Роҳи пурифтихори рӯзноманигор

№64-65 (4804-4805) 22.05.2024

Фабрика форматовХУСЕЙН (2) — копияЗиндагӣ саҳнаи театр аст, дар он ҳар инсоне намоишномаи худро менависад ва нақш бозӣ мекунад. Ин саҳна ва ин нақш ду тазодро таҷассум месозад: хайр ва шарр, муборизаи равшанӣ ва торикӣ. Аз рӯзи азал ин ду неру дар замири инсон ҷой доштааст ва муборизаро дар саҳнаи театри ҳаёт пуршиддат гардонидааст. Аммо Саъдӣ мефармояд, «тани одами шариф аст ба ҷони одамият», яъне ҷони одамият аст, ки ба инсон шарофат меорад, мақоми ӯро камол мебахшад, халоқиятро ба зуҳур мерасонад. Аз ин ҷост, ки инсонҳо ба илму маърифат рӯ меоранд, бунёдкорӣ мекунанд, тамаддунҳоро месозанд. Ҳар инсоне дар мақоми худ амали хайреро анҷом медиҳад, боғе парвариш менамояд, дашти лабташнаеро сероб месозад, хонае барпо мекунад, илмеро аз бар карда, шогирдонро тарбият сохта, одамвор зистанро ба онҳо меомӯзад. Яъне, «ҳар киро аз баҳри коре сохтанд».

Рӯзноманигор ва адиб Ҳусейни Назрулло умри бобаракати хешро сарфи хидмати халқ кардааст. Ӯ тавассути сухан аз диле бар диле роҳ ёфтаю рисолати инсонии хешро бо фурӯзон нигоҳ доштани чароғи маърифат анҷом медиҳад. Роҳи тайкардаи ин рӯзноманигор ва адиби хушсалиқа пур аз печутоб, вале рангину пур­ифтихор аст.

Ӯ фаъолияти хешро соли 1976 ҳамчун ходими хурди илмии хона-музейи ба номи М. Раҳимӣ, дар назди шуъбаи мероси адабии Институти илмию тадқиқотии забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон оғоз кардааст. Аммо сарнавишт ӯро ба кӯи дигаре мебарад. Ҳусейни ҷавон ба Афғонистон меравад ва дар департаменти нефту гази шимоли Афғонистон (дар шаҳри Мазори Шариф) ба ҳайси тарҷумони забонҳои дарию русӣ ба кор мепардозад. Ҳамин тавр, ӯ чанд сол тақдири худро бо сарнавишти мардуми афғон мепайвандад, бо кору зиндагии онҳо аз наздик ошно мегардад. Баъд аз бозгашт ба Ватан дере нагузашта ӯро дуюмбора аз ҷониби Комитети марказии ВЛКСМ барои кор ба Созмони ҷавонони Афғонистон мефиристанд. Ӯ дар шаҳрҳои Меҳтарломи вилояти Лағмон, Ҷалолободи вилояти Нангарҳор ва шаҳри Кобул адои вазифа менамояд.

Муҳимтарин рисолати ҳар инсони огоҳ он аст, ки аз худ нақши хайре, осоре боқӣ бигзорад. Сафарҳои кории Ҳусейни Назрулло ба Афғонистон боиси пайдо гаштани як силсила асарҳои публитсистӣ-бадеӣ мегардад. Дар кишвари ҳамсоя на танҳо кор мекунад, балки бардошт­ҳои худро рӯи сафҳа меорад. Маҷмӯаи «Афғонистон: оташ дар хонаи ҳамсоя» маҳсули мушоҳидаҳо ва хотироти ӯст, ки соли 2008 нашр шудааст. Китоби дигари ӯ «Шикасти афғон» ном дошта, муаллиф кӯшидааст ҳар чизеро, ки аз рӯзгори он мардум дидааст, суннатҳои зиндагияшонро мушоҳида кардааст, инъикос намояд. Ин китоб ба хонанда на танҳо дар бораи афғонистониён маълумоти ҷолиб медиҳад, балки корнамоиҳои сарбозони тоҷикро дар сангарҳои хунин ба тасвир мекашад. Бо хондани асарҳои зикр­шуда симои Ҳусейни Назрулло на танҳо чун тарҷумон зоҳир мегардад, балки чун публитсисти оташинсухан хонандаро бо таърихи як давраи мушаххаси Афғонистон шинос месозад.

Вақте ба зиндагӣ, кор ва осори Ҳусейни Назрулло ошно мешавед, мебинед, ки ӯ, пеш аз ҳама, журналист аст, журналисти муҳаққиқ. Ӯ ба ҳар мавзуе, ки рӯ овардааст, онро омӯхта, тамоми паҳлуҳояшро санҷида, он гоҳ ба қалам додааст. Аз ҷониби дигар, ӯ дар офаридани симои қаҳрамонони асарҳояш маҳорати хос нишон медиҳад, шахсият, кору пайкори онҳоро ҳамаҷониба меомӯзад, сипас барои хонанда бозгӯ мекунад. Достони зиндагии қаҳрамонони асарҳои ӯ мояи ибратанд. Одамони одӣ, вале машҳур, мардону занони содадил, вале покниҳоду содиқ.

