Роҳи пуршебу фарози Артиши миллӣ

№28 (4611) 22.02.2023

Аз Қасри Арбоб то қуллаи шараф

23 февралДар муддати 30 сол Артиши миллӣ борҳо аз имтиҳонҳои сахти давлатдорӣ гузаштааст. Албатта, то ба ин сатҳ ташаккул ёфтани Қувваҳои Мусаллаҳ, агар аз як тараф, фароҳам овардани шароити мусоид аз ҷониби Ҳукумат бошад, аз ҷониби дигар, дар дуруст ва сари вақт таҳияву қабул кардани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аст. Ҳанӯз соли 1992 дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари тасдиқи муқаддасот ва рукнҳои давлатдорӣ, инчунин барои идораи минбаъдаи давлат ва танзими як қатор соҳаҳо заминаи ҳуқуқӣ гузошта шуд.

Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зарфи 30 соли фаъолият роҳи пуршебу фарозеро тай кардааст. Аз норасоии иншооту техникаи ҳарбӣ то камбуди кадрӣ, аз вазъи ногувори кишвар то нобоварии мардум, аз мавҷуд набудани замина то мушкилоти фазову муҳит. Хушбахтона, ҳоло бо тай кардани чунин ноҳамворӣ мавқеи Артиши миллӣ яке аз баландтаринҳо дар минтақа буда, қудрати ҳалли мушкилиҳои дохиливу беруниро соҳиб аст.

Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон неруест, ки 30 сол боз ҳар як ваҷаби Ватани азизамонро аз ҳама гуна хавфу хатар ҳифз карда истодааст. Фаромӯш накардаем, ки Қувваҳои Мусаллаҳи кишварамон баъди якуним соли ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, дар марҳилаи ниҳоят вазнин ва ҳассоси таърихӣ, дар шароите таъсис дода шуд, ки бақои давлати мустақили тоҷикон таҳти хатари ҷиддӣ қарор дошт. Дар он рӯзҳои бисёр мушкил ва ҳассосу тақдирсоз барои таъсиси сохторҳои низомӣ ягон заминаи воқеӣ мавҷуд набуд. Аксар бовар надоштанд, ки дар он шароити вазнин — касодии иқтисодӣ ва вазъи ниҳоят ноороми сиёсӣ, таъсиси Артиши миллӣ имконпазир бошад, зеро баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ дар байни понздаҳ ҷумҳурии собиқи он Тоҷикис­тон ягона давлати соҳибистиқлол ба шумор мерафт, ки аз Артиши шӯравӣ чизе мерос нагирифт. Дар ҳоле ки дигар ҷумҳуриҳо қисмҳои ҳарбии дар қаламравашон ҷойгирбударо бо тамоми техникаи ҳарбӣ ва муҳимоту лавозимоти ҷангӣ миллӣ гардонида, соҳиби артиш ва дигар сохторҳои низомӣ шуданд.

Ҳукумати мамлакат аз рӯзҳои аввал хуб дарк мекард, ки давлат бидуни Қувваҳои Мусаллаҳ ва неруи таъминкунандаи амнияту суботи мамлакат вуҷуд дошта наметавонад. Чунончи, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон бахшида ба 20-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карданд: «Рӯзҳои нахус­тини таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ барои давлати ҷавони мо давраи ниҳоят душвор буд. Нарасидани техника, силоҳу муҳимоти ҷангӣ ва одитарин ҷузъиёти ҳарбӣ, аз қабили сарулибос ва ҷойи хоби афсарону аскарон ҳар лаҳза эҳсос мешуд. Бо вуҷуди ҳамаи ин норасоиву мушкилот 23-юми феврали соли 1993 аввалин паради ҳарбии Артиши миллӣ доир шуд ва афсарону сарбозони содиқу ватандӯст — ҷавонмардоне, ки бевосита ба хотири истиқрори сулҳ ва қатъи хунрезӣ сина сипар карда буданд, бо ифтихору эҳсоси баланди миллӣ аз он гузаштанд».

