Достон
Раҳкушоӣ — пешаи аҷдоди мо,
Раҳкушоӣ — шеваи марди Худо.
Раҳкушоӣ ҳаст бас кори савоб,
Ҳамчуноне ташнаеро додан об.
Роҳ мардумро ба манзил мебарад,
Меҳрро аз дил ба як дил мебарад.
Васл созад роҳ дилҳоро ба ҳам,
Меҳрҳои тозае бинмуда зам.
Халқҳоро дӯст бо ҳам мекунад,
Чун биҳиште рӯи олам мекунад.
Роҳ дунёро ба ҳам меоварад,
Раҳ аламҳоро зи дилҳо мебарад.
Роҳ дилҳоро ба ваҳдат оварад,
Бар саодат, бар муҳаббат оварад.
Корвонро роҳ бошад мисли ҷон,
Одамонро мебарад то ошён.
Фарқ бошад роҳро аз бераҳӣ,
Роҳ- пайғом, мужда ҳасту огаҳӣ.
Мардум аз раҳ ризқ пайдо мекунад,
Рӯзгоре рӯ ба боло мекунад.
З – ибтидо ҳар одами бероҳаро,
Хуш надорад одамӣ дар ҳар куҷо.
Чунки ӯ аз роҳи Ҳақ берун шудаст,
Дар гапи Аҳримани малъун шудаст.
Марди раҳ бошад зи мардони Худо,
Лозим ояд, ҷони худ созад фидо.
* * *
Дар гузашта халқ буд андар азоб,
Аз лиҳози бераҳию вазъи об.
Роҳҳо буданд дар ҳоли хароб,
Ҷони кас месӯхт андар офтоб.
Дар миёни даштҳои ташналаб,
Раҳгузарро ҷон ҳамеомад ба лаб.
Мурда мемонданд андар роҳҳо,
Солҳою ҳафтаҳою моҳҳо.
Пой дар роҳ халқ рӯзону шабон,
Роҳ мерафтанд бо бори гарон.
Роҳзанҳо чун балои осмон
Дар ҳуҷум буданд таври ногаҳон.
Ҳар яке молу заратро мерабуд,
Ҳеҷ илоҷу чорае дигар набуд.
Танг гардад ҳар қадар роҳи нафас,
Мешавад он гуна бад аҳволи кас.
Монда буд гӯё ба зиндони калон,
Халқ дар байни замину осмон.
Не касеро буд парвое ба кас,
Пуштибону ҳомию фарёдрас.
Маркабу аспу шутур будию бас,
Фитнаю хайлу бало аз пешу пас.
Сарфи раҳ мегашт умри одамӣ,
Ҳайфи роҳи пур зи печию хамӣ.
Роҳсозӣ дар замони шӯравӣ,
Касб кардӣ шеваю сози наве.
Роҳ пайдо гашту худрав нақлиёт,
Роҳ ҳатто то ба сӯи коинот.
Буд баски давлати хеле калон,
Фурсати кам дошт бар ину бар он.
Дастнорас, деҳаҳои дурдаст
Вазъи нохуш доштанду сатҳи паст.
Сохт дигар гашту дунё шуд дигар,
Хӯрд барҳам ногаҳ ин мулки абар.
Тоҷикистон соҳибистиқлол шуд,
Ҷои беҳ гаштан батар аҳвол шуд.
Тоҷикистон соҳибистиқлол шуд,
Сад дареғо, фитнаю ҷанҷол шуд.
Гашта ҳар ободие вайронае,
Ҷанг мекарданд чун девонае.
Роҳҳои буда ҳам вайрон шуданд,
Одамон саргаштаву ҳайрон шуданд.
Роҳ баста дар сари ҳар як қадам,
Чун дари кошонаҳо бар рӯи ҳам.
* * *
Дар забони мо зи ҳар вожа дигар,
Истифода роҳ гардад бештар:
Рост роҳу роҳи хубу роҳи бад,
Роҳи ҷаҳлу роҳи илму маърифат.
Роҳи андар зиндагӣ тақдирсоз,
Роҳи бар рӯи ҳама ҳамвора боз.
Роҳи наздику раҳи бисёр дур,
Роҳи нуру роҳи чун зулмоти гӯр.
Роҳи ҳамвору раҳи нармею тахт,
Роҳи вайрону раҳи бисёр сахт.
Роҳи уммеду раҳи бахту наҷот,
Роҳи бахту орзу, роҳи ҳаёт.
Шоҳроҳу роҳҳои зиндагӣ,
Роҳи сулҳу дӯстӣ, созандагӣ.
То ба кӯҳу осмонҳо роҳ аст,
Роҳ, ҳатто то ба сӯи моҳ аст.
Ҳаст роҳе, ки надорад оқибат,
Нест онро бар касе ҳам маслиҳат.
Ҳаст роҳи бехатар, пур аз хатар,
Ҳаст роҳи фитна, раҳҳои дигар.
Ҳаст роҳи саҳв ҳам роҳи хато,
Ҳаст роҳи хоси мардони Худо.
Роҳи узру тавбаю роҳи гунаҳ,
Роҳҳое, ки Худо дорад нигаҳ.
