна намезанад, ки писари мулло Набиро бинед, ки ба талбандагӣ машғул аст. Беҳтараш худат меомадӣ.
Баъди рафтани ошпаз модар ва хоҳарчаҳоям ҳар қадар зорию илтиҷо карданд, бо вуҷуди гушна будан луқмае аз он табақ ба даҳон набурдам. Ошпаз писарамакам буд, ки чун гадо дар назди дари мардум истодани маро дида, нангаш омадааст. Ҳарчанд гуруснагӣ кашидан осон нест, вале ғурури мардуми кӯҳистон аз гушнагӣ мурданро авло дониста, намегузорад, ки кас ба талбандагӣ машғул бошад. Ман ҳам аз сабақи онрӯза хеле миннатдор ҳастам.
Агар вақту соати одам нарасад, на аз гуруснагӣ мемурдаасту на аз обу оташ, — мегӯяд бо шукргузорӣ аз даврони соҳибистиқлолӣ, фаровонӣ ва тинҷию осудагӣ Б. Набиев.
Бо вуҷуди машаққати зиёдро аз сар гузаронидан саломатии модараш хуб буду умри хеле пурбаракат дид ва соли 1993 дар синни 90 аз олам чашм пӯшид.
Бо хатми ҷанги манҳус, ки бо ғалабаи Армияи шӯравӣ бар фашизми Германия анҷомид, мардум аз бахти баланду хушҳолӣ, бо дасту дили гарм ба кор шурӯъ намуданд. Ҷанге, ки боиси ҳалокати миллионҳо одами бегуноҳ, кӯдакону модарони ҷавон гардид. Пештар мардум дар ду ҷабҳа баробар разму меҳнат мекарданд. Қатъи ҷанг имконият пеш овард, ки ба ҷои шиори «Ҳама чиз ба фронт!» тамоми қувва барои барқароркунии хоҷагии халқ сафарбар шавад. Солҳои баъдиҷангӣ ҳам то муддате қаҳтию қиматӣ идома ёфт, вале мардум бо умед ба ояндаи нек шабу рӯз меҳнат мекарданд. Дар натиҷа, оҳиста -оҳиста зиндагӣ рӯ ба беҳбудӣ овард.
Баҳриддини ҷавон бо хатми мактаби 7-солаи рақами 15-и деҳаи Искодари ноҳияи Заҳматобод (ҳоло Айнӣ) таҳсилро дар мактаб – интернати № 10 шаҳри Сталинобод идома бахшид ва онро соли 1953 хатм кард. Соли 1962 шуъбаи шабонаи факултаи ҳуқуқшиносии Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ДМТ) , баъдан курси дусолаи марксизм – ленинизми шаҳри Душанбе ва соли 1976 Академияи фанҳои ҷамъиятшиносии назди КМ ПК Иттиҳоди Шӯравиро хатм намуд. Дар ин байн ба корҳои илмӣ низ машғул шуда, рисолаи илмӣ ҳимоя кард ва номзади илми таърих шуд.
Баҳриддин Набиев фаъолияти меҳнатиро аз мактаби деҳа оғоз бахшида, баъдтар дар Комбинати полиграфии шаҳри Душанбе, Суди ноҳияи Марказии (Исмоили Сомонӣ) шаҳри Душанбе, дастгоҳи Совети Вазирони РСС Тоҷикистон, шуъбаи идеологии КМ ПК Тоҷикистон идома дод. Аз соли 1977 то 2015 вазифаи мудири шуъбаи ҳуқуқ ва қонунгузории Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистонро ба уҳда дошт. Зиёда аз ним аср мешавад, ки узви Ҳизби коммунисти Тоҷикистон аст. 25 соли расо вазифаи масъули котиби ташкилоти ҳизбии ташкилоту корхонаҳои коркардаашро ба зимма дошт. Айни замон узви комиссияи тафтишотии ҳизби коммунисти ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе мебошад. 17 сол ин вазифаро дар ФИКМТ ба уҳда дошт. Бо вуҷуди дар нафақа қарор доштан худро аз корҳои ҷамъиятӣ дур намегирад. Маъракаи интихоботиеро дар хотир надорад, ки бе иштироки ӯ гузашта бошад. Муаллифи чанд дастуру китобҳои соҳаи ҳуқуқ ва иттифоқи касаба буда, шогирдони зиёдро ба камол расондааст.
Бо завҷаи меҳрубонаш — Набиева Бибикалон (рӯҳаш шод бошад) соҳиби 7 фарзанд ва 38 набераву абера гардиданд. Духтараш Дилбар муҳандис – технолог, писари калониаш Қаҳрамон — рассоми хушсалиқа буд. Афсӯс, ки дар 38 – солагӣ ба таври фоҷиавӣ ба ҳалокат расид. Паҳлавон ва Далер соҳиби оила, касбу кор ва дар намуди муштзанӣ дорандаи унвони устодони варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ мебошанд. Бахтовар дар вазифаи муовини директори Гимназияи ба номи Ганҷавии шаҳри Душанбе кор мекунад.
Б. Набиев барои хизматҳои бисёрсола ва садоқатмандона бо ифтихорномаю медалҳо мукофотонида шудааст. 4 сентябри соли 1998 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо унвони «Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон» қадрдонӣ гардид.
Ба хонаи хоксоронаи ӯ, ки соли зиёд дар вазифаҳои баланди ҳизбию давлатӣ фаъолият намудааст, нигариста, ба фурӯтанию қаноатпешагии ӯ қоил нашудан мумкин нест. Бо вуҷуди ин, худро аз ҷумлаи инсонҳои хушбахт меҳисобад ва аз касе шикоят надорад. Аз насли ҷавон хоҳиш дорад, ки ба қадри обу хоки Тоҷикистони биҳиштосо, тинҷию амонӣ дар мамлакат, ки бо талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, бирасанд ва фирефтаи дасисаҳои хоинону душманони миллат нагарданд.
Мирзо РУСТАМЗОДА,
«Садои мардум»