Яъне, метавон гуфт, ки Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар бо роҳбарии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сифр бунёд шуд. Аз сифр техника пайдо шуд. Аз сифр хизматчиён ҷалб шуданд. Аз сифр ба имрӯз расонида шуд. Ҳамин аз сифр оғоз карданҳо буд, ки пеш аз паради ҳарбӣ 14-уми феврали соли 1993 вазири мудофиаи вақт сокинони кишвар, хусусан ҷавононро барои пайвастан ба артиш ва дар ҳифзу нигоҳдории Ватан саҳм гузоштан тариқи воситаҳои ахбори омма даъват карда буд.

Далели раднопазир аст, ки ҳанӯз дар солҳои аввали таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ ба дӯши он якҷо бо дигар мақомоту сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ вазифаи басо бузург ва масъулияти ниҳоят муҳим — таъмин кардани субот ва амнияти кишвар вогузор гардид. Яъне, дар баробари дигар мушкилот, набояд фаромӯш кард, ки соли 1993 дар кишвар ҷанги бародаркуш идома дошт ва барои ҳар сарбозу афсар хатар даҳчанд эҳсос мегашт.

Хушбахтона, Қувваҳои Мусаллаҳ аз он рӯзҳои вазнин сар карда, дар барқарор кардани сохти конститутсионӣ ва мубориза бар зидди дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткор, ошӯбҳои хиёнаткорона, кӯшишҳои табаддулоти ҳарбии хоинони миллат ва ҳифзи сарҳади давлатӣ хизмати фидокоронаро анҷом дод.

Пас аз ташкили Қувваҳои Мусаллаҳ Ҳукумати мамлакат бо мақсади ҳар чӣ зудтар ба эътидол овардани вазъияти кишвар ба ташкили воҳидҳои зарурии низомӣ, аз ҷумла қӯшунҳои хушкигард, зудамал, дохилӣ, қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ, Гвардияи миллӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ва таъминоти онҳо бо иншоот, техника ва лавозимоти ҳарбӣ, инчунин тарбияи кадрҳои соҳиб­ихтисос кӯшиш карда, сарфи назар аз душвориву мушкилоти зиёд ҳалли ин масъалаҳоро тадриҷан таъмин намуд. Дар натиҷа, Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба низоми комилан ташаккулёфта табдил дода шуд.

Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон бо дарки зарурати ҳалли проблемаҳои хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои низомӣ баробари таъмин гардидани суботи сиёсӣ ҳамаи имконияти мавҷударо ба хотири фароҳам овардани шароити мусоид ва муосир равона карда, ин роҳро идома дода истодааст.

Дар солҳои аввали таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ на танҳо аз камбуди бинову дигар инфрасохтори хусусияти ҳарбидошта, техникаву лавозимоти ҷангӣ, балки аз норасоии кадрҳо низ шадидан танқисӣ мекашидем. Марказ ва донишкадаҳои махсусро барои тарбия ва омода сохтани кадрҳои низомӣ надоштем. Бо дарназардошти талаботи соҳа тарбияи кадрҳои низомӣ дар мамлакат бо таъсиси Коллеҷи олии ҳарбӣ, ки баъдан ба Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа табдил дода шуд, Омӯзишгоҳи олии сарҳадӣ, Мактаби олии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Академияи Вазорати корҳои дохилӣ ба роҳ монда, ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ бо мутахассисони зарурӣ то андозае таъмин карда шуд. Дар баробари ин, дар як қатор муассисаҳои олии касбӣ кафедраҳои ҳарбӣ таъсис ёфтанд, ки донишҷӯёни соҳаҳои гуногунро дар равияҳои гуногуни низомӣ омода менамоянд. Ҳар сол садҳо нафар аз донишгоҳҳои гуногун кафедраҳои мазкурро хатм карда, дар машқҳои якмоҳаи тайёрии ҳарбӣ иштирок мекунанд ва барои ҳифзи марзу буми кишвари соҳиб­истиқлолу соҳибихтиёрамон омода мешаванд. Инчунин, давоми 30 соли охир ҳазорҳо нафар дар муассисаҳои олии ҳарбии давлатҳои хориҷа таҳсил намуда, ба Ватан баргаштанд ва ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ шомил шуда, рисолати фарзандиро дар назди Модар-Ватан сарбаландона иҷро карда истодаанд.