Ҳусейни Назрулло дар китоби «Фотеҳони Чӯли Мирзо. Замини Акбар» дар бораи Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, депутати Шурои Олии ИҶШС, узви комиссияи тафтишотии КМ ПК Тоҷикистон Акбар Ҳоҷимуродов менависад. Муаллиф симои инсонеро инъикос кардааст, ки умри худро сарфи бунёдкориҳо ва хидмат ба халқу Ватан кардааст. Инсоне, ки манфиати давлату миллатро аз манфиати шахсиаш боло мегузорад, шабу рӯз дар андешаи ҷомеа аст. Хушбахтии худро дар хушбахтии халқ мебинад.

Офаридани симои ин гуна шахсиятҳо дорои аҳамияти хос аст. Муаллиф ба ин васила ба хонанда талқин мекунад, ки зиндагии шоиста ба инсон вақте даст медиҳад, ки дарк бинмояд «ибодат ба ҷуз хидмати халқ нест».

Дар асарҳои «Роҳи муқаддас» (бо ҳаммуаллифии Ҷамол Маҳкам) ва «Накӯниҳод» низ Ҳусейни Наз­рулло симоҳоеро офаридааст, ки намунаи ибратанд. Роҳи тайкардаи яке аз нахустин омӯзгорон дар Осиёи Миёна, поягузори Акаде­мияи илмҳои Ӯзбекистон, омӯзгори хизматнишондодаи РСС Тоҷикис­тон аз Истаравшан Маҳкамҷон Юлдошев ва муҳандис Ғаниҷон Носиров таъсирбахшу хотирмон аст. Инсонҳо ва тақдирҳо, нокомиҳою комгориҳо, ҳадафманд зистан, аз худ гузаштанҳо, муборизаҳо ҳақиқати зиндагии қаҳрамонони асарҳои мазкуранд.

Ҳусейни Назрулло журналист-муҳаққиқ аст. Вай набзи замонро хуб ҳис мекунад, бори ба дӯшаш афтидаро бо эҳсоси масъулият мебардорад, вазифаи худро дар баробари миллату давлат аз дилу ҷон ба ҷо меорад. Ин ҷо мехоҳам се асари пурарзиши ӯро ёдрас шавам, ки на танҳо аз назари мазмуну муҳтаво ҷолибанд, балки ҷойгоҳ ва мавқеи муаллифи худро хеле барҷаста нишон медиҳанд. Инҳо китобҳои «Истаравшан — 2500», «Баракати Истиқлол» ва «Истаравшан дар партави Истиқлол» ҳастанд. Асари «Истаравшан-2500» дар бораи таърихи мухтасари Истаравшан, ҷидду ҷаҳд ва талоши зиёиён, олимону донишмандони ҷумҳурӣ оид ба ҷашнгирии 2500-солагии Истаравшан, тавсеаи корҳои созандагию бунёдкорӣ ва омодагӣ ба ҷашн навишта шудааст. Ин китоб донишномаест, ки зери назари академик, доктори илми таърих, профессор Аҳрор Мухторов ва муҳарририи доктори илми фалсафа, профессор М. Ҳазратқулов ба зевари табъ ороста гардидааст.

Асари мазкур барои омӯзиши таърихи як гӯшаи хоки Тоҷикистон, яъне Истаравшани бостонӣ, муҳим аст. Навиштани ин гуна асарҳои хусусияти донишномаидошта кори душвор буда, аз муаллиф дониш, малака ва сабру таҳаммул тақозо менамояд.

Чун сухан аз донишноманависӣ рафт, ёдрас шудани ин нукта ба маврид аст, ки Ҳусейни Назрулло бо ҳаммуаллифии академик Кароматулло Олимов ва профессор Муҳаммадқул Ҳазратқулов китоби «Донишномаи Истаравшан»-ро навиштаанд.

Асарҳои зикршуда ва китобҳои дигаре, ки овардани исмашон ба дарозо мекашад, гувоҳи онанд, ки Ҳусейни Назрулло эҷодкори пуркор аст. Вай наметавонад лаҳзае фориғ аз кор нафас кашад, худро осуда ҳис кунад. Хушбахтии ӯ дар заҳмати пайвастаи ӯст.

Фаъолияти журналистии ин марди наҷиб аз радиои «Тоҷикис­тон» оғоз мешавад. Корро аз идораи барномаҳои ҷавонии радио сар карда, то ба вазифаи сармуҳаррири студияи «Фурӯғи Ориёно» — Идораи барномаи дуюми радиои «Тоҷикистон» месаб­зад. Қаҳрамони матлаб аз соли 2004 то соли 2019 хабарнигори махсуси нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Садои мардум» дар вилояти Суғд буд. Ӯ дар ин давра тамоми соҳаҳои ҳаёти вилоятро дар рӯзнома ин­ъикос намуд.

Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон низ ҳаст. Ҳунару истеъдоди нависандагии ӯ кайҳост, ки маълуму машҳур гаштаю мухлисону хонандагони худро дорад. Фаъолияти пурсамари ин журналист ва адиби маъруф бо нишону медал ва ифтихорномаҳо қадр шудаанд. Ӯ барандаи Ҷоизаи журналистони Тоҷикистон ба номи А. Лоҳутӣ, Ҷоизаи журналистони вилояти Суғд, дорандаи «Нишони сухан»-и Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва нишонҳои аълочии матбуоту фарҳанги ҷумҳурӣ мебошад.

Ҳусейни Назрулло чун чароғи пурфурӯғи маърифат ба давру бари хеш равшанӣ мебахшад. Ин эҷодкори пурдону пуркор имрӯз дар айни камолоти эҷодист. Ишқи дили ӯ сурудани бунёдкориҳою парвози симурғи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аст.

ВОРИС,

«Садои мардум»