Роҳи адлу одаму одамгарӣ.
Ҳақшиносӣ, роҳи инсонпарварӣ.
Роҳи ору нангу виҷдону шараф,
Нақшаю омолу армону ҳадаф.
Роҳи хизмат баҳри ҳар як марду зан,
Роҳи мурдан дар пайи ҳифзи Ватан.
Роҳи касбу пешаю кору ҳунар,
Роҳи монда пой бобою падар.
Ҳаст роҳе аз миёни сангу гил,
Ҳаст роҳе — ном дорад роҳи дил.
* * *
Чун сухан аз роҳ бинмудем сар,
Низ бояд дошт инро дар назар.
Расми хубе ҳаст — бо меҳру умед,
Хостан бар ҳамдигар «Роҳи сафед!»
Ҷумлаи ободӣ аз раҳ мешавад,
Сабз дашту водӣ аз раҳ мешавад.
Роҳ пайдо, бор пайдо мешавад,
Бор пайдо, кор пайдо мешавад.
Роҳу кору бор дар якҷоягӣ
Ҳаст моро ифтихори зиндагӣ.
Раҳ ҳазорон мушкил осон мекунад,
Сад ҳазорон дард дармон мекунад.
Молу ҳолу пул фаровон мекунад,
То зи шири мурғ бар хон мекунад.
Нарх пасту мол арзон мекунад,
Одамонро шоду хандон мекунад.
Сар, ки бошад, тоқӣ пайдо мешавад.
Роҳ бошад, боқӣ пайдо мешавад,
Роҳ бошад сарҳисоби зиндагӣ,
Раҳ ҳавою обу нони зиндагӣ.
Роҳ ҳасту зиндагию кор ҳаст,
Одамиро нақшаи бисёр ҳаст.
Раҳ нишот асту мамот асту ҳаёт,
Роҳату осудагӣ, сулҳу субот.
* * *
Ваҳ, чӣ зебо, қад – қади шаҳроҳҳо,
Сабз созанд аз Худо огоҳҳо.
Арчаю беду сафедоре дигар,
Соябахше бар сари ҳар роҳгузар.
Некӣ орад боз некиҳо ба бор,
Гул зи гул рӯяд, зи хор, албатта, хор.
* * *
Борҳо аз боиси бадхоҳҳо,
Баста моро гашта будӣ роҳҳо.
Монда дар байни замину осмон,
Рӯй бар раҳми Худои меҳрубон.
Шуста роҳи мо гаҳе борони сел,
Тармахамбию хӯрдан санг ғел.
Борҳо дар роҳҳо вақти гузар
Ҷони мардум монда дар зери хатар.
Дар зимистон баста мешуд роҳҳо
Тӯли чандин ҳафтаҳою моҳҳо.
Бар ҷарӣ афтода ҳатто одамон,
Аз каме беэҳтиётӣ ногаҳон.
Дар диёри камзамини кӯҳу санг,
Ағбаҳову гардиши бисёру танг.
Раҳкушоиҳои мардони Худо
Қаҳрамонӣ ҳаст бе чуну чаро.
Бо шарофатҳои Истиқлол мо,
Пар баровардем, парру бол мо.
Роҳҳо баски тайи садсолаҳо,
Буда лозим ҳамчунон обу ҳаво.
Гушна монда, роҳ аммо сохтем,
Парчами пирӯзиҳо афрохтем.
Тоза гӯё карда мо роҳи нафас
Аз ғубору гарду чангу хору хас.
Шуд ҳавои тозае моро насиб,
Атрбӯю бениҳоят дилфиреб.
* * *
Он ки мегуфт аз мусалмонӣ сухан,
Ҳеҷии дунёю аз гӯру кафан.
Роҳи халқи як вилоятро бубаст,
То бимонад мардумаш бепою даст.
Шукри Эзид бо ҳама ин қасдҳо,
Душманию фитнаю бунбастҳо.
Боз роҳи хешро дарёфтем,
Дар дили кӯҳ нақбҳо бишкофтем.
Нест осон васл ҳар як порае,
Пок кардан ашк аз рухсорае.
Ё гирифтан дасти як бечорае,
Рафтаю овардани оворае.
Ё зи нав бигрифта давлат сохтан,
Парчами номусу нанг афрохтан.
Фарқ кардан бурдро аз бохтан,
Неку бадро дидаю бишнохтан.
Раҳбари давлат миёнро баст сахт,
Ёфт роҳу корҳоро кард тахт.
То ҳаёти халқ некутар шавад,
Ошно бо вазъи баҳру бар шавад.
Тоҷикистон то раҳо аз бунбаст
Ёбаду пирӯзиҳо орад ба даст.
Раҳбари донои мо, Эмомалӣ,
Бо дили дарёи мо, Эмомалӣ.
Бас сафарҳо кард бо амри Ватан,
Бо супоришҳои қалби хештан.
Дӯстонро пурсуҷӯ бинмуд ӯ,
Бо муҳаббат гуфтугӯ бинмуд ӯ.