Ҳоло Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат ифтихори давлату халқи Тоҷикис­тон аст. Дар муддати 30 сол Артиши миллӣ борҳо аз имтиҳонҳои сахти давлатдорӣ гузаштааст. Албатта, то ба ин сатҳ ташаккул ёфтани Қувваҳои Мусаллаҳ, агар аз як тараф, фароҳам овардани шароити мусоид аз ҷониби Ҳукумат бошад, аз ҷониби дигар, дар дуруст ва сари вақт таҳияву қабул кардани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аст. Ҳанӯз соли 1992, боз ҳам дар ҳамон Иҷлосияи тақдирсози миллат — Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, дар баробари тасдиқи муқаддасот ва рукнҳои давлатдорӣ, инчунин барои идораи минбаъдаи давлат ва танзими як қатор соҳаҳо заминаи ҳуқуқӣ гузошта шуд. Аз ҷумла, бори аввал лоиҳаи қонунҳо «Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи мудофиа» ва «Дар бораи уҳдадориҳои умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» таҳия, муҳокима ва тасдиқ шуданд.

Солҳои минбаъда, раванди такмил додани қонунгузории соҳаи ҳарбӣ давом ёфта, якчанд қонуни дигар қабул ва мавриди амал қарор дода шуд. Имрӯз, ҳамчунин, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи разведкаи ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ», «Дар бораи силоҳ», «Дар бораи фармоиши давлатии мудофиавӣ», «Дар бораи омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбарӣ», «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ», «Дар бораи савгандёдкунии тантанавии хизматчиёни ҳарбӣ барои садоқат ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ҳолати ҷангӣ» ва даҳҳо қонуну санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар, аз ҷумла фармону амрҳои Президенти мамлакат ва қарору фармоишҳои Ҳукумат қабул шудаанд, ки онҳо асосҳои сиёсати давлатро дар соҳаи мудофиа, ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, инчунин ҳимояи ҳуқуқӣ ва иҷтимоии хизматчиёни ҳарбиро танзим мекунанд.

Дар натиҷа, сол аз сол Артиши миллӣ рушд кард ва дар баробари таъмини сулҳу субот дар кишвари азизамон, ба ҳимоя ва ҳалли масоили байналмилалӣ камар мебандад. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳоло яке аз артишҳои муваффақи минтақа маҳсуб ёфта, дар доираи ҳамкориҳои байналмилалии низомӣ дар машқҳои муштараки фармондеҳиву ситодии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мус­тақил, Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Созмони ҳамкории Шанхай фаъолона иштирок намуда, қобилияти баланди омодагии ҷангиро собит месозанд ва дар айни замон маҳорат ва таҷрибаашонро дар ин самт такмил медиҳанд.

Дар ин замина, баробари рушди иқтисоди мамлакат барои боз ҳам беҳтар кардани шароити кору зиндагии хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамаи чораҳои зарурӣ амалӣ карда шуданд, чунки ғамхорӣ нисбат ба хизматчиёни ҳарбӣ, пеш аз ҳама, ғамхорӣ ба давлату миллат аст ва Ҳукумати кишвар ин масъаларо хуб дарк мекунад.

Хулоса, халқи Тоҷикистон дар симои Қувваҳои Мусаллаҳ ҳомиву муҳофизи боэътимодро мебинанд ва дилпурона бо роҳи бунёдкориву созандагӣ пеш мераванд. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар суханронӣ ба муносибати 29-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон 23-юми феврали соли 2022 изҳор дош­танд: «Мо бо афсарону сарбозони далеру ҷасури Қувваҳои Мусаллаҳи давлати соҳибистиқлоли худ, ки фарзандони миллати соҳибмаърифату тамаддунсоз ва ободгару созандаи тоҷик мебошанд, ифтихор мекунем.

Мо аз саҳми басо арзишманди ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва собиқадорон дар ҳимояи истиқлолу озодии Ватан ва дастовардҳои бузургу таърихии халқамон – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, ҳифзи марзҳои муқаддаси давлати тоҷикон, таъмини амнияти давлат ва халқи Тоҷикистон ҳамеша ­сипосгузорем».

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ,

«Садои мардум»