Роҳ ҷусту корҳоро пеш бурд,
Ӯ ба қавле ёфт қалбу қанд хӯрд.
Корро дар ҷабҳа ӯ ҷоннок кард,
Қалби кӯҳ чун Кӯҳкан бас чок кард.
Нақб канду роҳҳо бунёд кард,
Шаҳрҳою деҳаҳо обод кард.
Пӯлҳо ӯ сохт дар болои Панҷ,
Бо ҳазорон нақшаю уммеду ранҷ.
Аз Душанбе – Қулма то Қароқурум,
Сарҳисоби мошин акнун аст гум.
Саҳлу роҳат гашта дар айни замон
Одамонро рафтани Боми ҷаҳон.
Дар ҷанубу дар шимоли мамлакат,
Роҳҳо гӯянд моро «Марҳамат!».
Меҳмононро басо «Хуш омадед!»,
Бар сафар мерафтаҳо «Роҳи сафед!».
То ба Чину Узбакистон боз шуд,
Роҳу дилҳо шод аз ин эъҷоз шуд.
Тоҷикистонро зи банд озод кард,
Нақшаҳои душманон барбод кард.
Офарин бар ҳиммати мардонааш,
Халқ нозад бо чунин фарзонааш.
Хонаи ободгар обод бод,
Рӯзгораш хуррамеву шод бод!
Ҳар кӣ меорад сафо бар хонае,
Халқ дар гирдаш шавад парвонае.
Эҳтиромаш карда чун фарзонае,
Ҳамчу мағзи нону мағзи донае,
Бишнавад ҳар кӣ садои халқро,
Рафъ месозад балои халқро.
Месазад ҳар як баҳои халқро,
Он ки мегирад дуои халқро.
Чун хирадмандею ҳамчун Пешво,
Миллати моро бувад ӯ раҳнамо.
Баҳри миллат хизмати бисёр кард,
Ҳам Ватанро тоза чун гулзор кард.
Ӯ на он кишваркушо Искандар аст,
Зулқарнай ё ки шоҳи Қайсар аст.
Ӯ на хоҳони ҳама баҳру бар аст,
Ӯ на он шоҳе, ду шохе бар сар аст.
Дил варо лабрези раҳму меҳр аст,
Ҳаст беҳад одами бикшода даст.
Чеҳра аз дил, дил зи чеҳра бозтар,
Хоксору содаю пурзебу фар.
Сулҳ, танҳо сулҳ бошад кори ӯ,
Ҳар сухан, ҳар кору ҳар пиндори ӯ.
Меҳани худро гулистон мекунад,
Пешрафта Тоҷикистон мекунад.
Раҳкушо, кишваркушо як чиз нест,
Қотилонро ҳоҷати гап низ нест.
Он агар қатлею ғорат мекунад,
Ин вале роҳу иморат мекунад.
Ин агар бахту саодат оварад,
Он диёреро ба ғорат оварад.
Дӯст дорад ин агар диловарӣ,
Кори он будӣ вале ғоратгарӣ.
Раҳкушоро дилкушодӣ роиҷ аст,
Дил кушоду чеҳраю бозую даст.
Раҳкушо аз дӯстдорони Худост,
Ростқалбу ростқавлу ройрост.
Раҳкушо, ки дар ғами инсонҳост,
Дар дилу дар дидаҳо якумр ҷост.
* * *
Тӯдае ҳай ҳоюҳӯе мекунад,
Чандрӯӣ, ҳовагӯӣ мекунад.
Ҳамчу занҳо шишта ғайбат мекунад,
Заҳр андар ҷоми шарбат мекунад.
Субҳ то шом айбҷӯӣ мекунад,
Хоиниҳою адӯӣ мекунад.
Некие нокарда махлуқони бад,
Бар дигарҳо мебаранд умре ҳасад.
* * *
Мераванд ин солҳо думболи ҳам,
Қадр созад насли баъдии Аҷам.
Метавонистаст тоҷик сохтан,
Хубтар худро зи нав бишнохтан.
Сулҳи эҳё кардаи Эмомалӣ,
Мулки зебо кардаи Эмомалӣ.
Роҳҳои сохтаи бо юмни ӯ,
Парчами афрохтаи бо юмни ӯ.
Нақбҳои кандаи Эмомалӣ,
Шодии пурхандаи Эмомалӣ.
Корҳои кардаи Эмомалӣ,
Ваҳдати овардаи Эмомалӣ.
Мактабу бунгоҳ, донишгоҳҳо,
Кӯдакистонҳою дармонгоҳҳо.
Боғҳо, гулгаштҳо, фаввораҳо,
Дар талу дар теппа, дашту бораҳо.
Нобҳое, аз азал нобоҳо,
Ё ки рӯҳан андаке нотобҳо…
Арҷ бояд, ки гузошт, эй дӯстон,
Бар ҳама ин заҳмату ранҷи гарон.
Лоиқи арҷ асту иззу эҳтиром,
Ёфта раҳ бар дили хосею ом.
Пешво — Эмомалӣ Раҳмони мо!
Раҳкушою раҳбари даврони мо!
МирзоРУСТАМЗОДА, «Садои мардум»